Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БА СЕГОНИКҲО МОШИН ЛОЗИМ!(МӢ?)

Дар деҳаи Миронқул таваллуд шудани сегоникҳо дар ҳама ҷо паҳн шуд. Вале пас аз 23 рӯзи ба дунё омадани хоҳаракон Фотимаву Хадича ва Кибриё вафот кардани модари ҷавон - Меҳрубон Иззатова дилҳоро реш кард. Бо мақсади шинос шудан аз вазъи саломатии тифлакон ва шунидани муаммову рози дили парасторон ба хонаи онҳо роҳ пеш гирифтем. Раҳораҳ оиди душвории таъмини хӯроки навзодҳо, хобу парвариши онҳо андеша мерондем...

Дарвозаро ба рӯямон модаркалони сегоникҳо Зӯҳро Боймуҳаммедова кушод. Пас аз шунидани мақсадамон моро ба дарун таклиф намуд. Аз курсиву кӯрпачаҳои дарвозахона маълум буд, ки ҳанӯз маъракаҳои азодорӣ дар ин хонадон давом дорад.
- Ҳар рӯз инсонҳои гуногун бо ҳар хел мақсад дарвозаамонро мекӯбанд, - баъди аз хараки дарвозахона ҷой гирифтанамон гуфт Зӯҳроапа. - Яке мегӯяд, ки бефарзанд асту яке аз набераҳоямро калон карданист. Дигаре арз мекунад, ки ду духтаракро ба фарзандӣ қабул мекунад.
- Фарзандҳоямро ба ҳеҷ кас намедиҳам, - аз дарвоза даромад марде.
- Писарам, инҳо аз идораи рӯзнома. - моро шиносонд модараш. - Мепурсанд, ки чӣ муаммо дорем?
- Узр, ҳанӯз касе оиди муаммо напурсида буд. Ҳама гӯш ба қимор, ки ман чӣ кор карданӣ ҳастам. Ҳатто дар маросими дафн яке аз хешовандони наздикамон гуфт, ки ҷигарбандонамро ба "Хонаи меҳрубонӣ" супорам. Барои парвариши бачаҳо ҳамшираи шафқати соҳибтаҷрибаро вобаста мекарданд, хуб мешуд.
- Ҳоло парвариши сегоникҳо бар дӯши кист?
- Ҳамроҳи қудоям - модари Меҳрубон бачаҳоро калон мекунем. Духтаронам бо навбат омада, ба мо ёрӣ мерасонанд. Аз поликлиникаи ноҳия мудири шӯъбаи бачагона Фарида Қосимова низ тез-тез хабар мегиранд. Шукр, саломатии бачаҳо нағз.
- Хабардорем, ки ҷонишини ҳокими ноҳия, раиси кумитаи занону духтарон Зулфия Рофиева ба дидани сегоникҳо омадаанд...
- Ҳа, омаданд, - гуфт падари бачаҳо Алишер Азизов. - Се дона белинчаку памперс оварданд. Гуфтанд, ки барои таъминоти хӯроку баъзе чизҳои лозимаи бачаҳо ҳомӣ меёбем. Ман рад намудам, ки ниёзманди садақа нестам. Ба воситаи интернет хабар ёфтам, ки ба оилаи сегониктавлидшуда мошин додаанд. Ман ҳам мехоҳам мошин ё хона гирам. Ин барои ояндаи фарзандонам зарур аст. Агар мошинам мебуд, шояд ҳамсарам намемурд...
- Узр, ба захми дилатон нохун заданӣ набудем. Худатон,ки маҷрои суханро ба сабабҳои фавти ҳамсаратон бурдед, мо ҳам мехостем онро фаҳмем...
- Келинам - Меҳрубон ҳамшираи шифохонаи бемориҳои сил буданд, - гуфт Зӯҳроапа. - Сегоникҳо бо роҳи ҷарроҳӣ 17-уми декабри соли 2018 дар таваллудхонаи рақами 4-и шаҳр ба дунё омад. Яке 1 килою 600 грамм вазн дошту ду нафар 2 килою 600 граммӣ буданд. Рӯзи Соли нав дар хонадонамон хурсандиву хушбахтӣ ҳукмфармо буд.
- Меҳрубон фаҳмид, ки барои сегоникҳо мошин гирифтан мумкин, хеле хурсанд шуд, - иброз дошт Алишер. - Бо ин мақсад 7-уми январи соли 2019 хоҳиш намуд, ки ба қабули сайёр ва ҳокимияти ноҳия равем. Ҳамроҳ рафтем, вале мурод ҳосил нашуд. Рӯзи 9-уми январ аҳволаш вазнин шуд. Зуд назди ҳамсоя давидам, ки бо мошинаш ба шифохона барем. Тасфонидани мотори мошин ва дурии роҳ вақти зиёдро гирифт ва ҳаёти ҳамсарамро нигоҳ дошта натавонистем.
- Одатан мардуми мо ба давраи чилла риоя мекунад. Дар ин давр ба саломатии модару кӯдак эътибори алоҳида медиҳанд. Ба хонаи онҳо шахси бегонаро намедароранд...
- Духтурҳо таъкид намуда буданд, ки ҷанин калон шудааст, - иброз дошт Зӯҳроапа. - Ин ҳолат сабаби бармаҳал аз олам чашм пӯшидани келин гашт. Шукр, ки сегоникҳо ҳастанд. Худо онҳоро аз чашми бад нигоҳ дорад. Каме бошад, ҳам онҳо ғами моро дур мекунанд.
- Агар имкон бошад, мехостем бо модари Меҳрубон - Санобар Қосимова низ сӯҳбат кунем.
- Не, он кас назди бачаҳо, - гуфт Зӯҳроапа. - Гиря мекунанд, фишори хунашон баланд мешавад. Ман дар шифохонаи марказии ноҳия фаррош ҳастам. Аз ҷои корам таътили бемузд гирифтам, ки набераҳоямро парвариш кунам.
- Ташкилотҳои дахлдор шароити моро ба инобат гирифта, мошин ё хона медоданд, миннатдор мешудем, - иброз дошт Алишер.
- Соҳиби чанд нафар фарзанд ҳастед? - рӯ овардем ба Зӯҳроапа.
- Модари ду духтару як писарам, - ҷавоб дод ӯ. - Меҳрубон келини ягонаам буд. Наварӯси яксолаву якмоҳа зери хок шуд...
* * *
Дар шифохонаи бемории сил духтуру беморон дар хусуси Меҳрубон Иззатова суханҳои нек гуфтанд. Вале ҳеҷ кадоме намехост ному насабашро ошкор созем.
- Меҳрубон духтари чолок, хушмуомила ва дар ҳама кор фаъол буд, - боафсӯс гуфт ҳамкораш. - Ҳанӯз чилладор буду ба шифохона омад. Занҳои калонсол сарзаниш намуданд: аз хона баромадани арӯси навтавлидкарда мумкин не! Вай хеле хушбахт буд...
- Ҳанӯз рухсори банур, чашмони дурахшон ва лабони пуртабассуми Меҳрубон пеши назарам аст, - изҳори дил намуд яке аз беморон. - Исмаш ба ҷисмаш монанд буд. Он рӯз назди мо шоду хандон омада хитоб карда буд: "Модари се духтар шудам!" Ҳама табрик кардем. Дар назар солим менамуд. Пас аз чанд рӯз хабари маргашро шунида, шах шудам.
Хулоса, Меҳрубон меҳрубони ҳама буд. Гӯё ба ҷои худ се гулдухтаракро рӯи олам оварда, худ зери хок шуд. Аҷал орзуву ормони ӯро ба кунҷи лаҳад бурд. Чаро? Наход маҷбур карданд, ки соҳиби сегоник бояд соҳиби мукофот - хона ё мошин шавад?! Магар дар вилояти мо чунин шахсон каманд? "Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ!" фармудааст Рӯдакии бузург. Агарчӣ дарду алами наздикони Меҳрубони гуландаркафан аз ҳад зиёд аст, исрорашон, ки мошингирист, ба назар ғайриҳолат менамояд. Ба ин шумо чӣ мегӯед, хонандаи азиз?
Аниқтараш, ба ин мавзӯъ ҳатман бармегардем!
Бояд гуфт, ки дар арафаи чопи ин мақола Алишер Азизов дар қабули сайёри ҳокими ноҳия шуд. Ҳоким барои ҳалли муаммои ин оила эътибори ҷиддӣ дода, шахсони масъулро таъин намуд.
Оиди ин мавзӯъ фикру андешаҳои шифокорон, вакилони ҳокимият ва садорати ҳифзи тандурустиро умедворем.

Нормурод КАРИМЗОДА,
Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 22/02/2019 12:36;   Просмотров: 1054
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку