ё худ ба тарбияи фарзанди падару модараш ба хориҷрафта кӣ масъул?
Бо супориши идораи рӯзнома ба Иттиҳодияи тиббӣ рафтам. Мусоҳибамро дар толор интизор шудам. Пиразане ба паҳлӯям омада нишаст. Ӯ оҳи бадард кашида, гуфт:
- Инсон бо азобе фарзандонро ба камол мерасонад. Умед мекунад, ки ҷигарбандонаш дар дами пирӣ такягоҳу дастгираш мешаванду худ гашти пирӣ меронад. Наберабонӣ аз калон кардани фарзанди худ ҳам душвортар будааст. Писару келинам се фарзандашро наздам гузошта, ба кишвари хориҷа рафтанд.
- Бийиҷон, мо ҳар моҳ пул мефиристем, - гуфт писарам. – Шумо онро барои худ ва наберагонатон сарф кунед.
Ғарқи орзуҳои ширин ва маблағҳои ҳармоҳа ба таклифи писарам розӣ шудам. Пас аз рафтани онҳо бачаҳо тағйир ёфтанд. Духтараш дар гӯш аппарати телефонро монда, бо ким-киҳо гап мезанад. Писаракон то дер дар кӯча сайру бозӣ мекунанд. Насиҳат кор накард. Охир ба даст химча гирифта, ба пойи писарак задам. Рӯзи дигар келинам занг зада гуфт, ки бачаҳоро беҳуда наранҷонам.
Пас аз ин воқеа набераҳоям нахостанд, ки ман ҳамроҳашон дар як хона хобам. Ман дар хонаи алоҳида хоб мекунаму духтарак ва писараки хурдӣ якҷоя. Писари калонӣ бошад, ба хонаи дигар. Ӯ намегузорад, ки касе ба хонааш дарояд. Шабҳо хобам набурда, аз паси тиреза онҳоро назорат мекунам. Борҳо овози гуфтугӯ ба гӯшам расид. Гумон кардам, ки бо падару модараш гап мезанад. Баъд фаҳмидам, ки ин тавр набудааст. Духтарак бо ҷавоне гуфтугӯ мекардааст.
Рӯзе аз маъракае дер баргаштам. Ба хонаи наберагонам дароям, ҷавони ношинос ҳамроҳи наберагонам нишастааст. Ба ӯ гуфтам, ки агар нияташ ҷиддӣ бошад, хостгор фиристода, набераамро ба занӣ бигирад. Рӯзи дигар модар ва аммаи ҷавон ба хона омаданд.
- Мо ҳоло нияти хонадоркунии писарамонро надорем, - гуфт аммааш. – Агар хароҷоти тӯйро ба гардан гиред, камтар ёрӣ мерасонем. Духтаратон писарамонро дӯст медоштааст...
Замин накафид, ки дароям. Духтарак занг зада, розигии падару модарашро гирифтааст...
Назди тағояш рафтам, ки ҷиянҳояшро ба тартиб андозад. Ӯ рад намуд. Гуфт, ки масъулияти тарбияи фарзандони хоҳарашро бар дӯш намегирад. Хоҳараш ин корро аз ӯ хоҳиш нанамудааст.
Писаракон ҳар рӯз аз ман пул мепурсанд. Агар надиҳам, дашном дода мегӯянд, ки ин пулҳо азони онҳост.
- Агар пул надиҳед, шуморо ба падару модарамон мегӯем, - метарсонанд бачаҳо. – Баъд дар ҳама ҷо овоза мекунем, ки шумо моро мезанед. Ҳатто барои нон пул намедиҳед...
Имрӯз ҳам фишори хунам баланд шуда, сӯзандору гирифтам. Ҳар кас фарзандашро худаш саробонӣ кунад...
Ин гуна пиразанҳо бисёранд. Ҳар кадоме дар дил изтиробу андешае дорад. Саволе ба миён меояд: ба тарбияи фарзандони хориҷрафтагон кӣ масъул?
Дар зер фикри чанд нафарро меорем:
Шамсиддин ВАҲҲОБОВ, роҳбари маҳфили “Техникони ҷавон”-и Маркази “Баркамол авлод”-и ноҳия:
- Мувофиқи Қарори махсуси (рақами 175) Президенти Ҷумҳуриятамон ҳамкории оила, мактаб ва маҳалла ба роҳ монда шуд. Аз ин рӯ, ба тарбияи фарзанд ҳама масъуланд. Барои ба миён наомадани муаммоҳо ва ҳифзи ҳуқуқи бачаҳо падару модарон бояд пеш аз сафар ба шӯъбаи васигӣ ва ҳомигии назди шӯъбаи ташкил ва таъмини методии фаъолияти муассисаҳои таълими халқии маҳали худ бо ариза муроҷиат намоянд. Он ҷо шахсони масъул, масалан, модаркалон, хола ё амма ба тарзи расмӣ тарбияи бачаро бар дӯши худ мегиранд. Онҳо бар асоси шартнома корбарӣ мекунанд.
Ҳилола Ҳабибова, рӯҳшинос:
- Дар бисёр ҳолатҳо фарзанд на аз сарзаниши падару модар, балки аз дурии онҳо изтироб мекашад. Дар натиҷаи тадқиқот танҳо 55 фоизи падару модарон барои кор, боқимонда барои дилхушӣ ба хориҷа мераванд. Аз фарзанд дур будани падару модар ба тарбияи бача таъсири бад мерасонад. Бачаҳои хурдсол бояд ҳамеша назди падару модар қарор гиранд. Барои духтарон эътибори модари меҳрубон, барои писарон тарбияи падари сахтгиру қатъӣ зарур аст. Мувофиқи маълумоти статистика фарзанди дар оилаи номукаммал тарбиягирифта, дар бунёди оилаи солим ба муаммоҳо дучор меояд. Падару модароне, ки ба хориҷ мераванд, масъулияти тарбияи фарзандро бар дӯши дигарон мегузоранд. Фикру ёди онҳо ба бисёртар пул ёфтан ва ҳалли масъалаи иқтисодии оила банд мешавад. Дар ин ҳол фарзанд зарар мебинад. Агар хоҳед, ки фарзандатон дар ҳаёт мустақил бошаду дар ҷамъият мавқеи худро пайдо намояд, ҳамеша наздаш бошед. Аз вай меҳратонро дареғ надоред. Барои фарзандатон инсони намунавӣ шавед. Дар тарбияи фарзанд падару модар масъуланд!
Д.НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.