Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БАҲРИ ФАРОВОНИИ АҲОЛӢ

Чандест, ки ходимони бонку идораҳои масъул бо тарзи зисти ҳаёти аҳолӣ аз наздик шинос шуда, ба онҳо кредити боимтиёзро пешниҳод менамоянд.

Бо соҳибони ҳар хонадон вохӯрда, сӯҳбат менамоянд ва маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Дар бораи тарзи додани кредити боимтиёз мо бо мудири шӯъбаи кредит, ҷонишини идоракунандаи сардори Бонки халқии ноҳияи Самарқанд Шавкат ХУДОЙБЕРДИЕВ ҳамсӯҳбат шудем:

- Бигӯед, ки ҳангоми мулоқот бо халқ дар фаъолият чӣ гуна пешравиҳо ба амал омад?

- Шӯъбаи мо ба Ҷамоати шаҳрвандони Қӯлбаи поён вобаста карда шудааст. Дар сенздаҳ маркази маҳалла ҷамъомаду вохӯриҳо ташкил намудем. Бо вакилони 7 ҳазору 548 хонадон ҳамсӯҳбат гаштем. Дар натиҷа то имрӯз 72 нафар сокини маҳаллаҳо кредити боимтиёз гирифта, паррандапарварӣ, чорводорӣ ва гармхонаро ба роҳ монд.

- Ба мардум чорвою парранда аз ҷониби кадом хоҷагиҳо пешниҳод мегардад?

- Дар ноҳия се фабрикаи паррандапарварӣ ва 20 адад хоҷагии фермерӣ фаъолият дорад. Мо ба мизоҷон манзили онҳоро медиҳем. Мардум ба хоҷагӣ рафта, ҷонвари дилхоҳашро интихоб мекунад ва бо фермер шартнома мебандад.

- Барои гирифтани ин намуди кредит оё шахси кафил ё ба гарав мондани чизе зарур аст?

- Кредити боимтиёз бо иштироки ду нафар шахси кафил бар асоси маълумотномаи манзили зист ва шартнома бо хоҷагии фермерӣ дода мешавад. Ҳеҷ чизро ба гарав намемонад.

- Муддати пардохти кредит чанд сол аст?

- Барои ба роҳ мондани паррандапарварӣ ва гармхона дар муддати ду сол, чорводорӣ бошад дар мӯҳлати се сол кредит дода мешавад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити зисти мусоид ва таъмини фаровонии аҳолӣ кредити 9 фоиза қайд гардидааст.

- Киҳоро дар ин самт ҳамчун мизоҷи фаъол номбар карда метавонед?

- Сокини маҳаллаи Талибарзуи боло Шоҳрух Саидмуродов ба миқдори 14 миллиону 500 ҳазор сӯм кредит гирифта, парвариши ҳашт гови зотиро ба роҳ монд. Дамир Мирфозилов аз маҳаллаи Найзатепа бо аҳли оилааш чӯҷапоиро ташкил намуд. Ҳар рӯз шумораи хоҳишмандон меафзояд. Аҳолӣ аз ин қарори президентамон миннатдор.

Мусоҳиб Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 24/02/2017 11:50;   Просмотров: 1523
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку