Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БАРНОДИЛИ БЕДОРДИЛ

Воқеан, барои тавсифу баёни умри ҳафтодсолаи дӯсти ҳамқаламу ҳамқадам - Тошпӯлоди Раҳматуллоҳ асаре бояд навишт. Вале дар арафаи мавлудаш он чи ки мо рӯи коғаз меоварем, муште аз хирворест. Қаҳрамони мубориз, қавиҷуссаву зиндадил, пуркору пурғайрат, бебоку далери мо дар тӯли беш аз 50 соли журналистӣ пастиву баландиҳои зиндагиро бисёр дида, вай ҳамеша дар ҷунбишу такопӯ буда, қалби ӯ ҳеҷ гоҳ орому хомӯш набуд. Камина дар анҷуманҳои матбуотӣ ва сафарҳои эҷодӣ ҳамроҳ, ки ҳастем, шоҳиди онам, ки ҳамеша азму ифодаи ношикастаеро дар ҳалли масъалаҳои мушкил мебинам.

Роҳи дӯсти барнодили бедордилам ба матбуот басо содда ва оддист.
ПИСАРЧАИ БАЛОЧА
Ин воқеа соли 1965 рух дод. Дар он айём империалистони амрикоӣ ба давлати Ветнам таҷовуз карда, тамоми мамлакатҳои сулҳпарвар норозигии худро ошкор месохтанд. Бо ҳамин муносибат дар мактаби рақами 22 - юми шаҳри Самарқанд ба номи устод Садриддин Айнӣ низ тадбири якдилӣ бо халқи Ветнам ба вуқӯъ пайваст.
Тошпӯлод дар ин бора ба рӯзномаи дӯстдоштаи худ "Пионери Тоҷикистон" (ҳоло "Анбоз") хабар навишта, ҳатто як байт шеър эҷод кард:
Аз Ветнам даст кашед, сэр,
Баъд афсӯс хӯред, мешавад дер!
Аз байн чанд рӯз гузашту мақолаи Тошпӯлод рӯи чопро дид. Ҳамон солҳо мактаб ниҳоят бисёр обуначӣ дошт, ки қариб ҳама бо гузориши "Аз Ветнам даст кашед!" шинос шуданд. Аҷибаш дар он буд, ки ҳурмату эҳтироми "мухбирча" баланд шуда, ҳатто ӯро дар синф сарвар интихоб намуданд. Тошпӯлод дар байни омӯзгорон "писарчаи балоча" ном гирифта, дар арсаи матбуот қадами қатъӣ гузошт.
РӮ БА ЭҲЁ
Тошпӯлод аълохон буд, вале чаро муаллими кимё баҳои "хуб" гузошт, сабабашро нафаҳмид. Ва ҳамин як балл барои гирифтани медали тилло садди роҳ шуда, бо нуқра сарфароз гардид. Баъди ба даст гирифтани номаи камол масъалаи ба кадом факултаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шудан ба миён омад. Аммо ӯ ба масъалаи бостоншиносӣ таваҷҷӯҳи хосса дошт. Бинобар ин, ба ҳамин факулта ҳуҷҷаташро супорид. Боиси хурсандист, ки аз имтиҳони нахустин сарбаландона гузашт ва номи донишҷӯйро гирифт. Ва ин навидро аввало ба устодаш Салоҳиддинов расонд. Дар донишгоҳ низ дар хондан ва корҳои ҷамъиятӣ фаъол буд. Ӯро сарвари гурӯҳ таъин карданд, ки масъулияташ хеле афзуд.
Соли 1970 донишгоҳро бо дипломи имтиёзнок хатм карду ба хизмати ҳарбӣ рафт. Баъди адои қарзи ҷавонмардӣ боз ба оғӯши донишгоҳи ҷонаҷонаш омад. Ба аспирантура дохил шуд. Рисолаи илмӣ навишт. Аммо дифои онро ба таъхир гузошт. Аз муаллими оддӣ то ба дараҷаи ҷонишини декани факултаи таърих расид. Доир ба таърих, археология, ёдгориҳои Самарқанд мақолаҳои илмӣ навишт. Иншои ӯ ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ҷараён гирифта, дар Тошканд, Душанбе, Маскав ва дигар шаҳрҳо чоп мешуданд.
Соли 1991 дар Самарқанд телевизиони нодавлатии ТКС (сонитар СТВ) ташкил ёфт. Тошпӯлоди Раҳматиллоҳ асосгузор ва барандаи барномаи "Таърихамон - боигариамон" таъин гардид. Муаллифи он тавассути гузориши худ доир ба эҳёи ёдгориҳои таърихӣ, муаммоҳои таъмир ва ба авлоди оянда гузоштан ва дигар мавзӯъҳои баҳсталаб диққати мухлисону мутахассисонро ҷалб мекард.
ВОРИСИ МУНОСИБИ
МАҲМУДХОҶА БЕҲБУДӢ
Охири соли 1994 буд, ки ногаҳон ӯро ба ҳокимияти шаҳр даъват намуданд. Вай бо сад андеша вориди утоқи кории ҳоким шуд.
- Тошпӯлодака, - гуфт Азиз Носиров, - ман дер боз бо фаъолияти эҷодии шумо шинос ҳастам. Бинобар ҳамин бо бисёр шахсон маслиҳат ороста, ба қарор омадем, ки шуморо муҳаррири рӯзномаи "Самарқанд" таъин кунем.
- Аввало раҳмат барои боварӣ, - узр пеш овард ӯ, - ман журналисти касбӣ нестам. Мақола навиштан дигар, муҳаррир шудан дигар.
- Шумо вазифаро гиред, тасаллои дил бахшид ҳоким, - мо ба кӯмак расонидан тайёр.
Рӯзи дигар Тошпӯлоди Раҳматуллоҳ ба курсии муҳаррир нишасту асосгузор ва ношир, яке аз пешвоёни ҳаракати ҷадидӣ Маҳмудхоҷа Беҳбудиро пеши назар овард. Қисмати талхи муҳаррир ва сабаби соли 1919 фавти асрорангези ӯ то ҳол кушода нашудааст. Вале ӯ ҳамчун шахси маърифатпарвару рӯзноманигори адолатпеша, ошкорбаён ва халқпарвару Ватандӯст аз саҳифаҳои таърих ҷой гирифтааст.
Муҳаррири нав аз руҳи поки ӯ мадад пурсида, камбудиҳоро ба тадриҷ барҳам сохт. Дар атрофи худ журналистони садоқатманду соҳибтаҷрибаро ҷамъ намуд. Оҳиста - оҳиста "Самарқанд" бо хабару мақолаҳои ҷолиби диққат мухлису шӯҳратёб гардид. Рӯзнома соли 1995 дар озмуни ҷумҳурӣ ҷоиза ва грант гирифт. Вақте ки "Самарқанд" ба мукофоти байналхалқии "Евразия" соҳиб гашт, баъзе шахсони нотавонбину дилсиёҳ ангушти ҳайрат газиданд, ки "муҳаррири тасодуфӣ" ба чунин комёбиҳо соҳиб мегардад...
ҲАМҚАДАМИ ҲАЁТ
Ин марди миёнақади камгӯшти серҳаракат, ки дар нигоҳу чеҳраи гандумгунаш қатъият, ҷиддият ҳувайдост, на танҳо ходимони телевизион, радио ва матбуот, инчунин дар аксарият гузару маҳаллаҳои Самарқанд аз наздик мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Вай дар анҷуманҳои матбуотӣ гули сари сабад буда, аксарият бо эҳтиром "устод" гӯён муроҷиат мекунанд.
Додари ҳамқалами мо падари бузургвори се нафар фарзанд ва даҳ нафар набераи яке аз дигаре ширин аст. Вай бо ҳамсари меҳрубону вафодораш - собиқ устоди Донишкадаи савдо (ҳоло Сервис ва иқтисодиёти Самарқанд) Сафия Мӯъминова фарзанду мағзи бодомҳои худро ба замона хос таълиму тарбия додаанду медиҳанд. Мақсудҷон тадбиркор, гулдухтараш лолабону ҳисобчӣ ва Нафисабону забондон аст.
- Журналист бояд ҳамқадами ҳаёт бошад, - мегӯяд Тошпӯлоди Раҳматуллоҳ, - тақозои касб ҳамқаламонро водор созад, ки ба ҳар як ҳодиса ва воқеаҳои ҳаёту ҷамъият бо нуқтаи назари суол нигарад. Хушбахтона, бо салоҳдид ва ғамхории Президенти мӯҳтарами мо ба аҳли қалам диққату эътибор дигар аст. Мо ҷавобан ба он бо масъулият қалам занем, камбудиҳоро ошкор кунем ва барои пеш рафтани ҷамъият ва давлатамон саҳмгузор бошем. Охир вақти қолабшиканӣ ва ошкорбаёнӣ расид. Акнун навбат ба қалам аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА


Последнее редактирование: 19/02/2019 13:46;   Просмотров: 980
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку