Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БАРОДАРИ БА ҶОНУ ДИЛ БАРОБАРАМ...

Сӯзи дил

Ту рафтӣ, хонаат ғамхона карда,
Ҷигарҳои ҳама садпора карда.
Ҳама дар хонаат ҷамъ, хонаҳо гарм,
Вале хобӣ ту зери хоки пурғам.
Навиштам шеър баҳри таскини дил,
Бародарҷони соҳибному оқил!
Аҷали нобаҳангом рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ бародари ба ҷону дил баробарам Хӯҷаёр Муқимовро аз байни мо бурд. Дарди бедаво ӯро гиребонгир шуд. Ба дардаш ҳеҷ кас даво ёфта натавонист. Оқибат, аҷал ба ҷони ҷавонаш раҳм накарда, ба коми худ кашид. Он рӯз дунёи равшан ба назари фарзандону пайвандонаш ба торикистон табдил ёфт. Мо аз шоҳсутуни хонадон, инсони ҳалиму хоксор, дурандешу поквиҷдон ва маслиҳатгари беминнатамон ҷудо гаштем.
Бародарам Хӯҷаёр Муқимов гули сари сабади ҳамаи маъракаҳо буд. Барои гузаронидани тӯю маросимҳо маслиҳатҳои худро дареғ надошта, роҳбаладӣ мекард. Маълумоти олӣ надошта бошад ҳам, дониши мукаммалро соҳиб буд. Шеъру адабиётро хеле дӯст медошт. То дами вопасин куллиёти Саъдию Ҳофиз, Хайёму Лоиқ ҳамроҳаш буд. Дар тӯйҳои навхонадоронро табрик намуда, бо маҳорати баланд шеър мехонд.
Хӯҷаёр Муқимов 10-уми феврали соли 1947 дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Нуробод дар оилаи деҳқон ба дунё омад. Аз хурдсолӣ ба адабиёт меҳри беандоза дошт. Аз ин рӯ, соли 1963 пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба бахши забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супорид. Аз ду имтиҳони аввал бомуваффақият гузашт, аммо аз имтиҳони сеюм, ки аз забони хориҷӣ буд, баҳои паст гирифт. Аз ин нобарорӣ рӯҳафтода нашуд. Мақоли “Ба як мард чил ҳунар кам аст”-ро шиори зиндагии худ қарор дод ва таҳсилро дар омӯзишгоҳи касбиву ҳунарӣ давом дод. Барои сохтмони шаҳраки навбунёди Норак саҳми муносиб гузошт.
Соли 1967 ба зодгоҳи худ баргашта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ фаъолият пеш пеш бурд. Аз аввали солҳои истиқлол то дами вопасин раиси хоҷагии фермерии “Саховати Муқимбобо”-ро бар дӯш дошт.
Ҳамроҳи ҳамсараш ҳашт нафар фарзандро ба камол расониданд. Онҳо имрӯз дар фироқи падари меҳрубонашон ашки ҷудоӣ мерезанд. Дар гуфтору рафтор, одобу сухангӯии онҳо симои бародари ба ҷону дил баробарамро мебинам.
Бародарам Хӯҷаёр Муқимов дар дилу дидаҳои ҳар яки мо зинда аст Фарзандонаш корҳои ӯро давом хоҳанд дод. Умед доштем, ки 70-солагиашро дар ҳалқаи хешовандон ҷашн мегирем. Вале...
Ба ҷои табрики зодрӯз ба ҳурмат,
Бигӯям ҷоятон бодо ҷаннат!

И. МУҚИМОВА


Дата добавления: 07/04/2017 15:32;   Просмотров: 1663
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку