Дар бинои Суди шаҳри Самарқанд оиди корҳои ҷиноӣ мурофиаи кушоди судӣ баргузор гардид. Дар он парвандаи ҷиноии маҳкумшудагон Қосимова Розия Азимовна, Касимова Замира Ҳошимовна, Арабова Камила Ҳусеновна, Раҷабова Орзугул Яқубовна, Қуйлиева Дилшода Мурадиллаевна, Уралова Садоқат Зубайдиллаевна, Отабаева Нафиса Исломовна, Холиқова Фотима Мардиевна, Холиқова Гулрух Мардиевна, Рахмонова Рохиля дида шуд.
Мувофиқи ҳуҷҷатҳои кори маъмурӣ аз ҷониби ходими корҳои дохилӣ бо мақсади муайян сохтани ҳаракатҳои шаҳрванд Қосимова Розия Азимовна хонаи истиқоматии ӯро, яъне хонаи рақами 21-уми кӯчаи «Даҳбед»-и шаҳри Самарқанд бо тартиби муайян тафтиш карда шуд. Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки Р.Қосимова дар хонаи истиқоматаш бо шиносҳояш Касимова Замира Ҳошимовна, Арабова Камила Ҳусеновна, Раҷабова Орзугул Яқубовна, Қуйлиева Дилшода Мурадиллаевна, Уралова Садоқат Зубайдуллаевна, Отабоева Нафиса Исломовна, Холиқова Фотима Мардиевна, Холиқова Гулрух Мардиевна, Рахмонова Рохиля бо мавод ва адабиётҳое, ки ба сектаи «Шоҳидони Иегова» мансуб аст, ба шакли маҳфил ҷамъомад мегузоранд. Аз Р.Қосимова 2 дона китоби бемуқова, ки аз ин пеш истифода бурда шудааст, 9 дона варақа ва журнал, 2 китобча, аз З.Қосимова 1 дона «планшет», 1 дона дафтар, аз К.Арабова 1 дона планшети «Samsung», аз О.Раҷабова 1 дона китобча бо номи «Ба фарзандон таълим диҳед», 4 дона дафтар, аз Д.Қулиева 1 дона китобча ба номи «Ба фарзандон таълим диҳед» барин материалҳо ҳамчун ашёи ҳуқуқвайронкунӣ гирифта, бо тартиби муайян расмӣ гардонида шуданд.
Суд аз рӯйи кори маъмурии мазкур он китобу дафтар, варақаву журналҳоеро, ки мазмуни динӣ доранд, ба вакили Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд супорида, хотираи 2 дона планшетро аз видеоҳои мазмуни динидошта хориҷ карда, ба фоидаи давлат мусодира карданро лозим донист.
Барои ҳар амали ноқонунӣ ҷазо муқаррар аст. Ҳайъати суд ҳангоми таъин намудани ҷазо аз рӯйи ҷиноятҳои содирнамудаи судшавандагон Қосимова Розия Азимовна, Касимова Замира Ҳошимовна, Арабова Камила Ҳусеновна, Раҷабова Орзугул Яқубовна, Қуйлиева Дилшода Мурадиллаевна, Уралова Садоқат Зубайдиллаевна, Отабоева Нафиса Исломовна, Холиқова Фотима Мардиевна, Холиқова Гулрух Мардиевна, Рахманова Рохиля дар асоси моддаи 1842 ва қисми 1-уми моддаи 240-и Кодекси ҷиноии маъмурии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содиргардида дониста, нисбати онҳо мувофиқи камтарин музди меҳнат ҳисоб намудани ҷазои ҷаримаро лозим донист.
Оқибат, ҷинояткорон мувофиқи қонун ба ҷазои худ расиданд.
Б.АЛИҚУЛОВ,
судяи Суди шаҳри Самарқанд доир ба корҳои ҷиноӣ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.