Ҳанӯз дар хурдсолӣ падару модари Бахтинисо онҳоро гаҳворабахш карда буданд. Пас аз хатми мактаби миёна маросимҳои ошхӯракон, ноншиканон, парчабуррон, қавлдорам ва фотеҳатӯй барпо гашт.
- Як ҳамсояамон ба мо душманӣ дорад, - гуфт модари домод. – Хутбаи никоҳро як ҳафта пеш аз тӯй дар хонаи шумо хононем. Духтаратон дар пеши назаратон аз ҳар хел даму дуои бадкинаҳо эмин мебошад. Барои ҳамсоядухтарро келин накарданам, модараш қасд гирифтанист. Ба занҳо гуфтааст, ки коре мекунаму намегузорам, ки арӯс хушбахт шавад.
Домодро як ҳафта пеш аз тӯй ба хонаи Бахтинисо оварданд. Муллои деҳ хутбаи никоҳро хонд. Бахтинисо чун ҳарвақта бо кори рӯзгор банд буд. Моҳи ноябр офтоб зуд нурҳои худро аз замин мебардошт. Бахтинисо ба торикӣ нигоҳ накарда, гову гӯсолаҳоро нигоҳубин мекард.
Ҳанӯз пардаи торикӣ надарида, аз хоб мехест, хамир мешӯрид, нон мепухт. Говҳоро дӯшида, ба бозор ширу қаймоқ мебурд.
Рӯзе баъди хӯроки шом Бахтинисо дар оташдон обро гарм намуда, зарфҳоро мешуст. Дар равшании шамъ пай бурд, ки касе саросемавор ба ҳавлии онҳо даромад. Вай ҳамсоязан будааст. Пас аз салому ҳолпурсӣ бо модари Бахтинисо зан ба хона даромад.
- Янга, чаро духтаратон дар торикӣ, боз танҳо ба берун гаштааст?! – бо изтироб гуфт зан. – Мабодо натарсад. Ба ҳар сол чилладор аст. Арӯси чилладор чил рӯз дар торикӣ намегардад. Дар хонаи чилладор чил шабонанӯз шамъ мегиронанд.
Бахтинисо назди зан дастархон кушод . Чашмаш ба нӯги кокули зан афтод. Аз он об мечакид.
- Янгамулло, - ба зан рӯ овард Бахтинисо. – Ҳозир сар шустед?
- Чаро ин тавр мегӯӣ? – ба мӯйи зан нигариста гуфт модар. – Мӯяшон тар не-ку?!
- Амакатон ҳазл намуда, об пошиданд, - ҷавоб дод зан шармгинона.
Бахтинисо бо панҷаҳояш нӯги мӯйи занро фишур ва аз он об болои шол чакид...
Тӯйи арӯсӣ барпо шуд. Бахтинисо арӯси серҷиҳозтарини ҳамон давр буд. Аммо онҳо соҳиби фарзанд нашуданд. Дар беморхонаҳо табобат гирифт. Модараш назди табибу дуохон бурд. Аз натиҷаи таҳлили шифокорон аён гашт, ки Бахтинисо модар шуда наметавонад. Фолбине гуфт, ки дар вақти чилладориаш ба ӯ оби дуохондаро пошидаанд. Агар ҳамон шахси ҷодукарда аз олам гузарад, шояд Бахтинисо соҳиби фарзанд шавад. Аммо то зинда будани ӯ имконият нест. Тақдираш ба ҷудоист. Бахтинисо аз шавҳараш ҷудо шуда, ба хонаи падар баргашт. Умед дошт, ки яке аз додарзодаҳояшро ба худ фарзанд мехонад. Дар фабрикаи дӯзандагӣ ба кор даромад. Ҳар рӯз барои ҷиянҳояш тӯҳфа мебурд. Онҳо низ Бахтинисоро дӯст медоштанд. Рӯзе ба хона омад, ки янгааш ҷиянашро мезанад. Зуд рафта духтарчаро аз чанголи модараш халос кард.
- Чаро тарафгирӣ мекунед?! – ба Бахтинисо овоз баланд кард янгааш.
- Бачаи бегуноҳро назанед. Бо нармӣ хатояшро фаҳмонед.
- Ин бачаи ман. Хоҳам мезанам, хоҳам навозиш мекунам. Худатон аз ӯҳдаи зодани як бача намебароеду ба ман ақл ёд медиҳед...
Бахтинисо чизе нагуфт. Ҳар рӯз янгааш бо баҳонае дили ӯро меранҷонд. Бахтинисо пай бурд, ки дар хонаи падар вай одами зиёдатӣ. Ин хона акнун барояш бегона аст. Бо хоҳиши модар риштаи ҳаёташро бо марде пайваст. Фарзандони ӯро чун ҷигарбанд дӯст дошт. Дигар орзуи фарзанд накард. Бачаҳо низ ба Бахтинисо меҳр монданд. Акнун ӯ зани хушбахт, модари се нафар фарзанд. Акнун ҳангоми вохӯрӣ аз одамон шарм намедорад. То ин дам аз як савол: “чанд фарзанд дорӣ?” метарсид. Акнун бо фахр мегӯяд, ки се фарзанд дорад.
Рӯзе духтари ҳамсояашон ба суроғи Бахтинисо рафта гуфт:
- Модарам бемор аст. Шифокорон гуфтанд, ки ба умраш рӯзҳои башумор мондааст. Модарам ҳар рӯз туро мепурсанд. Илтимос, назди модарам биё. Ба ту чизе гуфтанианд.
Бахтинисо ба беморбинӣ рафт. Пиразан “Хиш-хишш”-кунон нафас мекашид. Бахтинисоро дида, дасташро аз кӯрпа берун кард. Бахтинисо дастони пиразанро ба кафи дасташ гирифт.
- Назди ту гунаҳкорам, - базӯр лаб ба сухан кушод пиразан. – Ман туро бадбахт кардам... Нӯги кокули уламаамро ба оби дуохонда тар карда, назди ту рафтам… Ту ба он даст задӣ...
Пиразан канда-канда бо азобе сухан мегуфт. Ба ҳоли пиразан раҳми Бахтинисо омад. Намедонист чӣ тавр ёрӣ расонад.
- Ман аз шумо розӣ, гӯед, - гуфт зане.
- Янгамулло, ман аз шумо розӣ, шумо ҳам аз ман розӣ шавед. – ба бемор нигариста гуфт Бахтинисо.
Пиразан чашмонашро пӯшид. Лекин садои нафасгириаш баланд гардид. Зане назди вай нишаста сураҳои Қуръонро тиловат кард. Пиразан ҷон дод...
Бахтигул то ҳол ҷисми беҷонро надида буд. Сахт тарсид.
Аз ин воқеа чанд муддат гузашта бошад ҳам, ҷисми беҷони пиразан аз пеши назараш дур намешуд. Худро бемадор ҳис мекард. Зуд-зуд дилаш беҳузур мешуд. Дилбардор дилашро бардошт, киначӣ кина кард, хонаи ваҳмакро дар об ошомида нӯшид, бо хурӯс шипонданд, аммо фоида набахшид...
Шавҳараш ӯро ба духтур бурд. Маълум шуд, ки вай ҳомиладор аст...
Оё сеҳру ҷоду, фолу ром ва дигар гуна “ирим - ҷирим”-ҳо ба ҳаёти кас таъсир расонида метавонад? Чаро инсон ба инсон рӯзу лаҳзаҳои бадро раво мебинад?!
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.