Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

бекорӢ-душман

Ҳоло, ки вақти карантин аст, ҳар кас вақти худро ҳар хел мегузаронад. Донишҷӯи курси дуввуми факултети филологияи русии Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ситорабону Маъдиева тамоми дарсҳоро дар вақташ азхуд карда, дар вақти холӣ бо дӯзандагӣ машғул мешавад.

Ситорабону аз бачагӣ ба бибии модариаш ҳавас карда, дар дилаш орзуи муаллимаи забони русӣ шуданро мепарварид. Аз ин рӯ, барои дар амал ҷорӣ кардани орзуҳояш пайваста хонда, донишҷӯ шуд.
Ситорабону вақте, ки дар синфи нӯҳум мехонд, модараш ӯро ба назди дӯзандае ба шогирдӣ гузошт. Аз устодаш тамоми асрори дӯзандагиро омӯхт. Пас аз донишҷӯ шудан ҳам, аз дӯзандагӣ даст накашид. Дӯзандагӣ карда, як қисми пули контрактро худаш пардохт.
- Ман вақти худро ба қисмҳо тақсим кардаам, мегӯяд Ситорабону Ризозода. - Бекор нишаста наметавонам. Аз ин рӯ, то қадри имкон аз вақт босамар истифода мебарам. Мехоҳам дар оянда муаллима шавам. Боз корхонаи дӯзандагӣ кушода, ба духтарҳои маҳаллаамон - Гулбоғ низ ҳунари дӯзандагиро омӯзонам.

Зарнигор ҲАМДАМОВА


Дата добавления: 22/06/2020 14:53;   Просмотров: 745
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку