Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БЕПАРВОӢ НАШОЯД

Вақте ки дар маҳаллаи Шӯрбоӣ Маркази ёрии таъҷилӣ фаъолият оғоз намуд, хурсандии халқ беинтиҳо буд. Ходимони марказ ба мардум хизмати беминнат мерасониданд. Ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ оиди фаъолияти ходимони он дар рӯзномаву телевизион хабару мақолаҳо интишор намуданд. Дар ин марказ ду автомошинаи «Дамас» ва қариб 40 нафар шифокору ҳамшира, санитару хизматчӣ фаъолият доранд.

Дар байни ходимони марказ шахсони бовиҷдон боғайрат ва донандаи касби худ бисёранд. Онҳо софдилона хизмати халқро ба ҷо меоранд. Вале дар аксар навбатҳо ҳолатҳои набардоштани гӯшаки телефон, дар вақташ ба ёрии бемор расида наомадан, барои расонидани ёрии аввалин набудани доруҳои лозима ва монанди ин ҳолатҳо рух медиҳад. Камина соатҳои 11-12-и шаб пас аз набардоштани гӯшаки телефон ба марказ омада, навбатчиёнро аз хоб бедор карда будам.
Чанде пеш, аниқтараш 3-юми июли соли ҷорӣ соати 20.30 ба хона омадам. Келинам хабар дод, ки Шоҳҷаҳон (набераи 6-солаам) баъди пешин пайваста қайъ мекунад. Дору фоида накард. Зуд ба «Ёрии таъҷилӣ» занг задам: як бор садо доду хомӯш шуд. Бори дигар низ ин ҳолат такрор ёфт.
Ҳарду набераамро гирифта, ба Маркази ёрии таъҷилии Шӯрбоӣ, ки аз манзили зисти мо 700-800 метр дуртар ҷойгир аст, омадем. Дар роҳ Шоҳҷаҳон боз қай кард. Ман ба духтур телефон кардам, вале касе гӯшакро набардошт. Қарибии соати 21.00 ба ҳавлии марказ даромадем. Он ҷо ду мошини ёрии таъҷилӣ меистод. Се мард дар атрофи стол менишастанд. Ба дарун хабар доданд, ки бемор омад, нигоҳ кунанд. Мо вориди бино шудем. Моро ду ҷавонзан истиқбол гирифта, фармуданд, ки беморро рӯйи кат хобонем. Бо модараш саволу ҷавоб карданд.
Бо мақсади санҷидани телефонашон боз занг задам. Телефон бо овози баланд садо дод.
- Садои телефонро шунидед? – пурсидам аз шифокорон. – Ман борҳо ба шумо занг задам, вале...
- Телефон кор мекунад. Агар свет набошад, телефон садо намедиҳад, - худро сафед карданӣ шуданд онҳо.
- Ба бача ёрӣ расонед, - гуфтам.
- Мо дору навишта медиҳем, онро биёред, мегузаронем.
- Ба шумо бояд 42 намуди дору ҳозир бошад?!
- Чунин доруҳо дар руйихати мо нест.
Коғази доруро гирифта, ба кӯча баромадам. Доруҳоро аз дорухонаи Равонак харидам. Беморро ба хонаи додарам Асатилло Каримов фиристодаанд. Духтараш Манзила ҳамшираи шафқат дониши хуб ва ҷавон бошад ҳам таҷрибаи бой дорад. Дар шӯъбаи реаниматсияи ноҳия кор карда, аз духтури номӣ Аъзам Муҳаммадиев таҷриба омӯхтааст. Манзила ба набераам чакрадору (капли) ва дигар доруҳоро гузаронида, шифо бахшид.
Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев оиди беҳгардонии хизмати тиббӣ ба аҳолӣ, таъмин бо доруву дармонҳо, инчунин дар хусуси расонидани ёрии аввалин ба беморон бисёр қарор ва фармонҳо эълон намуд. Чунки то ин вақт дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ порахӯриву беэътиборӣ нисбати бемор, баланд будани нархи доруҳо, хизмати ғайриқаноатбахши марказҳои ёри таъҷилӣ ва дигарҳо халқро ба ташвиш оварда буд. Наход баъзе шифокорони мо ҳамаи инро сарфи назар кунанд?!
Мақсад аз ин навиштаҳо баъзе масъулони соҳаи тандурустиро аз хоби ғафлат бедор кардан аст. Бояд бидонанд, ки замони бепарвоӣ кайҳо гузаштааст!

Раҳматилло ШАРИФЗОДА,.
Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон


Дата добавления: 21/07/2017 15:30;   Просмотров: 1389
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку