Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БӮИ ХОКИ ҲОСИЛХЕЗ

аз идораву чопхонаҳо меомад...
Дар арафаи иди касбӣ хотираҳои яке аз фидоиёни соҳаи матбуот, раиси маҳаллаи Деҳнав Шодмон Шамсиевро пешкаши мухлисон мегардонем:

- Деҳқонзода ҳастам. Ҳамин ифтихори ман аст. Бо изи падар пой ба пой гаштаву домани модар дошта, ба камол расидам. Устодони забони модарӣ муҳаббати маро ба илми адаб зиёд намуданд. Соли 1990 ҳанӯз донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд будаму яке аз хешовандонам, журналисти бомаҳорат, собиқ ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд" Хурсанд Ҷумъазода маро ба кори техникии идораи рӯзнома ба кор бурданд. Гуфтанд, ки рӯзона кор мекуниву шабона мехонӣ. Ҳоло вазъият ҳаминро тақозо мекунад!
- Охир, ман дурусттар хонданӣ будам…
- Кӣ туро нодуруст хон гуфт, дурусттар хондан мегирӣ. Гуфтам-ку ба ту хизмати аз хондан ҳам заруртарро мефармоям. Барои ояндаи матбуоти тоҷик хеле муҳим...
Пас аз сӯҳбати радду бадал фаҳмидам, ки барои идоранамоии дастгоҳи техники замонавии "Ретопринт"-и усули офсетӣ кадр лозим будааст. Забони тоҷикиро донад, боз ҳам хубтар.
Баъд маҷбур шудам, ки то саҳар дар идораи рӯзнома ё чопхонаи матбааи вилоятӣ монам. Аз устодони соҳа Комилҷон Ашӯрзода, Аҳрор Ҳамроқулов, Умур Холматов ва дигарон касб омӯхтам. Баъдтар рӯзнома ба чопи қӯғошимӣ гузашт. Дар дастгоҳ мутахассиси забони тоҷикӣ набуд. Аз ин рӯ, баробари чопи маводи тоҷикӣ, чидани маводи газетаҳои ноҳиявӣ низ ба зиммаи ман буд.
- Шодмонака, дар дастгоҳи қӯрғошимӣ кор кардан ҳунари ҳар кас нест. Кас аз гармию нарасидани ҳаво нафастанг мешавад...
- Ҳа, ҳамин хел. Аз бисёр чоп кардан панҷаҳоям беист меҷунбидагӣ шуданд.Ман ба кори рӯзномасозӣ он қадар дил додам, ки ба матбаа дароям, худро дар киштзори ҳосилхези падар тасаввур менамудам. Бӯи хоки нарм ба машомам мерасид. Ростӣ, хеле монда мешудам. Вақте ки маводи рӯзномаи "Субҳи Шарқ" (ҳоло "Гулобод тонги")-ро барои чидан меоварданд, худро бахтиёр ҳис менамудам, ки барои маънавияти ноҳияи азизи худ хизмат ба ҷо меорам. Чун рӯзномаи "Овози Самарқанд" ба дастам расад, аз он садои баармонрафтаи бобову бибиҳоро мешунидам. Ҳамин ҳиссиёти зебо аз дили ман ғами маоши кам, ғулғулаи муҳаррики дастгоҳи чопӣ ва ғайраҳоро дур мекард. Ҳанӯз ба хотир меорам, ки вақти чопи қӯрғошимӣ ходмони редаксия ба матбаа рафта, саҳифахонӣ менамуданд. Он солҳо кормандони "Субҳи Шарқ" (ҳоло "Гулобод тонги") шодравон Эркин Азаматов ва Абдусалом Муҳаммадалиев, Шавкат Сафотиллоев ва Шодӣ Мирмуҳаммадов, Баҳриддин Шукуров ва Эргаш Султонов ҷонсӯзони рӯзнома буданд. Симои Нормуҳаммад Олимов, Зоҳир Ҳасанзода, Раҳим Мавлонӣ, Бахтиёр Ҷумъаев, Нигора Исломова, Мукаммал Раззоқова ва дигарон ба назарам чун фидоиёни соҳа нақш бастааст. Ҳоло боз ҳам хонову зебо ва шево гардидани "Гулобод тонги"-ро дида, ба маънавиятчии асил будани муаллиму муҳаррир Нормурод Каримзода боварӣ ҳосил мекунам. Хизматҳои масъули саҳифаи тоҷикии рӯзнома Дилрабо Насимиро эътироф менамоям. Зеро баробари гирифтани газета аввал саҳифаи саввуми онро мехонам. Инчунин, мақолаҳои Тошпӯлод Юсуфов, сурат-лавҳаҳои Бекзод Қодиров ба ман писанд меояд.
Ин азобҳои роҳатбахши матбуотро ҳангоми кор дар идораи рӯзномаи "Овози Самарқанд" чун мухбир, рӯзномаи ҷумҳуриятии "Овози тоҷик" чун мухбири махсус дар вилояти Самарқанду Қашқадарё, сармуҳаррири рӯзномаи кӯдаконаи "Донишнома" ва ғайра аз наздик чашидам.
- Бо тақозои тақдир ҳоло раиси маҳаллаи Деҳнав ҳастед. Дар ин соҳа низ фаъолиятатон аз назари роҳбарон дур намонд.
- Шукр мегӯям, ки заҳмати зироаткорони маҳаллаи мо шӯҳрати ҷумҳуриятӣ дорад. Ҳар гоҳ ҳокими вилоят Э.Турдимов бо роҳбаладии ҳокими ноҳия Н.Мавлонов ба деҳаи мо омада, аз вазъи зиндагии мардум ошноӣ пайдо мекунанд.
Ифтихор дорам, ки собиқадори соҳаи матбуот ҳастам ва ҳамқаламонро бо иди касбӣ муборакбод менамоям.

Мусоҳиб Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 25/06/2020 19:23;   Просмотров: 725
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку