Нафақахӯроне, ки кор мекунанд, нафақаашонро пурра мегиранд.
…Музди меҳнати роҳбарон ва профессору устодони муассисаҳои таълими олӣ, кормандони марказҳои тадқиқоти илмӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.
…Аз тарафи нозироти давлатии Назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон доир ба самаранокии фаъолияти мактабҳо рейтинг тартиб дода мешавад.
…Барои шахсони ҷисмонӣ миқдори ягонаи андози даромад ҷорӣ шуда, аз даромадҳои онҳо ба миқдори 12 фоиз андоз ситонида мешавад.
…Миқдори андоз барои фоидаи шахсони юридикӣ ба таври зерин муқаррар карда мешавад:
Шахсони юридикӣ - 12 фоиз;
Бонкҳои тиҷоратӣ - 20 фоиз;
Шахсони юридикие, ки семент (клинкер) истеҳсол мекунанд - 20 фоиз;
Шахсони юридикие, ки гранулаҳои полиэтиленӣ истеҳсол менамоянд - 20 фоиз;
Шахсони юридикие, ки хизмати алоқаи мобилӣ мерасонанд - 20 фоиз;
Барои даромадҳое, ки дар шакли дивидендҳо ва фоизҳо пардохта мешаванд, ба миқдори 5 фоиз андоз гирифта мешавад.
…Бадали суғуртавие, ки аз даромадҳои шаҳрвандон барои хазинаи нафақаи ғайрибуҷавӣ нигоҳ дошта мешавад, бекор мегардад.
…Миқдори ягонаи пардохти андоз барои микрофирма ва корхонаҳои хурде, ки гардиши солонааш ба 1 миллиард сӯм баробар аст, аз 5 фоиз ба 4 фоиз кам карда мешавад.
…Стикер, ки барои ба хориҷа баромадан талаб карда мешуд, бекор ва паспорти биометрӣ дар амалиёт ворид карда мешавад.
…Миқдори андозе, ки аз молу мулки шахсони юридикӣ мегиранд, аз 5 фоиз ба 2 фоиз кам карда мешавад.
…Дар марказҳои ихтисосонидашуда, филиалҳои вилоятӣ, иттиҳодияҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо барномаи электронии ба қабули шифокорон аз масофа номнавис намудан ҷорӣ мегардад.
…Сохтори электронии ба ҳисоб гирифтани собиқаи меҳнатӣ ҷорӣ карда мешавад.
…Кредити ипотека барои хонаву ҷойҳои арзон бо ду соли имтиёзнок (пештар се сол буд) дода мешавад.
…Аз тарафи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гувоҳномаҳои гербдор бо алифбое, ки навиштаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ қайд карда шудааст, пур карда мешавад. Инчунин, рақами шахсии идентификатсионии шахси ҷисмонӣ ба навзодон ҳангоми қайди гувоҳномаи таваллуди кӯдак ҷорӣ карда мешавад.
…Аз тарафи нотариусҳо тасдиқ намудани созишномаҳо дар асоси тамоили "як дарича" амалӣ мегардад. Барои иваз намудани ахбор базаҳои маълумот ва сохторҳои ахборӣ ҷорӣ карда мешавад. Ҳамаи онҳо ба сохтори ахбори автоматикунонидашудаи "Нотариус" интегратсия карда мешаванд.
…Бепул додани пакетҳои плёнкагии полимерӣ, нархи онҳоро ба маҳсулотҳои фурӯхташуда ҳамроҳ кардан, инчунин, аз нархи муқаррарӣ арзон фурӯхтани онҳо манъ карда мешавад.
…Музди меҳнати омӯзгорони тоифаи олӣ 25 фоиз, моҳонаи муаллимони тоифаи якум 12 фоиз, маоши омӯзгорони тоифаи дуввум 15 фоиз, музди меҳнати мутахассисон 10 фоиз, моҳонаи директор, ҷонишинҳои ӯ, мудирони маркази захираҳои ахборӣ (китобхона) ва китобхоначиён 10 фоиз зиёд карда мешавад.
…Қуввати солонаи парваришии кластерҳои моҳипарварӣ беш аз 50 тонна бошад, дар се соли аввал аз супоридани тамоми андозҳо ва пардохтҳои маҷбурӣ озод карда мешаванд.
…Қонун "Дар бораи медиатсия" ба амал медарояд.
…Дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон хизмати пробатсия ва шӯъбаҳои ҳудудии он ташкил карда мешавад.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.