Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БОНУЕ ДАР НАБАРДИ РӮЗГОР

ОРЗУ, КИ НЕК АСТ...

Вақте ки Неъматҷон Раҳматови талирегакӣ соҳиби маълумоти олӣ ва тахассуси бинокорӣ гардида, аз мусофират – шаҳри Душанбе баргашт, 28 сол дошт. То ин вақт борҳо модари арҷмандаш барои хонадор намудани фарзанд кӯшиш ба харҷ дода буданд, вале азми ӯ қатъӣ буд: то аз дори зиндагӣ буридаи нони ҳалоли хешро бо роҳи ҳунару дониши хеш наёбам, зан намегирам!
- Ҳӯй, Неъматҷон, ба фикрам, ин хостгорҳои ту моро маҷбур мекунанд, ки аз Самарқанд кӯч бандем, - рӯзе бо табассуми малеҳ ва омирона ташвиқоти навбатиро сар кард аммаи ӯ Муяссарабону ва сухани худро давом дод. – Пештар остонаи хонадони духтардорро охурча мекарданд. Замонаро гардам, ки писарро ба домодӣ талабгорӣ мекунанд. Ту зан гирифтанӣ ё туро ба зан диҳем?
Ин луқмаи амма Неъматҷонро водор сохт, ки ба як қарор ояд. Ба ӯ назари сарватманду амалдорони замона, ки духтарони болиғ доштанд, расида буд. Чеҳраи офтобӣ, тану тӯши рустамона, хиради ҷавонмардонаи ба қавле «йигити базеб» бозоргир буд. Ӯ аз миёни духтарони моҳчеҳраву наҳифпайкари шаҳрӣ ба духтараки зебо - Зураффобонуи дасту бозуяш аз меҳнат обутобёфта дил баст. Ва хато ҳам накард. Зураффобону низ ба ин хонадон омада, ҳузру ҳаловати худро ёфт. Дар бадали шаш соли оиладории аввал соҳиби чор фарзанди нозанин-Фаридуну Фирӯз, Фарангису Фараҳноз гардиданд. Ин тӯҳфаякони тақдир барои мустаҳкамнамоии риштаи муҳаббати оиладорӣ ба ҳарду кӯмак мерасонад. Аз ҳама муҳимаш Зураффобону ба орзуи деринаи худ расид. Донишҷӯи шӯъбаи ғоибонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид. Аз устодон Рауф Маъруфӣ, Солеҳ Ҳалим, Ҳодӣ Ҳусайн Далилӣ, Аслиддин Қамарзода, Шавкат Шукуров, Раҳмон Эгамбердиев, Азиз Зоҳидов ва дигарон таълим гирифт. Пас аз хатми донишгоҳ дар кӯдакистони рақами 34-и шаҳри Самарқанд солҳои дароз мураббиягӣ намуд.
Гӯё дирӯзакак буд, ки Неъматҷон Раҳматов ва Зураффобону Ҳамидова, ки сонитар ба насаби шавҳари худ гузашт, оила барпо намуда буданд. Аз он рӯзи хушбахтӣ аллакай чиҳил сол паси сар шудааст. Дар ин байн фарзандон соҳиби ҷоҳу ҷалол ва оилаҳои ибратбахш гардиданд. Ҳоло баробари онҳо ҳашт нафар набераҳои бобо рӯзгори волидони хешро бо шодиву харсандии хеш обод месозанд. Ҳоло набераҳои аввалин Далерҷон дар орзуи корманди ҳарбӣ асту Ганҷина чун модаркалони худ омӯзгор шудан мехоҳад. Некрӯзу Беҳрӯз, Ҷасминаву Комрон, Фарзонаву Манижа низ соҳиби маълумоти олӣ гардиданианд. Келинҳои хонадон Дилдораву Дилафрӯз меҳрубони оила ҳастанд. Аз мактаби модаршавҳари худ сабақи зиндагӣ омӯхтанд. Сарфу наҳв, харҷу озодагиро ба ҷои аввал мегузоранд. Имрӯзҳо Зураффо Раҳматова ба шасти умр қадам мениҳад. Дар паноҳи шавҳари меҳрубону якдилу якқавл, донишманд ва ғамхории аҳли хонадон хушбахтона умр ба сар мебарад. Ҳоло аҳли хонадон ҷашни 60-умин солгарди модаркалон, чилсолагии тӯйи никоҳӣ ва тӯйи суннатии Беҳрӯзҷон тайёрӣ мебинанд. Бигзор, чашми бад аз онҳо дур бод!

Озод ҲАМИДЗОДА


Дата добавления: 22/06/2018 15:47;   Просмотров: 1145
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку