Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БОНУВОНИ ЧОЛОК

Бо мақсади таъмини мулоқот бо халқ, ба варзиш ҷалб намудани бонувон, ҳифзи саломатии модару кӯдак, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷамъият ва ривоҷи варзиши бонувон дар мактаби таълими умумии рақами 24 зинаи ноҳиявии “Фестивали бонувони варзишгар” баргузор гардид. Он таҳти шиори “Модари солим – кӯдаки солим” гузашт.

Тадбирро мудири Шӯъбаи ташкил ва таъмини услубии фаъолияти муассисаҳои таълими халқи ноҳия Комил Тоҳиров кушода, оиди мақсад ва аҳамияти фестивал ҳарф зад.
- Бештари занҳои соҳибхона ба саломатии худ эътибор намедиҳанд, - иброз дошт К.Тоҳиров. – Бо варзиш шуғлварзиро гуноҳ мешуморанд. Вале пеш аз ҳама варзиш ба саломатии бонувон фоида дорад. Зеро модари солим фарзанди солимро ба камол мерасонад. Ба варзиш ва корҳои ҷамоа чалбнамоии бонувони соҳибхона яке аз мақсадҳои асосии фестивал аст.
Мувофиқи низоми фестивал соҳибхоназанҳои синнашон аз 25-сола боло аз рӯйи намудҳои волейбол, атлетикаи сабук, тенниси рӯйимизӣ, шашкаву шоҳмот, давидан ва датс байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Барномаи мусиқии Хонаи маданият ба тадбир шукӯҳи хос бахшид. Ҳамаи иштирокдорон чолоку фаъол буданд. Аз рӯйи намудҳои шоҳмоту шашка Саодат Эшонқулова, Озода Ҳотамова, Умеда Исмоилова ва Гулбаҳор Адашева ғолиб гардиданд. Дар тенниси рӯйимизӣ Мамлакат Аҳророва дастболо шуд. Гуландом Ғаниева, Дилнора Қаюмова, Мастура Ҳамидова, Хосият Ҳамроқулова, Гулҷаҳон Тошпӯлодова ва Садорат Набиева низ ғолибиро ба даст оварданд.
Ғолибон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гаштанд. Онҳо ҳамчун як ҷамоа дар зинаи вилоятии фестивал, ки рӯзҳои 7-12-уми август мегузарад, иштирок хоҳанд кард.
Дар фестивал ҳокими ноҳия Ботир Қодиров иштирок ва сухан кард.

Сарвинисо НАРЗУЛЛОЕВА
Д.НАСИМЙ


Дата добавления: 04/08/2017 15:25;   Просмотров: 1377
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку