Ҳоло роҳбарони масъули идораҳои давлатӣ дар ҷойҳо вохӯриву мулоқот мегузаронанд. Дар ин гуна вохӯриҳо боварии халқ афзуда, муаммоҳо бартараф мегарданд.
Чунин вохӯрӣ бо иштироки вакилони ҳокимияти ноҳия, идораву ташкилот-ҳои дахлдор, фаъолону сокинони маҳаллаҳо дар Ҷамоати шаҳрвандони Қӯлбаи поён баргузор гардид.
Вохӯриро раиси Ҷамоати шаҳрвандони Қӯлбаи поён Мансур Раҳмонов кушода, мақсади мулоқотро фаҳмонд.
Ҷонишини аввали ҳокими ноҳия Қурбон Қурбонов оиди иҷрои барномаи давлатии соли 2016 маълумот дод. Аз ҷумла, оиди мумфарш гардидани кӯчаи Андиҷонӣ, таъмиршавии 57 километр роҳҳои дохилӣ, ободии 25 адад кӯчаҳои маҳаллаҳо, инчунин ба барномаи соли 2017 дохил шудани таъмири капиталии бинои мактаби таълими умумии рақами 39 ҳарф зад.
Иштирокдорони мулоқот Мӯҳсин Мансуров, Аҳрор Ҳасанов, Шароф Муҳаммадиев, Мардон Остонақулов, Қутфиддин Сироҷқулов, Мамлакат Рауфова, Наимҷон Сиддиқов ва дигарҳо ба мутасаддиён бо саволҳои худ муроҷиат намуданд.
Бахусус, дар атрофи масъалаи дар шафати мактаби таълими умумии рақами 41 (маҳаллаи Талибарзуи поён) барпо намудани майдончаи варзишии бачагон баҳсу мунозира ба амал омад. Замини холишудаи бинои поликлиника се сол инҷониб бекор хобидааст. Дар ин бора ду сол боз ба шахсони дахлдор муроҷиат намуданд, аммо ҷавоби рад гирифтанд. Зеро соҳибкор Соҳиба Муҳиддинова он ҷо боғчаи бачагонаи хусусӣ барпо намуданист. Ба фикри аксар иштирокдорони мулоқот се боғчаи бачагона дар масофаи 500-800 метр дур аз якдигар фаъолият доранд.
Агар он ҷо майдончаи варзишии бачагон ташкил шавад, насли наврас бо намудҳои гуногуни варзиш шуғл меварзад. Шояд чемпионҳои оянда маҳз дар ҳамин ҷо ба камол расанд.
Умед дорем, ки масъулони ҳокимияти ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор ба ин эътиборро нигаронида, талаби халқро дастгирӣ мекунанд.
Раҳматилло ШАРИФЗОДА, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, собиқадори меҳнат
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.