Мухлисони каломи бадеъ ҳанӯз шаби эҷодии шоирон Бозор Собир ва Ҳаёт Неъматро, ки дар бинои Театри мусиқиву драмавии ба номи Ҳамид Олимҷони Самарқанд соли 1990 бо номи «Бозгашти рӯҳи пок» доир гардида буд, хуб дар ёд доранд.
Он шаб Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир дар васфи Самарқанду самарқандиён он қадар ашъори ноб ва сухани баланду самимӣ гуфт, ки гӯё ин шаҳри азим барои тамоми шоирон зодгоҳ аст. Зардушт ин ҷо шеъри аввалин суруда, Рӯдакӣ ин ҷо шеърро мартабаи меъроҷӣ дода. Аз ин рӯ, мардуми озодандешу муҳити озодаи Самарқанд аз дилу дидаи гарми Бозор Собир ҷой гирифтааст. Сад дареғ, ки адабиёти тоҷик аз чунин шоири дилгарму самимиашъораш ҷудо шуд. Дигар Бозор Собир сӯи Самарқанд намеояд, лек шеъри баланду гуфтори оташинаш ҷовидон аст.
Ӯ 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омад. Дар мақоми шеърофарӣ бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон ва дигар ифтихорномаву мукофотҳоро соҳиб аст.
Китобҳои «Пайванд», «Мижгони шаб», «Борони тиллоӣ», «Оташбарг», «Чашми сафедор», «Аз гули хор то симхор», «Бо чамидан, бо чашидан», «Офтобниҳол» аз ӯ ба ёдгор монданд.
Марг Бозор Собирро 1-уми майи соли 2018 дар мусофират – дар шаҳри Сиэтли ИМА ба коми худ кашид. Бо мадади ҳукумати Тоҷикистон ҷасади ӯро ба Душанбе оварда, дар қабристони Лучоб, шафати адибони номӣ дафн намуданд. Бозор Собир фармуда буд:
Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,
Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.
Розиям мирам маро дар хок нагзоранду лек,
Шеър дар ҳалқам бимирам,
Шоири халқам бимирам.
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.