Устод Санъат Муҳаммадиев на танҳо чун донишманди бузурги соҳаи биология, зоология ва ҳифзи табиат, гелментологи ҷаҳонӣ, балки ҳамчун муаллифи доимӣ барои рӯзномаҳои "Овози Самарқанд" ва "Гулобод тонги" новобаста аз сатҳи иқтисодии рӯзнома, табаддулоти раёсату ходимони он ҳамеша муносибати самимиву гарм дошт.
Охирҳои солҳои 90 идораи рӯзномаи "Овози Самарқанд" ба тангии молиявӣ рӯ ба рӯ омад. Дар чунин як ваъияти муташанниҷ низ кормандони эҷодии он заҳмат мекашиданд. Ҳаққи қалам танҳо ба муаллифони ғайриштатӣ дода мешуд. Агарчӣ ночиз буд, ба ҳар ҳол, ҳаққи роҳкирои рафту омад ё хӯроки якдафъаинаи нисфирӯзиро "мебардошт".
Устод ҳар гоҳ, ки ҳаққи қалам гиранд, ходимонро илтимос менамуданд, ки як боракак дар сари пиёлаи чой сӯҳбат кунанд ва ҳисобӣ аз эшон шавад. Эҷодкорони "Овози Самарқанд" ба он розӣ намешуданд. Мегуфтанд, ки мақолаҳои хонданибоби Шумо - зиёфати беҳтарин барои мо!
Рӯзе ходими ҷоннисори рӯзнома Тошқул Азимзода ва шодравон Шавкати Баҳром аз тадбире бармегаштанд, ки устод Санъат Муҳаммадиев рӯ ба рӯи ошхонаи "Панҷ чинор"-и сари роҳи идораи рӯзнома ҷузвдон дар даст рост истодаанд. Ҳоло кормандони идора ҳатто ба салом додан фурсат наёфта, устод бо овози марғуладори худ садо кардаанд:
Ассалому алейкум, охирон доштам-а, шумоҳона. Ин дафъа зиёфат аз ҳисоби худатон мешавад…
Пас аз пурсу пос рӯзноманигорон баҳона пеш оварданд, ки аллакай хӯрок хӯрдаанд.
- Не, Тошқулака, Шавкатхон, кор ин хел шуд, ки ягон бор нашуда буд. Медонед, идораи рӯзнома ба ман 3000 сӯм (он вақт қурби калон дошт) гонорар дод. Ин хизмати шумоён, ҷӯраҳо. Илтимос, шастамро нагардонед. Ин миқдор пул ҳам барои мо мерасаду ҳам барои янгапошшоятон як бозории зебо мекунем.
Азимзода ва Шавкатака ба рӯи ҳамдигар нигаристанд. Донистанд, ки агар ҳозир сӯҳбатро дар сари пиёлаи чой рад кунанд, устод сахт хафа мешаванд. Барои вазъиятро мӯътадил сохтан Тошқулакаи солор таклиф пеш овард:
- Акатӯра, ин тавр бошад, ба ягон ошхонаи дигар равем, мешудагист…
Ҳоло сухани Азимзода поён наёфта, Шавкати Баҳром, ки раҳматӣ одати саросемагӣ дошт, тасдиқ кард:
- Ҳа, ҳа, ин ҷо хеле қимат.
- Ҳар чӣ бошад ҳам, ҳамин ҷо ба ман маъқул шуд, - ба дудилагӣ нуқта гузошт устод Санъат Муҳаммадиев. - Охир, ҳамаи ин 3000 сӯмро ба хона намебарам-ку! Ноинсофӣ ҳам эбу ҳудуд дорад. Гапа кам кунед, рафтем.
Устод пеш-пешу рӯзноманигорон аз оқиб ба ошхона ворид шуданд. Хӯрок интихоб намуданд ва интизор шуданд. Бо иштиҳои қозгир, ки онро сӯҳбат ширинтар менамуд, ғизо тановул намуданд. Чун вақти ҳисобӣ расид, устод Муҳаммадиев назди ҳисобхонаи ошхона тохтанд. Бо вуҷуди он, ки рӯзноманигорон низ саҳм гирифтанӣ мешуданд, устод намегузоштанд.
- Ба йигитҳо кашмакашии пули хӯрок айб мешавад, - мегуфтанд устод.
- Ҳа, ҳа, "ман тиям, ман тиям"-и моро дида, кассир ду баробари хӯроки хӯрдаамон пул пурсиданаш мумкин, - файласуфӣ мекард Шавкатакаи соддалавҳи мо.
Ниҳоят устод ба назди кассир рафтанд ва чанд дақиқа он ҷо монданд. Чун ҳамсӯҳбатон хабар ёфтанд, ҳамаи пули устод ба ҳисобӣ нарасидааст…
- Ана, ман нагуфтам, ки хӯроки ин ҷо қимат, - ҳанӯз асабӣ мешуд Шавкати Баҳроми шодравон.
- Наход 3000 сӯм ба як "обед" нарасад. Ин хел шуданаш ҳеҷ мумкин нест, - мегуфт Тошқул Азимзода.
- Парво накунед, - чун берун омаданд, дилбардорӣ мекарданд Санъат Муҳаммадиев, - пул ёфт мешавад. Лекин 3000 сӯм ҳам қурбе надоштааст-мӣ, чӣ бало. Боз ҳамаи пулҳои кисаамро додам, боз нарасид. Як ҳуҷҷатамро мондам, сонитар пул оварда, мегирам.
- Ин хел шуданаш мумкин не! - боз бо қатъият мегуфт Тошқул Азимзода, - ё пулатон 3000 сӯм набуд ё инҳо сахт хато кард!
Чун ба идораи рӯзнома рафта, аз ҳисобдор аниқ намуданд, ҳамааш равшан шуд: устод аз касса 300 сӯм гирифта, ношумор 3000 сӯм гумон карда, ба киса андохтаанд.
Пулро оварда доданду лек ба қавли худ устувор монданд. Аз эҷодкорон сӯме нагирифта, зиёфат доданд.
Чунин хислатҳои мардонагӣ дар тинати устод зиёд аст.
* * *
Устод ба имтиҳонҳои гуногуни зиндагӣ рӯ ба рӯ омада, бо камоли сарбаландӣ онҳоро убур намудаанд.
Ҳамаи ин аз қудрати дуои модари азизашон Маҳфузахон Шаҳидӣ аст. Зеро модар устодро дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ думболагирӣ кардаанд. Овони бачагӣ, ҳангоми мактабхонӣ, даврони донишҷӯӣ, сарсонии мусофирӣ дар ҳама ҷо устодро бо дуову мададгориҳои маънавиву моддии худ мепарастиданд. Ба устод, ки луқмаи покиза додаанд, покниҳодона умр ба сар мебаранд. Дар ҳама вазъ ҳам аз қавли худ намегарданд.
Дар назди идораи рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд" мактаби маҳорати журналистони ҷавон амал мекунад. Ба он солҳои 2011-2016 асоси мустаҳкам гузошта шуд. Дар тӯли ин солҳо се навбат донишҷӯён аз устодони соҳаи журналистика, педагогика, таърих ва биология дарс омӯхтанд. Дар киштзорон, музей ва мактабҳо низ машғулот мегузашт.
Устод Санъат Муҳаммадиев бахши биологии мактаби маҳоратро сарварӣ менамуданд. Дар яке аз рӯзҳои баҳори соли 2015 машғулоти навбатӣ дар хона-музейи Боғи Гулханӣ - шоир Ориф Гулхании Самарқандӣ мегузашт. Масъул Санъат Муҳаммадиев буданд. Дарс соати 14.00 оғоз меёфт. Ин ҷониб, ки он айём сарварии рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд"-ро ба ӯҳда доштам, нади тирезаи кабинет омада дидам, ки борон ягон-ягон меборад. Болои шаҳр ҳаво абри сиёҳ ҷамъ месозад. Борони бошиддат омаданаш мумкин. Ба сарвари хона-музей, бузургмарди саҳнаи маърифат ва сиёсат, гулпарвари номӣ, ҳомиву ҳодии гулпӯшии диёр Муқимҷон Орифӣ занг зада илтимос намудам, ки бояд ҷойро ба айвон тайёр кунем, сонӣ, агар устод Муҳаммадиев аз асари шикастубандии пой, намнокиву рутубати ҳаво омада натавонанд, пас дарсро худатон мегузаронед. Бештар машғулоти амалӣ мешавад. Ҳозир ман ба устод Муҳаммадиев занг зада, ҳолаташонро мефаҳмам. Розӣ бошанд, барояшон мошине роҳӣ мекунем.
- Озодҷон, аз ин тарафи масъала осуда бошед, шогирдҳотон дар вақташ биёянд, шуд. Мана дар шафати ман Санъат Муҳаммадиев нишастаанд. Якуним соат пештар аз вақти муайяншуда омаданд. Йигитҳои Самарқанд - соҳиби сухани худ, - хандида гуфтанд Орифӣ. Санъат Муҳаммадиев қоҳ-қоҳ мезаданд.
"Аҳсант ба шумо, устодон!" гуфтам худ ба худ ва зуд сӯи ошёни Гулханӣ шитофтам.
- Шумоя овора кардем, устод, - гуфтам ба Муҳаммадиев. - мошин ваъда карда будем. Шумо пешдастӣ намудед.
- Ҳеҷ гап не, бачаҳо омада, сарсон нашаванд гуфтам-дия. Хиҷолат накашед. Духтарам овард, барака ёбад. Боз гуфт, ки занг занед, омада мебарам.
- Не, омадан бо иродати меҳмон, рафтан бо иҷозати мизбон гуфтаанд, - лутф намуданд соҳибманзил Муқумҷон Орифӣ.
Пас ҷойи машғулоти назарӣ муайян шуд.
- Як фикр! - ба асои худ ду дастони худро такя дода, айнаки булӯринро болотари пешонӣ гузошта, диққати моро сӯи худ кашиданд устод Санъат Муҳаммадиев ва афзуданд, - Фикр ҳамин, ки агар розӣ бошетон, гармхонаи лимӯву банан, гулҳои тубакиро худатон тамошо диҳед, бо навъҳои онҳо шинос кунед, тарзи шинонидан ва пайванду парвариши тухмиву ниҳолакҳоро баён созед. Табиати дарахту гулбуттаҳои рӯи ҳавлиро фаҳмонед. Пас аз экспонатҳои музейи Бобои Гулханӣ шинос шуда, ҳо, дар айвон боло мебароем. Ҷойи машғулоти амалӣ ҳамон ҷой интихоб шавад, беҳтар. Аз боло истода, шукуфоии лолаву райҳон ва бунафшаву настаран ба кас ҳаловат мебахшад. Чӣ гуфтед, хизмат намешуд-мӣ? - суоломез ба сӯйи Орифӣ ва ман нигаристанд устод.
- Ҳамаи ин фикрҳоятон ба фоидаи мо-ку. Ҳеҷ гап не, стулҳоро он ҷо мебарорем, - хушҳол шуданд Орифӣ.
- Стулҳоро ку мебарорем, лекин ба худи устод душворие пеш намеорем. Охир, зинапояҳоро як-як зер карда баромадан осон набудагист… - хиҷолат кашида гуфтам ман.
- То бачаҳо ҷамъ мешаванд, гармхонаву ҳавлибоғро давр мезананд, ки ман маза карда, саёҳати оламу айёми Гулханӣ мекунам. Аз пастӣ фуромадан боло баромадан хубтар аст. "Мо зи болоем, боло меравем!" мегӯянд. - бо азму шуҷоати гирои худ моро хурсанд карданд устод ва афзуданд. - То машғулоти назарии шогирдон ман боло баромада, ҳатто як пиёла чой ҳам менӯшам… - инони хандаи баландро, ки танҳо хоси худи устод аст, сар доданд Санъат Муҳаммадиев.
Пас аз фурсате, пеш аз соати ваъдагӣ олими санъатшинос, яке аз масъулони мактаби маҳорат устод Ато Аҳрорӣ расида омаданд. Ва ду пири хирад сӯи айвони Гулханӣ рафтанд.
- Ҳамеш нағзу боз ҳамин суратро дар ҷояш гузоштед-дия. Агар ин сурат дар музейҳои шаҳрҳои Аврупо мебуд, бо навбат ба тамошогоҳ табдил медоданд, - ба сӯи мусаввараи бузурге, ки сурати устодони адаб Садриддин Айнӣ, Ориф Гулханӣ ва Олимҷон Орифӣ болои чорпояи ҳавлибоғи Гулханӣ аз ҷониби Арбоби шоистаи санъати Ҷумҳурияти Ӯзбекистон шодравон Даврон Сафозода ва фарзанди мониқалами ӯ Баҳром Сафозода кашида шудааст, ишора намуданд устод Санъат Муҳаммадиев.
- Чун санъатшинос ба завқи баланди Шумо қоилам Эшонбобо, Муқимҷон ҳам аноӣ не, - лутф намуданд устод Ато Аҳрорӣ.
Он рӯз машғулоти одатан дусоата зиёда аз панҷ соат бо маъниву бозёфтҳои илмиву амалии тоза давом ёфт.
Он рӯз Санъат Муҳаммадиев дари асрори илми худро бо назокату нафосати фанни покизапарастӣ ва покниҳодӣ ба рӯи шогирдон кушод.
- Муқимҷонака, (ӯро одатест чунин. Ҳамаро бо меҳрубонӣ навозишкорона даъват мекунад. Шумо-шумо, ака, укаҷон гӯён муроҷиат менамояд) масъалаи боғи ботаникӣ чӣ шуд? - пас аз бозгашти шогирдон аз дасти Орифӣ дошта, пурсиданд устод.
- Домулло, дар ҳудуди боғи экологӣ, ки як пораи Боғи Гулханӣ хоҳад буд, чанд муаммо баромад. Лекин мо дилсард нашудем. Ҳамагӣ обод мекунем.
- Мани пиронасар ҳам аз ин кори савоб дур намонам-дия, акаҷон, хаймӣ? - бо таъйинот хоҳиш намуданд устод.
- Охир шумо яке аз мушовиру маслиҳатгари асосӣ шуда мемонед. То ҷон ба бадан дорем, ҳамроҳ кор мекунем.
- Ҳамту мекунем. Аз некон боғ гуфтаанд, монда набошед, хаймӣ? - бо меҳрубонӣ хайрухуш намуданд устод.
Сабукраве, ки дар курсии аввалаш устод Санъат Муҳаммадиев қарор доштанд, сӯи манзилашон мерафту мо дилкашолон аз оқибашон назар медӯхтем.
Ин қадар дилсӯзие, ки устод нисбат ба ҳар гӯшаю канори мамлакатамон доранд, афкори баланде, ки доир ба ҳифзи табиат, олами рустанӣ, ҳайвонот ва ғайра доранд, боз аз кӣ ёфтан мумкин. Ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ низ устодро ба дилу дидаҳои ҳама азизу наздик мекунад.
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.