Имрӯзҳо сӯҳбати асосии мардум дар сари қиматии нархи гӯшт қарор дорад.
Дар халқ мақоле ҳаст: "Гирад зам кун, нагирад кам". Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ба дуруст будани ин мақол ҳар як шахс гувоҳ мегардад. На танҳо нархи гӯшт, балки дигар маҳсулот низ аз ҷиҳати мавсумию талаби аҳолӣ тағйир меёбад.
Мувофиқи маълумоти статистикии савдо ба қимат шудани нархи гӯшт аввало талабу эҳтиёҷи мардум сабаб гардида бошад, дуюм кам шудани чорво аст. Чӣ тавре, ки қассоби пуртаҷриба Нӯъмон Шарифов иброз медорад, то фурӯши озуқаи чорво, аз ҷумлаи ему кунҷола дар дӯконҳо бо нархи арзон ва озодона нашавад, нархи гӯшт арзон намешавад. Охир молбонӣ ҳам осон нест. Сонӣ илоҷи ҳар чӣ зудтар аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя овардани чорворо ёфтан лозим.
Шумо ба ин чӣ мегӯед, хонандаи азиз?
Н.ДИЛРАБО
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.