Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

«ЧАШМИ ДИЛ» -И ҲАМА

Он айём Собирҷон дар синфи панҷ ё шашум таҳсил мегирифт. Тавассути оинаи нилгун барномаҳои гуногунро бо завқ тамошо мекард. Ба вай бештар дар назди микрофон истода шеър хондани шоирону ровиён писанд меомад. Ӯ хурд буд, вале бисёр шеърҳои Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Лоиқ Шералӣ ва дигаронро аз ёд медонист. Шояд аз ҳамин сабаб гоҳ-гоҳ аз латта ё бари курта «микрафон» сохта, назди ҳамсояҳо ва ҷӯраҳо ба ровии дӯстдоштааш Маҳмудҷон Воҳидов тақлидомез ҳунарнамоӣ мекард. Ҳозирон баъди қироати ғазалу рубоиёт кафкӯбӣ карда, мукофоташ медоданд.
- Ин писаратон албатта санъаткор ё хабарнигор мешавад, - мегуфтанд ба модараш ҳамсояҳо, - Ана, бинед, истеъдоди фавқулодда дорад.

- Кош гуфтагиҳои шумоён шавад, - ба сӯи фарзанд бо меҳр дида дӯхта, табъи дили модари муштипар Санталат Шарифова болида мегашт, - ба ҳама ҳам журналист шудан муяассар намегардад.
Муаллимаи забони модарӣ ва адабиёти мактаби рақами 39 Гулбаҳор Ҳайдарова машқи шеърҳояшро аз назар гузаронида, умед дошт, ки Собирҷон шоир хоҳад шуд. Инчунин, устодони фанҳои дигар дар симои шогирди аълохон Собирҷон Бурҳонов вориси муносиби худро медиданд. Аммо сад дареғ, ки сарвари оила, шаҳсутуни хонадон, чорагари тамоми муаммоҳои зиндагӣ Субҳонқул Бурҳонов дар синни 37-солагӣ нобаҳангом аз сактаи дил чашм аз олами ҳастӣ пӯшид. Собирҷони наврас ба ҷои шеъру суруд марсия хонда, ҷигарҳои хешу пайвандонро хун кард. Тамоми душвориҳои зиндагӣ ба сари модари бечора ва фарзанди калони оила Собирҷони 14-сола омад. Шояд маҳз он солҳо ба дилаш мавҷи пуршикан омаду рафтани ҷаҳони бачагии беғамиро дарк намуд.
Бо амакаш ба бозори Сиёб омаду шогирди мудири дӯкони савдо шуд. Аммо бо дилбастагӣ хонд, мактабро хатм кард ва ба факултаи филологияи тоҷики ДДС ҳуҷҷат супурд.
Ӯ ба тарзи шартномавӣ номи донишҷӯйро гирифт. Модар ду сол ба қарз ғӯтида, маблағи таҳсилро пардохт. Аммо соли саввум маблағи кофиро ёфта натавонист. Вай бо сари хаму чашми пурнам ба қабулхонаи ҳокими ҳамонвақтаи ноҳияи Самарқанд Раҳима Ҳакимова (Руҳаш шод бод!) омаду дарди дилашро ба ёрдамчии ӯ гуфт.
- Ойтиҷон, шумо барин одамҳои мӯҳтоҷ чунон бисёр, ки шумурашро гум кардем, - бепарво даст афшонд ходими ҳокимият, - беҳтараш вақтро гум накарда, ба дигар ҷо равед.
- Ҳокимаро ҳама шахси мушкилкушо мегӯянд, - ба мақсад гузашт Санталат Шарифова, - ноумед шайтон, як маротиба аз назди Раҳима Ҳакимовна гузарам бас, ана баъд ба дилам оби хунук мезанам, укаҷон.
- Ихтиёратон.
Пас аз се соати интизорӣ Раҳима Ҳакимова омад ва бо зани корафтода самимона вохӯрӣ кард, ки гӯё онҳо дӯстони ҷонӣ ва ҷавонианд.
Санталат Шарифова баъди ҳолу аҳвол пурсидан ангуштарини никоҳиро аз ангушти беном гирифту рӯйи миз гузошт ва фаҳмонд, ки ин тӯҳфа аст. Фақат барои пайдо кардани ҳомӣ кӯмак диҳад.
Раҳима Ҳакимовна зане буд дилсафед, савобталаб, мушкилкушо.
- Хоҳари ширин, - бо табассуми малеҳ зани муштипарро ба оғӯш кашид, - ман ятимиро аз сар гузаронидам. Аҳволи шуморо мефаҳмам. Ангуштаринатон ба худатон насиб кунад. Агар ба ҳамин писари донишҷӯ келин оваред, аз номи ман тӯҳфа мекунед. Ҳозир ман ба раиси хоҷагии ҷамоатии «Гулобод» занг мезанам, масъала ҳал мешавад...
Собирҷони Бурҳон аз устодони обрӯманди илму адаб Ботурхон Валихоҷаев, Раззоқ Ғаффоров, Малик Адашев, Солеҳ Ҳалимов, Аслиддин Қамарзода, Азиз Зоҳидов, Садрӣ Саъдиев, Ҳамроқул Бурдиқулов ва дигарон бисёр чизҳоро ёд гирифт. Солҳои донишҷӯӣ риштаи ҳамкории ӯ бо рӯзномаи «Овози Самарқанд», «Гулобод тонги», «Овози тоҷик», «Самарқанд» ва СТВ мустаҳкам шуд. Сухандон Шаҳлои Аҳрориён ӯро ба шогирдӣ гирифт.
Ӯ соли 2002 бо дипломи мактаби олӣ ва роҳхат ба ширкати симо ва садои вилоят ба кор омад. Бо эҷодкории хосса, ташаббускорӣ, навоварӣ ба диққату эътибори роҳбарон афтод. Гузоришҳои ӯ аз таҷлили Наврӯзи аҷам, базми солинавӣ, истиқлоли кишвар ва алахусус лавҳаю очеркҳо дар бораи Самарқанду самарқандиҳо басо дилнишину хотирнишин аст.
- Бовар кунед, ҳар пагоҳӣ модари муқаддасу меҳрубонам Санталат Шарифова ризо ва дуо гирифта, аз паси корам мешавам ва ба орзуи дил мерасам. Ва ману додаронам Одилҷону Сӯҳробҷон, ҳамсарам муаллима Гулрӯ Восеева, фарзандонам Анисабону, Нафисабону ва Асадбек дар хизмати модар ҳастем.- иброз медорад «чашми дил»-и самарқандиён Собирҷон Бурҳонов.

З.НАҶМИДДИНОВ


Последнее редактирование: 03/07/2018 15:57;   Просмотров: 1166
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку