Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЧИЛЛАИ ЗИМИСТОН ГУЗАШТУ...

Зимистон айёми сардӣ, яъне хунукӣ буда, дар он растаниҳо, аз ҷумла гулу дарахтон аз сабзидан карахт мешаванд ва дар ин вақт ҳаво бо барфу хунукии қаҳратун шабу рӯз заминро сард нигоҳ медорад.

Мутаассифона, фасли зимистон на дар ҳамаи давлатҳои дунё як хел хунукӣ меорад. Масалан фасли Зимистон дар қисмати шимолии Ҳиндустон агар бо барфу яхбандӣ бошад, пас дар ҷануби он ҳаво хеле гарм аст, ки дар оби баҳр бемалол оббозӣ кардан мумкин аст.
Маълумот дар бораи таърихи пайдоиши фасли зимистон: Зимистон ин фаслест, ки дар луғати тоҷикон аз замонҳои қадим омадааст ва онро ҳамчун замони азобу душворӣ медонанд. Дар таърих ин фаслро ҳамчун фасли марг номбар мекунанд, чунки дар ин айём одамон аз гуруснагиву хунукӣ бештар мемиранд.
Фасли зимистон яке аз мавзӯъҳои муҳими табиатшиносист ва барои ҳамин ҳам дар бораи он иншо ва реферат менависанд, ки барои мактаббачагону хонандагони таълимгоҳҳои махсус лозим мегардад.
Зимистон чист? Зимистон яке аз чор фасли сол мебошад ва дар ҳар кишвари дунё дар ҳаргуна моҳу рӯз фаро мерасад. Масалан зимистон агар дар моҳи декабр дар Ӯзбекистон фаро расад, дар кишварҳои Австралия, Чилӣ, Мадагаскар, Перу одатан моҳи март оғоз мегардад. Сабаб дар он, ки офтоб одатан моҳҳои декабр қисмати ҷанубии сайёраи моро бештар гарм мекунад ва барои ҳамин ҳам аз сабаби кам будани нури офтоб дар қисмати шимолии кураи замин ин минтақаҳо хунук мешаванд.
Манзараи фасли зимистон дар кӯҳҳо ва дар қишлоқчойҳо вақте ки пур аз барф аст, хеле зебову аҷоиб мешавад, ки аз назар андохтан ба ин гуна манзара ҳаловати зиёд метавон гирифт. Сад ҳайф, ки ҳоло чиллаи зимистон поён меёбаду аз барфе, ки кӯчаву ҳавлиҳои моро пур кунад, дараке нест. Охир зимистон барои бачагон айёми барфбозӣ, ҷашни солинавӣ, бобои барфӣ сохтан, яхмолакбозӣ аст, ки дар ёди онон то ба пирӣ мемонад. Лек дар баъзе кишварҳо фасли зимистони хунук вуҷуд надорад, чунки офтоб онҳоро доимо гарм нигоҳ медорад. Ба чунин кишварҳо дохил мешаванд ҷумҳуриҳои Африқо, Индонезия, ва Амрикои миёна. Наход мо экологияро чунин вайрон кардаем, ки барф аз мо қаҳр кардааст?! Шумо ба ин чӣ мегӯед, хонандаи азиз?

Таснифи Д.НАСИМӢ


Последнее редактирование: 25/01/2019 15:09;   Просмотров: 1631
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку