Бисёр касон гумон мекунанд, ки чойхонаҳо дар кишвари мо бо устувор шудани сохти Шӯравӣ шакл гирифтанд. Аммо то болшевикҳо низ чойхонаҳо буданд ва гарчанд чойник ва самовор номҳои русианд, чойхонаҳои мардуми мо аллакай ба мактаби миллии тарбиявӣ-маърифатӣ табдил ёфта буданд. Ба он далел мегӯем, ки дар чунин чойхонаҳо гурӯғлихонӣ, маснавихонӣ, навоихонӣ, бедилхонӣ ва бештар хондани достонҳои Амир Ҳамза, Самаки Айёр ва ғайра расм буд.
Агар ягон кас беодобиро аз ҳад гузаронад, дар чунин чойхонаҳо аҳли гузар маҷлис карда, ӯро ба роҳи рост даъват менамуданд ва агар гӯш кардан нахоҳад, радди маърака мекарданд, касе на салом медод, на ба маърака даъват менамуд.
Коммунистҳо зуд чойхонаҳоро ба асбоби тарғиботии худ табдил доданд. Чойхонаҳои сурх ном гирифтанд, дар онҳо рӯзномаҳои ҳизбиву давлатӣ, радиоприёмник ва дертар телевизор пайдо шуду лекторҳо омада оиди сиёсати ҳизбу давлат маърӯзаҳо мехонданд.
Баъди истиқлол низ чойхонаҳо маркази маънавияту маърифат гардиданд ва ҷои ҷамъомади аҳли гузару маҳалла шинохта шуданд.
Ҳавз манбаи оби нӯшокӣ ва хомӯшкунии сӯхтор ба ҳисоб мерафт. Ғайр аз ин ҳавз дар гирду атроф, дар вақти саратон, иқлими форамро ба вуҷуд меовард. Вазъияти экологӣ, ки бад набуд, оби ҳавз барои нӯшидан истифода карда мешуд. Водопровод мавҷуд набуд. Оби ҳавз боз хислати дигаре ҳам дошт. Дар он қурбоқа шино карда мегашт, об аз ҳаргуна микроб тоза мешуд. Қурбоқа боз як хислати аҷиб дорад. Агар ӯро дар даруни шир партоӣ, шир якчанд рӯз сифаташро гум намекунад. Қурбоқа шаклу сурати бад дошта бошад ҳам, хислати хубашро ба назар гирифта дар мамлакатҳои Шарқу Ғарб аз ӯ барои пухтани таом истифода мебаранд. Дар замони мо қурбоқаро табибони халқӣ барои муолиҷаи касалиҳои вазнин истифода бурда истодаанд. Ман аз он хабардорам, ки шахсони аз духтур шифо наёфта, бо воситаи қурбоқа аз касалӣ халос ёфта истодаанд.
Қурбоқа ҳайвоне мебошад, ки дар оби заҳрнок якчанд рӯз зиндагӣ карда метавонад. Агар ях карда монад, бо об шудани ях оҳиста-оҳиста ба ҷон медарояд. Ин мӯҷизаест, ки Офаранда ба ин ҷонвор тӯҳфа кардааст. Чи тавре, ки маълум аст, хелҳои қурбоқа қариб ба 40 мерасад. Дар хушкӣ бошад, ӯ бар зидди зараркунандагон мубориз аст. Ҳатто мори заҳрнокро бо маҳорати ба худ хос, дошта мехӯрад. Ба ҳамин сабаб мӯйсафедон куштани қурбоқаро убол мегӯянд.
Ҳоло дар бораи чойхона каме сӯҳбат кунем. Маркази маҳалла ин чойхона аст. Солҳои 40-50-уми асри гузашта чойхона ҷиҳати ба худ хос дошт. Дар чойхона аксар калонсолон менишастанд. Дар ин ҷо бисёртар шоҳмоту шашка, нард ё картабозӣ мекарданд. Мӯйсафедон дар мактабҳои нав таҳсил накарда бошанд ҳам, маданияти ҷамоавӣ доштанд, овозашонро баланд накарда байни ҳам сӯҳбат мекарданд, ғайбат набуд. Сабаб ин бошад, ки дар урфият гуфтаанд: Ё гарди меҳмонхона хӯр, ё гарди мактабхона.
Дар чойхона баъзан хазлу шӯхӣ авҷ мегирифт, қофиябандӣ мешуд. Дар ин вақт бо овози баланд хандидан расм буду гӯё, ки чойхона меларзид. Чойхоначӣ шахси боҳурмат буд.
То ҳоло байни мӯйсафедони минтақаи Хоҷа Аҳрор чойхоначиёни машҳур вирди забонанд, мисли Саидмуродбобо, Истадбобо, Акрамбойбача ва ғайра.
Ва касе, ки ба чойхона омада нишаст, дарҳол чойхоначӣ як чойник чойро дам карда ба назди ин шахс бурда мемонд. Он шахс чойро бемалол нӯшида, муздашро дар назди пиёла мемонду аз чойхона баромада мерафт. Кӣ чӣ қадар пул диҳад, ба каму зиёдаш аҳамият намедоданд.
Баҳром ИСТАМҚУЛОВ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.