Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЧОЙХОНА – МАРКАЗИ ИСТИРОҲАТ

Маҳаллаҳои Хоҷа Аҳрору Хоҷаи Кавшер аз маҳаллаҳои сераҳолитарини ноҳияи Самарқанд ба шумор меравад. Солҳои гузашта дар ин масканҳо се чойхонаи калон фаъолият дошт.

Чойхонаи Саидмуродбобо дар назди лаби ҷӯи мавзеи Хоҷа Кафшер, чойхонаи усто Темурбобо дар шафати собиқ ҳаммоми Хоҷа Аҳрор ва чойхонаи Истамқулбобо дар назди ҳавзи калон ҷойгир буд. Ҳар се ҷойхона ҳамеша серодам буд. Меҳмонону роҳгузарон  дар чойхона даромада, чой нӯшида истироҳат мекарданд. Аксар ба ягон маърака рафтанӣ шаванд, ҷойи вохӯриро дар чойхонаи “Меҳр” таъин мекарданд. Пиронсолон дӯстони деринаашонро дар чойхона вохӯрда, сӯҳбат меоростанд.

Ҳоло ин чойхонаҳо нестанд. Ба ҷойи чойхонаи Саидмуродбобо ва усто Темурбобо мағозаҳо қад афрохтаанд. Чайхонаи лаби ҳавзи калон бошад, бекору бинояш таъмирталаб аст. Ҳавзи калони 30х30 метра бе обу атрофаш пур аз хасу       алафҳои бегона аст.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  соли 2017 Соли мулоқот бо халқ ва манфиат-ҳои инсон эълон гардид. Чойхона макони мулоқот бо мардум аст. 

Агар мутасаддиёни ноҳияамон ба кори хайр миён баста, чойхонаи лаби ҳавзи калонро таъмир намоянд, нур болои нур мешуд. Зеро дар ин ҳудуд чойхона зарур аст. Дар атроф бинои суди ноҳия, идораи шӯъбаи корҳои дохилӣ, банк ва дигар ташкилотҳо ҷойгир аст.  Садҳо корафтодагон аз офтоби сӯзони тобистону ҳавои сарди пурбарфу борони зимистон ҷойи паноҳ меҷуянд.  Онҳо дар чойхона истироҳат намуда, дуо мекунанд.

Агар ҳавз пуроб гардаду атрофаш обод шавад, кас ҳаловат мебарад. Барои ин бинои чойхонаро таъмир кардан, кату курсиҳоро ёфтан ва палосу кӯрпачаҳоро омода сохтан зарур аст.  Даруни ҳавзро аз об пур карда, роҳи обравро, ки аз шифохонаи марказии ноҳия мегузарад, кушодан мувофиқи мақсад аст.

Ба фикри ман чойхона маскани тарбия низ ба шумор меравад. Дар чойхона аз таҷрибаи зиндагии пирони рӯзгордида ҷавонон ибрат хоҳанд гирифт. Дар маҳаллаҳои Хоҷа Аҳрори Валию Хоҷа Кавшер набудани чойхона айб аст.

Дар ин бора фикри  мутасаддиёни ноҳия,  раисони маҳаллаҳо ва мардумро интизорем.

Ёқубҷон НОРБОЕВ

 


Дата добавления: 27/01/2017 15:20;   Просмотров: 1496
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку