Ёд дорам, рӯзи якуми сентябри 1981 буд. Субҳидам модари муқаддасам либоси тозаву озода пӯшонида, аз ҷабинам бӯсида… бо як даста гул то сари кӯча гусел карданд. Ана баъд бо падари бузургворам Ҳамроқул Бардиқулов (илоҳо. ҷояшон дар ҷаннат шавад!) сӯи мактаби деҳа хандону шодон равон шудем. Аллакай саҳни таълимгоҳ бо волидайну толибилмон пур буд. Муаллима Маҳфиза Умарова пас аз сӯҳбат бо қиблагоҳам ба шогирдӣ гирифтанд. Навиштану хонданро аз аввалин устодам омӯхтам. Пас аз номаи камол гирифтан ҳуҷҷатамро ба Донишкадаи педагогии Самарқанд супоридам. Хушбахтона, дари толеъ ба рӯям боз шуд, ки аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузаштам. Дар тӯли чор сол аз устодони сахтгиру меҳрубон паҳлӯҳои гуногуни педагогикаро омӯхтам. Аммо вақт чунон зуд сипарӣ гашт, ки то ҳол дар ҳайратам.
Бо дипломи донишкада боз ба мактаби зодгоҳам омадам. Фаъолияти педагогии ман бо вазифаи сарвари пешоҳангон оғоз ёфт. Ана баъд муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ва сипас ҷонишин ректор оид ба корҳои таълиму тарбия таъин гардидам.
Қариб 15 сол аст, ки сарвари мактаб ҳастам. Ҳоло дабистони мо навбунёд аст. Имрӯзҳо беш аз ҳазор нафар фарзандони деҳаи таърихии Арабхона дар синфхонаҳои васеъ, равшан ва бо асбобҳои аёнӣ ҷиҳозонидашуда таълиму тарбия мегиранд. Ба онҳо 57 нафар омӯзгорони баландихтисос сабақ медиҳанд. Соли равон 68 нафар писаракону духтаракон дабистонро хатм карда, шомили мактабҳои олӣ ва ҳунаристонҳо шуданд.
Воқеан, дар Муроҷиатномаи сарвари давлатамон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари дигар масоили маҳими иқтисодиву иҷтимоӣ сари масъалаҳои боло бурдани сифати таълиму тарбия, мустаҳкамнамоии пояҳои ахлоқи ҷомеа, гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ, ҳифзи истиқлолият, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа ва ғайра ба таври махсус таъкид шуд. Зеро дар радифи пешбурди бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои кишвари мо дар ин давраи муҳим тарбияи насли наврас чун обу ҳаво зарур аст. Муроҷиатномаи мазкури Президентамон раҳнамои бебадалест барои давлату миллати мо - на танҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ, балки ба ҳама қишрҳои ҷомеа ва ҳар фард, махсусан барои насли ҷавон мусаллам аст, ки имрӯз ҳидоятҳои сарвари давлатамонро сармашқи зиндагии худ қарор бидиҳем, пас ояндаи дурахшоне насибамон хоҳад шуд.
Дареғо, ки пандемия муаммоҳои зиёдеро пеш овард. Бо вуҷуди он омӯзгорон ба тарзи онлайн ба шогирдон сабақ медиҳанд. Устодони синфҳои ибтидоӣ Гулнора Шукурова, Мунира Нозилова, муаллимаи фанни риёзӣ Фавзия Пирназарова, физика Ҳимоят Ҷабборова, забони хориҷӣ Шоҳрух Бекмуродов, тарбияи ҷисмонӣ Ӯктам Мардонов ва дигарон ифтихори ҷамоаи мо ҳастанд.
Чанде пеш бо мақсади баланд бардоштани самаранокии омодагӣ ба соли хониши нав дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва чораҳо оид ба ҳифзи саломатии хонандагон ва омӯзгорон вазири Вазорати таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шерзод Шерматов ба Самарқанди бостонӣ ташриф фармуд. Вай баъди шинос шудан бо фаъолияти мактабу маорифчиёни вилоят тавассути онлайн машварат ороста нисбати бурду бохти мо - масъулони соҳаи мазкур ҳарф зад.
Албатта, камбудиҳо мавҷуд ва бартараф кардани он барои мо ҳам қарзу ҳам фарз.
Хулоса, мактаб даргоҳи муқаддас. Зеро ба қавли устод Садриддин Айнӣ:
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад басе ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям:
Одам нашавад касе, магар аз мактаб.
Моҳчеҳра БЕРДИҚУЛОВА,
сарвари таълимгоҳи рақами 3-юми деҳаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд
Дар акс: чанд лаҳза аз ҷараёни таҳсил.
Аксбардор Баҳодури ЗОҲИР
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.