Маҳз дар айёми зимистон деҳқону зироаткорони асил ба ҳосили соли оянда замина мегузоранд. Аз ин рӯ, нигоҳубини боғу токзор мақсади асосии онҳост.
Кишоварзон бояд дар фасли зимистон чи тадбирҳоро анҷом диҳанд, ки аз боғу токзорҳои бисёрсола ҳосили фаровон ба даст оранд. Барои ба ин масъала рӯшанӣ андохтан бо доктори улуми биологӣ, профессор Санъат МУҲАММАДИЕВ сӯҳбате оростем.
- Шумо дар бораи нигоҳубину шаклдиҳии боғу ток ба деҳқонон чӣ маслиҳат доданиед. Боғбонону токпарварон пас аз ҷамъоварии ҳосил дар навбати аввал чӣ корҳоро бояд анҷом диҳанд?
- Вақте ки ҷамъоварии ҳосил ба охир мерасад, нахуст боғу токзорҳоро аз хору шохчаву унсурҳои дигар тоза намуда, ҷӯйи бехи дарахтонро канда, барои обмонӣ омодагӣ дидан даркор аст. Зеро аз рӯи меъёр ба як гектар боғ дар фасли зимистон 800-900 метри мукааб оби каму дарозмуддат додан лозим аст, то ки намӣ ба мавқеи асосии ҷойгиршавии решаҳои дарахтон ва буттаҳои ток (то 1 метр чуқурӣ) расад.
Агар замини боғ лалмӣ бошад, аввал ба побели таги дарахту токзор ва сипас ба нарм кардани байни қаторҳо машғул шудан лозим. ҳангоми яхобмонӣ ҷӯйҳо тавре кашида шаванд, ки об аз замин берун нарафта, ҳар чи бештар намӣ ба қаъри он равад. Яъне дар қитъаҳои лалмӣ намғундорӣ ва намнигоҳдорӣ асоси кори боғу токпарварон гардад.
Мавриди зикр аст, ки ниҳолони боғот танҳо баъди шодобӣ нафаси тоза мегиранд ва дар фасли баҳор ба хубтар нумӯъ намудан омода мешаванд. Баъди хокрез шудани замин коркарди бехи ниҳолҳо ва байни қаторҳоро давом додан ба манфиати кор аст.
- Як тадбири муҳим буридани навдаҳои зиёдатии дарахту ток аст. Қоидаҳои дурусти агротехникаи ин амал чӣ гуна аст?
- Албатта, ҳосили зиёд ё кам гирифтани боғбонону токпарварон ба ин амал вобастагии калон дорад. Зеро аз нодуруст буридани шох ва надонистани қоидаҳои дурусти агротехникӣ бохти зиёд карданашон мумкин.
Одатан ба ин кор баъд аз хазонрезӣ шурӯъ бояд кард. Мақсад аз буридан ва шакл додани дарахтону токҳо меваи калону сифатан беҳтар ба даст овардан мебошад. Боғбони ботаҷриба шохаҳои дарахтони ҷавонро боло бардошта якҷо мебандад, ки аз вазни барфи тар кам осеб бинанд. Агар решаи дарахтонро бо хок пӯшонем, дар сармои қаҳратун ҳам ба решаҳо хисорот намерасад.
-Чӣ гуна дарахтро пешакӣ ба ҳосилбандӣ омода кардан лозим аст?
-Инро сарборӣ мегӯянд ва сарбории дарахтонро чунин ба ҳисоб мегиранд. Масалан, агар дарахти ҷавони себ панҷ шохаи калон ва ҳар яки он чортоӣ шохча дошта бошад, пас дар ҳар шохаи калон 200-тоӣ гулхона мондан лозим. Агар ҳар гулхона яктоӣ себи стандартии содиротӣ, ки 100 грамм вазн дорад, диҳад, 20 килограмм ҳосил пешбинӣ мегардад. Албатта, ин рақам вобаста ба синну соли дарахт, меваи он ва ба ҷо овардани агротехникаи парвариш зиёд ё кам мешавад.
Аҳамияти пешакӣ тахмин кардани ҳосил дар як дарахт, як гектар ва ҳамаи замини боғ аз он иборат аст, ки мувофиқи он ғизодиҳӣ, обдиҳӣ, нармкунии замин ва муҳофизати ҳосил аз касаливу ҳашарот сурат гирад. Агар пешбинии ҳосил асоси илмӣ надошта бошад, ба иҷрои корҳои оянда зарар мерасонад. Масалан, барои пурра ғундоштан ва ба фурӯш баровардани ҳосили боғу токзор ба миқдори зарурӣ зарфҳо тайёр намешаванд, бо харидорон шартномабандӣ ҳам рост намеояд ва талафи ҳосил рӯй медиҳад.
- Яке аз омилҳои фаровонии ҳосил ғизодиҳӣ мебошад. Истифодаи кадом ғизоро дар кадом вақт тавсия медиҳед?
-Ғизодиҳии токҳои ҳосилдиҳанда ба қаду басти нардҳои ток вобаста аст. Агар нардҳои сурхнавда зиёд бошанд, ҳоҷати ғизодиҳӣ нест. Баръакс химчаҳо хому хароб бошанд, дар як сол ба ҳар гектар 90-120 килограмм азот, 70-90 килограмм фосфор ва 30-45 килограмм намаки калий андохтан лозим аст. Дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба боғу токзор ҳамаи меъёри нуриҳои фосфорию калийдор ва то 40 фоизи азотиро додан мумкин аст.
Нигорандаи сӯҳбат
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.