Ҳоло ӯро бисёр ёд мекунем. Дар анҷумани шеър, маҳфили адабӣ овозашро шунидан мехоҳем. Боз мехоҳем, ки устод Ҳусейн Рашидӣ чун ҳунарпешагони маҳбубтарин рӯи саҳна қадамзанон шеър хонад, бо шеър хандад, бо шеър гиряд ва чӣ тавре, ки худаш фармуда буд: Зинда бо шеър монад!
Ба сӯи тангкӯчае, ки ба назар сарбаста менамояд, вале дар ду кунҷи дили худ ду дили миллат, ду забони гӯёи халқ - ду шоирро ҷой додааст, дида медӯзему мегӯем:
Бо Саттор Аҳрории шоир муғаннӣ ва мусаввир зиёдтар аз бист сол пеш абадан падруд гуфта будем. Наход манзилободи Ҳусейн Рашидӣ низ имрӯз бе шеър монд. Аз қатори даригӯёни Самарқанд як шоире, омӯзгоре кам шуд ва мо дареғгӯён ба маъвояш мерасем...
Гашти рӯз буд, ки телефони дастӣ садо дод. Чун гӯшакро гирифтам, овози ғамолуди раиси маҳаллаи Чоршанбе, ҷавонмарди ташаббускор Алишер Ғафуровро шунидам, ки мегуфт:
- Озодҷон, Ҳусейн Рашидиро бой додем. Соати 6-и бегоҳ ҷаноза. Илтимос, ба наздикон расонед.
Ба раиси маҳалла ҳамдардӣ баён менамудаму ба ёд меомад, ки муаллимро чанд моҳе пеш дида будем. Боз аҳли эҷоду зиёи Самарқанд ба аёдаташон рафта гуфта буданд, ки Рашидӣ дили бедор ва пурқувват доранд. Ин дил эшонро ба соли сад мерасонад.
Нобоварона рақами телефони собиқадори маориф ва матбуот, эҷодкори асил, шогирди дилбар ва ҳамрози Рашидӣ - муаллим Мирсафо Камолиро чидаму аҳвол пурсидам.
- Ҳамин хел, додарам, руҳи муаллим аз танашон ба сӯи боғҳои фирдавс равона шуд, - беихтиёр инони гиряро сар дода, дардолуд иброз дошт Камолии покизақалб. - Ба маъмурияти маҳалла, хешовандонашон гуфтам, ки шоирро пагоҳ ба хок супорем, то он вақт аҳли илму адаби Самарқанд хабар ёбад, "не, ҳамин рӯз бояд ба қабр супорем!" мегӯянд, - гилаомез хабари марги шоирро тасдиқ намуд Камолӣ.
Чун ба сари дарвозаи шиноси муаллим расидем, аллакай ҷамоати калоне ҷамъ буд.
- Дӯстони азиз, имрӯз олами адаб ва маорифу маърифати Самарқанд дар симои устод Ҳусейн Рашидӣ аз як ситораи рахшоне ҷудо гашт. Як шоир, омӯзгор аз олам гузашт. Хидматҳои ӯ дар дилу дидаҳо солҳои зиёд боқӣ мемонад. Шояд шоир маънаван намиранда аст, - дар сари турбати шоир иброз дошт муҳаррири рӯзномаи "Гулобод тонги", шоир Нормурод Каримзода.
Сипас, саримом-хатиби ноҳия Баҳодур Шарофзода ҷанозаро имоматӣ карду ҳама сари хам сӯи мазористони Чоршанбе раҳсипор гардиданд.
- Агар вақт мебуд, зиндагии ибратомӯз, хизматҳои шоёни муаллимро ёдрас мешудем. - гуфт амини маҳалла Алишер Ғафуров ва афзуд.- Охир ин кас барои ҳама пиру ҷавон муносибати хуб доштанд. Ба дигаргуниҳои атроф бо назари гарм муносибат мекарданд. Дар сӯги падари раҳматиам Шоҳимардондухтур низ марсияи дилреше навишта, дар рӯзномаи "Овози Самарқанд" чоп кунонида буданд.
- Муаллим бо вуҷуди пиронсолӣ ҳоло пурқувват буданд. Марги нобаҳангоми писари ягонаашон Фотеҳҷон миёни муаллимро дол сохт. Боз дар охири умрашон ҳамсарашонро, ки сабабгори дарозумрии муаллим ҳамин кас ҳастанд, бо пои шикаста, дар бистари беморӣ дида, сахт озурда шуданд. Охир янгамулло Ҳамида Насимова шавҳари худро чун кӯдак мепарвариданд. Нозу нузҳои пиронаашонро бо таҳаммул мебардоштанд, - иброз дошт Камолӣ.
Барҳақ. Ҳусейн Рашидӣ соли 1931 дар деҳаи Чоршанбе дида ба дунё кушодааст. Мактабҳои рақамҳои 34 ва 16-ро хатм намуда, донишҷӯи факультети филологияи ДДС гардидааст. Фаъолияти муаллимиро дар мусофират дар мактабҳои ноҳияи Колхозчиёни Тоҷикистон, Нуратои вилояти Навоӣ (пештар Самарқанд) оғоз бахшида, сонӣ дар мактабҳои рақамҳои 14,15,16-и ноҳияамон чун омӯзгор ва мудири қисми илмӣ заҳмат кашидааст.
Ҳусейн Рашидӣ шоире буд, ки ҳам барои кӯдакон менавишту ҳам барои калонсолон. Шоири дилёбе буд. Ғайр аз газетаву журналҳо, маҷмӯаҳои адабӣ шеърҳои муаллим дар панҷ китоби алоҳида ҷой гирифтааст, ки онҳо минбаъд чун мероси адабии шоир Ҳусейн Рашидӣ хизмат мекунанд.
"Гули забон", "Шаҳди Аҷам", "Гули армон", "Зинда бо шеър" ва "Гулхани меҳр" номи китобҳои Ҳусейн Рашидист.
Вақте ки рӯзи худоӣ ду шеъри шоири шодравон "Алвидоъ" ва "Аз ин ҷаҳон гузаштем" аз ҷониби Мирсафо Камолӣ садо дод, ҳама гиристанд. Шояд ҳамдеҳагон амиқтар фаҳмиданд, ки аз як нафар шахси мӯътабар, шоир ва тарбиятгар - Ҳусейн Рашидӣ абадан ҷудо гаштанд...
Бигзор хонаи охирати шоир мунаввар бод. Ба наздиконаш сабру таҳаммул ёр бошад.
Озод ҲАМИДЗОДА
Инак, ду шеъри охирини Ҳусейн РАШИДӢ
А Л В И Д О Ъ
Алвидоъ, эй ёру дӯстон, алвидоъ,
Алвидоъ, эй боғу бӯстон, алвидоъ.
Гоҳ будем маҳфилорои замон,
Шоиру шеърхонон, алвидоъ.
Ҷои базму ҷойи илҳому висол,
Эй ватан, эй хона, айвон, алвидоъ.
Ҷаннату ҳуру парии ин замон,
Ноздорон, нозанинон, алвидоъ.
Рӯи маҳ чун рӯи ёрам дар назар,
Чеҳраи хандону тобон, алвидоъ.
Толеи сабзидани авҷи баҳор,
Алвидоъ, эй боду борон, алвидоъ.
Саҷдагоҳи дашту саҳрои васеъ,
Алвидоъ, рӯди Зарафшон, алвидоъ.
Бӯсагоҳи моҳу хуршеду фалак,
Эй манорони Регистон, алвидоъ.
Дастагулҳои дабистону адаб,
Ворисони илму ирфон, алвидоъ.
Роҳгузарҳо бо Рашидӣ раҳ ба раҳ,
Роҳравон, эй ёру дӯстон, алвидоъ!
АЗ ИН ҶАҲОН ГУЗАШТЕМ
Будем, ё набудем, аз ин ҷаҳон гузаштем,
Панди накӯи Луқмон вирди забон гузаштем.
Баодобу бамаънӣ чун одами намуна,
Дар назди ҳар азизон аз имтиҳон гузаштем.
Ба ҳастӣ гашта шодон, ба нестӣ ёрӣ дода,
Бо хоҳару бародар мо меҳрубон гузаштем.
Камро зиёда дидем осуда, бо қаноат,
Бо меҳри гарми ёрон осудаҷон гузаштем.
Меҳмоннавозӣ карда, нӯшида Оби Раҳмат,
Бо аҳли мӯъминонаш ширинбаён гузаштем.
Афсонагӯӣ кардем, асрор ноаён монд,
Моро рабуда чанде хоби гарон, гузаштем.
Чандин баҳор дидем, чун булбулон, Рашидӣ,
Дар сайри чархи гардун мо дар фиғон гузаштем.
ОХИРАТАШОН ОБОД БОД!
Аҳли қалами рӯзномаи "Гулобод тонги", эҷодкорони ноҳия аз вафоти омӯзгори соҳибқалам, шоири тавоно
Ҳусейн РАШИДӢ сахт андӯҳгин буда, дар ин рӯзҳои ҷудоӣ ба ҳамсару пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.