Аз қадимулайём мардум дар ҳама ҷо марди деҳқону чорвопарварро тавсифу дуо мекарданд, зеро асолати зиндагӣ - нону ҷаву ширу гӯшт аз паи меҳнату заҳмати ин марди кишоварз рӯйи дастархон омада, фаровонии ҷамъиятро асос мегузорад.
Сироҷқул Усмонов низ аз паи бародари кишоварзаш Асрор Умаров, ки соҳиби ҷоизаҳои давлатӣ шуда буд, дар киштзорони собиқ хоҷагии ҷамоатии ба номи Максим Горкий гашта, асрори деҳқонӣ ва боғбонӣ омӯхт. Падару модараш бисёр мехостанд, ки Сироҷқул маълумоти олӣ гирифта, ба қавле усталнишин бошаду аз офтоби танбӯсу хунукии қахртунди саҳро эмин монад. Ба ҳидояти волидайн Сироҷқули наврас гӯш андохт, вале гуфт, ки агар соҳиби маълумоти олӣ шавад ҳам, дар соҳаи деҳқонӣ ё чорводорӣ дипломдор хоҳад шуд. Аз ин қатъияти фарзанду додар тарбиятгару бародар низ хурсанд шуданд. Чунки деҳқон ё чорводори дипломдор будан ба нафъи кор аст...
Барҳақ, зиндагиномаи Сироҷқул Усмонов аз қатъияту самимият ва муваффақиятҳо иборат буд.
Сироҷқул Усмонов соли 1935 дар деҳаи Бодиҳо (Чамани ҳозира) ба дунё омадааст. Дар мактаби 41-и зодгоҳаш таълиму тарбият гирифта, вақти фориғ аз таҳсил дасту бозу ва қомати худро дар меҳнати киштзорон обу тоб додааст. Пас аз хатми бомуваффақияти мактаб ба факултаи байтории (ветеринария) Донишкадаи давлатии хоҷагии қишлоқи Самарқанд дохил шуда, онро соли 1959 ба итмом расонидааст. Худи ҳамон сол чун молдухтур - ветврачи фермаи истеҳсоли шир ва бӯрдоқипарварии хоҷагии ҷамоатии ба номи Максим Горкии ноҳия, ки барояш хеле азиз буд, ба кор омад. Дар ин ферма аз молдухтури оддӣ то ба сардухтур ва мудири ферма расид. Фермаи хоҷагӣ борҳо ғолиби мусобиқаи Умумиттифоқӣ гардидааст ва ба мудираш шӯҳрат овардааст. Ташаббус, кордонӣ ва таҷрибаи ғании Сироҷқул Усмоновро ба эътибор гирифта, соли 1995 ӯро раиси хоҷагии ҷамоатии ба номи Максим Горкий, ки сонитар ба хоҷагии ҷамоатии «Наврӯз» табдил ёфт, таъин карданд. Маҳз дар давраи раҳбарии Сироҷқул Усмонов хоҷагӣ ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб гардида, деҳқони ҳақиқӣ соҳиби пораи замини зист шуд. Нақшаҳо дар ҳама соҳа иҷро гардиданд.
Сироҷқул Усмонов баробари роҳбари ташаббускор будан, дар оила низ саробони мушфиқ ва падари меҳрубон буд. Ҳамроҳи ҳамсараш Маҳбуба Аҳтамова шаш нафар фарзанд - Хуршеда, Гулшода (марҳума), Додарой, Нодира, Мамадқул ва Меҳроҷқулро дар роҳи неки зиндагӣ, соҳиби маълумоти олӣ тарбият намуда, ҳар якеро дуои хайри падарона додааст. Ҳоло чор домоди асил, ду келини меҳрубон, 23 нафар набера, 31 нафар абера баробари фарзанду шогирдон аз марги Ҳоҷӣ Сироҷқул Усмонов ашки ҷудоӣ мерезанд.
Бале, чанде пеш соҳаи хоҷагии қишлоқи ноҳияамон талафоти бузург дид. Маслиҳатгари тавоно, деҳқони асил, бузургмарди хирадманд Ҳоҷӣ Сироҷқул Усмонов дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт. Ба қавли Саъдии бузург:
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Толиббек МАЪРУФӢ,
Шавкатҷон УЗОҚОВ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.