Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАРГУЗАШТИ ҲУСНИДДИН ЗУЛФОНОВ

"Бо ташаббуси Иброҳим Наққош китоби муштараки адибони ӯзбекистонӣ - Ҳусниддин Зулфонов ва Ҳадяи Бухороӣ бо номи "Чил насиҳат ва ҳазору як панд" аз чоп баромад".

Дирӯзакак ин хабарро аз саҳифаи фейсбукии (шояд, "файзбоғ"-и тоҷикӣ бошад) шоири шинохтаи водии Зарафшон Исмоил Зарифӣ хонда, хеле хурсанд гардида будем, ки устод Ҳусниддин Зулфонов боз як китоби худро аз тариқи чопхонаи Хуҷанд зери таҳрири шоири касбӣ Иброҳими Наққош чоп намудаанд. Ҳатман табрик хоҳем кард!
Сад дареғ, ки моро муборакбодии китоби тозанашри устод Ҳусниддин Зулфон насиб нагардид.
Субҳи рӯзи сешанбе, санаи 5-уми ноябр ғамхабари вафоти собиқ корманди масъули соҳаи давлативу ҳизбӣ, маърифатпарвари намоён, бузургмарди тақводор, шоир Ҳусниддин Зулфонов барқвор паҳн гардида, дили ошноёнро сиёҳ намуд.
Устод Ҳусниддин Зулфонов зодаву парвардаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд)-и Тоҷикистони бародарӣ буд. Бо мақсади гирифтани таҳсили олӣ ба Самарқанд омада, донишҷӯйи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ гардид. Ва ба ин шаҳри азим умре дил баст. Мавзейи Тайлоқро, ки он вақт қисмате аз ноҳияи Самарқанд буд, барои худ ватан хонд.
Андак омӯзгорӣ карду сипас ба корҳои ҳизбиву ҷамоатӣ даъваташ намуданд. Нахуст дар кумитаи ҳизби ноҳияи Самарқанд солҳои дароз чун тарҳибгари маънавияту маърифат заҳмат кашид. Муддате чанд Шӯъбаи маорифи халқи ноҳияи Самарқандро сарварӣ намуд.
Ноҳияи Тайлоқ (соли 1992) алоҳида гардиду масъулони аввалини ин ноҳия - Мӯъмин Шерқулов, Абдураҳмон Искандаров ва дигарон устод Ҳусниддин Зулфоновро бо худ чун пуштибону раҳнамо бурданд.
Дар ноҳияи навтаъсис низ вазифаҳои душворро бо масъулиятшиносӣ адо кард. Сарварии шӯъбаи ноҳиявии Хазинаҳои "Маҳалла" ва "Нуронӣ" аз он ҷумлаанд.
Устод Ҳусниддин Зулфонов танҳо дар дами пирӣ тавонист, ки ашъори парокандаашро, ки дар саҳифаҳои блокноту ҳошияи матни баромад ва маърӯзаҳояш ҳангоми маҷлису машваратҳо навишта буд, ҷамъ оварад.
Ӯ, ки ба ду забон эҷод мекард, тамоми адибони Тоҷикистониву Ӯзбекистониро ба хубӣ мешинохт. Мукотиба дошт. Барои дар Самарқанд гузаронидани шаби эҷодии Лоиқу Қутбӣ Киром, Бозору Гулрухсор ва ғайра ҳиссагузорӣ кардааст.
Китобҳояш низ ба ду забон - тоҷикиву ӯзбекӣ чоп гардидааст. Ӯ бемуҳобот пул - кӯпруки дӯстии ду халқ буд. Ба наздикони устод Ҳусниддин Зулфонов ҳамдардӣ изҳор карда, хонаи охираташ обод бод, мегӯем.
Аз фаромӯшони зери хок будан мушкил аст,
Вақти он кас хуш, ки чун мирад, касе ёдаш кунад.

Нормурод КАРИМЗОДА
Озод ҲАМИДЗОДА

ҲАМДАРДӢ
Маркази милливу фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд аз вафоти маърифатпарвари шинохта, шоир
Ҳусниддин ЗУЛФОНОВ
сахт андӯҳгин буда, дар ин рӯзҳои ҷудоӣ ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳад.


Последнее редактирование: 15/11/2019 15:48;   Просмотров: 1008
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку