Холида ШАМСИДДИНОВА - депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Бӯзӣ -6
Суолнома:
1. Дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии шумо барои ривоҷи тадбиркорӣ чӣ хел имкониятҳо вуҷуд дорад ва аз онҳо чӣ гуна фоида гирифтан мумкин?
2. Доир ба Барномаи сол дар ҳудуд чӣ гуна лойиҳаҳо амалӣ мегарданд? Ва иштироки шумо дар он.
3. Аз аввали сол чанд пурсиши депутатӣ ба иҷро расонида шуд? Ба гурӯҳи депутатӣ ва комиссияҳои доимӣ бо чи гуна таклифҳо муроҷиат кардед?
1. Дар ҳавзаи интихоботиам аҳолӣ асосан бо корҳои деҳқонӣ шуғл меварзад. Аз замини наздиҳавлигӣ (томорқа) даромад ба даст овардан мумкин. Ҳамчун депутат мониторинги рӯзгори аҳолии маҳаллаи Бӯзиро ба роҳ мондам. Ба аҳолӣ роҳҳои даромадгириро аз замини наздиҳавлигӣ фаҳмонида додам. Аз ҷумла, Ориф Самеев 18 сотих замин дорад, ки дар 12 сотихаш дарахтони мевадор (себ, нок, зардолу, анор, гелос) ва дар боқимонда боимҷону картошка киштааст. Дар аксар хоҷагиҳои фермерии тобеи МТМП "Гулистон" шуда, корҳояшонро назорат намудам.
2. Дар асоси Барномаи давлатӣ аз рӯйи нақша кор мебарам. Ба амалинамоии 12 самти ғояҳои асосии ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон ҳаракат мекунам. Худ, ки мутахассиси соҳаи таълим ҳастам, самтҳои 9 ва 10-уми писандам омад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани сифати таълим, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ дар ин соҳа, боз ҳам афзудани мавқеи иҷтимоии омӯзгорону шифокорон ҳаракат менамоям.
3. Моҳи марти соли ҷорӣ бо сокинони маҳаллаҳои Бӯзӣ, Хаймари боло, Хаймари поён вохӯрӣ ташкил намудам. Барои ҳалли муаммои онҳо ёрӣ расонидам. Бо шароити зисти аҳолӣ шинос шудам. Рӯйихати оилаҳои ниёзмандро тартиб додам, ки шумораи он 21 адад буд. Дар натиҷаи расонидани ёрии моддиву маънавӣ, бо кор таъминнамоии вакилони оила шумораи оилаҳои камбағал 6 то монд. Ғайр аз ин дар вақти карантин барои ташкили ярмаркаҳои сайёр саҳми худро гузоштам. Агар ба одамон барои гирифтани даромади иловагӣ шароит фароҳам оварда шавад, камбағалӣ бартараф мегардад. Ин ба оила, ҷамъият ва давлат фоида меорад.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.