ё худ як соати хотирмон
Рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ муҳаррири рӯзнома, шоир Нормурод Каримзода ба утоқи кориам даромада иброз дошт, ки дар атрофи як пиёла чой устод Эркин Азаматовро ёдоварӣ мекунем. Духтарашон Мӯътабар, домоду писарашон низ ба мо ҳамроҳӣ менамоянд.
Фарзанди деҳаи Галаосиё шоир, адиб ва рӯзноманигор Эркин Азаматов солҳои 1990-1994 муҳаррири рӯзномаи "Гулобод тонги" (собиқ "Шарқ тонги") будааст.
- Мӯъбатар пазмони чунин вохӯрӣ буд, - иброз дошт домоди Эркин Азаматов Зафарака. - Ӯ дар симои шумо, аҳли эҷод падарашро мебинад. Афсӯс, ки аз рӯи иҷрои вазифааш ба шаҳри Тошканд сафар намуд...
Ҳама бо навбат хислатҳои хоксорию меҳмоннавозӣ, маҳорату истеъдоди нотакрори устодро ёдоварӣ менамудем. Ҳар дафъа Зафарака ё писари устод Акобирака сухани моро тақвият дода, воқеаеро аз ҳаёти падар нақл менамуданд.
- Ман солҳои зиёд дар соҳаи савдо фаъолият доштам, - гуфт бо ҳаяҷон Зафарака. - Домоди калонии хонадон, ки будам, падарарӯсам маро хеле дӯст медоштанд ва эҳтиром менамуданд. Афсӯс, ки модарарӯсам - ҳамсари Эркин Азаматов дар синни 50-солагӣ аз олам чашм пӯшиданд. Танҳо се духтарро ба соҳибони сараш супорида, ду набераро диданду халос. Таълиму тарбия ва хонаву ҷойдоркунии чаҳор нафар фарзанд бар дӯши падар монд. Бо вуҷуди ин барои пурмазмуниву зиёднамоии шумораи муштариёни рӯзнома хеле заҳмат мекашиданд. Бахусус, дар мавсими обуна хеле асабониву парешонхотир мешуданд. Мӯътабар ҳолати падарашро зуд пай бурда, барои дилбардориашон мекӯшид. Бо сухане ё шӯхие мехост ба дардашон малҳам ҷӯяд. Аз ман илтимос мекард, ки назди падараш монад. Падару духтар маслиҳат мекарданду якҷоя чора меҷустанд. Борҳо камина низ дар ташкили обуна ба он кас ёрӣ расонидаам. Ҳайрон мешудам, ки бар ивази маоши ночиз ин қадар заҳмат барои чӣ лозим?!
Боре дар зодрӯзи Мӯътабар ҳама ҳозир буданд. Аммо аз падараш дарак набуд. Ӯ аз ҳама дер ба хона омада, баробари аз дар даромадан рӯзномаро ба дасти духтараш дод. Ҳанӯз хурсандии ҳамсарам аз пеши назарам намеравад. Дар он бахшида ба Мӯътабар шеъри Эркин Азаматов чоп шуда буд.
- Ҳамон шеърро ҳозир ман бароятон қироат мекунам, - сухани ӯро бурид собиқадори матбуот Нормуҳаммад Олимов ва аз ҷайбаш варақи зардшудаи рӯзномаро бароварда, шеърро хонд.
Ҳозирон таклиф намудем, ки бахшида ба 85-солагии Эркин Азаматов китоби ашъор ва суханҳои дӯстону эҷодкоронро дар васфаш ба чоп омода намоем.
- Нависандаи шинохта Болта Ортиқзода дар бораи истеъдоди Эркин Азаматов суханҳок нек баён кардаанд, - илова намуд Нормуҳаммад Олимов. - Онро дар бойгонии худ маҳфуз медорам.
- Ҳар бор аз хамгашти кӯчаи маркази ноҳия - мавзеи Хоҷа Аҳрори Валӣ гузарам, беихтиёр сӯи бинои кӯҳнаи идораи "Шарқ тонги" чашм медӯзам.- бо ҳаяҷон нақл намуд Акобирака. - Гӯиё падарам аз идора мебароянду ман истиқбол мегирам. Дирӯз низ чунин ҳолат рух дод. Ба ҳамон ҷо чашм дӯхта, ба дарёи хаёл ғӯта задам. Симои падарам пеши чашмам ҷилвагар гашт. Гӯё бо падарам сӯи идора қадам мегузоштем. Садои ходими назорати роҳ маро ба худ овард...
- Мӯътабар баъди вохӯрӣ бо эҷодкоре ба хона омада, гиря мекард, - иброз дошт Зафарака. - Сабаб пурсам, мегуфт:
- Падарамро қадршиносӣ карданд. Хизмату заҳматҳояшонро дар ҷодаи рӯзноманигорӣ нақл намуданд. Ҷон коҳондану шабзиндадориҳояш бекор нарафтанд. Нони журналист сахт аст. Муҳаррирӣ ҳам кори саҳл нест...
- Магар барои ҳамин ҳам гиря кардан даркор?! - ҳайрон мешудам ман.
Ҳоло ҳамон ҳиссиётро дар худ мебинам. Баъзан кас аз суханҳои самимиву поси хотир ашк мерехтааст...
Як соати барои хӯроки нисфирӯзӣ ҷудокардашуда ҳам ба поён расид. Даст ба дуо бардошта будем, ки садои занги телефони дастии Зафарака баланд шуд. Аз он сӯи гӯшак овози Мӯътабаройтӣ шунида мешуд, баъди изҳори миннатдорӣ бо шодмонӣ гуфт:
- Дар рӯзи таваллуди падарам абераашон - писарак ба дунё омад...
- Илоҳо, ӯ ҳам мисли бобокалонаш инсони нек шавад.
Ӯ мекунад корҳои нокардаи бобокалонро, ӯ мегӯяд розҳои ногуфтаро. Давоми умри устод аст тифли навзод...
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.