Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДЕПУТАТ САЙРИ БОҒУ ТОКЗОР МЕКУНАД

Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи заминдорӣ, истифода аз имкониятҳои ҳукумат нисбат ба боғдориву токпарварӣ ва кишти зироат депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Самарқанд Гулҷаҳон Қулиева сайри деҳаҳои Миронқулу Меҳробод намуд. Зеро ин мавзеъҳо ҳавзаи интихоботии ӯ буда, рӯзгори осуда ва дастархони фаровони мардуми кӯҳистон низ ба ҳушёриву корбарии депутат низ вобастагӣ дорад.
Г.Қулиева ба соҳибони манзилҳое, ки аз ҳавои мусоид хуб истифода бурда, ҳавлиҳои худро ба гулистону сабзазор табдил додаанд, ташаккур изҳор карда, ба як гурӯҳ бепарвоён таъкид намуд, ки бояд як пораи заминро ҳам бекор нагузоранд. Ба аҳолӣ аз ҷониби депутат маслиҳатҳои муфид ва ёрии амалӣ расонида шуд.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 27/04/2020 13:38;   Просмотров: 721
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку