Дар маҳфилҳои адабӣ, тӯю анъанаҳои мардумӣ аз Ҳоҷимуаллим (Ҳама ӯро чунин ном мебурданд.) илтимос менамуданд, ки сухани неке гӯяд. Зеро сухани наву самимӣ аз забони вай аҷаб хушоҳангу лутфомез садо медод.
- Азизон, аз ман гап напурсед, ман адабиётчӣ не, водопроводчӣ - мегуфт ҳазломез ва лабони аҳли нишастро моили табассум дида, аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ, ҳадиси зиндагонӣ қиссаҳо мекард. Бо он касе, ки аз худаш дар синну сол хурд аст, ба қавле ситорааш рост ояд, додару фарзандвор ту – ту гӯён ҳарф мезад. Ҳар як суханаш маънии васеъ ва вазни гароне дошт. Чун фаъоли маҳалла барои ободии диёр, таъмири кӯчаҳои дохилӣ хидматҳои босазое кард. Аҷаб дили бекину беолоиш ва софу зебое дошт. Дар ин дил бемуболиға меҳри бузург нисбат ба Ватан – Модар, оила, фарзанд, дӯстони ҷонӣ аз ҳар гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он ғунҷоиш ёфта буд.
Шояд хонандаи рамузфаҳм ба он андеша бошад, ки чаро муаллифон сифатҳои чунин инсони некро бо замони гузашта ҳикоят мекунанд.
Бале, бо ҳукми тақдир ва ноилоҷӣ аз дасти аҷал рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Ҳоҷӣ Наҷмиеви қавчинонӣ дар синни 72-солагӣ аз олам бармаҳал абадан чашм пӯшид. Марги ӯ ба дили садҳо мардуми ошно абри сиёҳи ғам андохту аз дидагонаш ашки ҷудоӣ резонд.
Бисёр шудааст, ки атрофиён савобҷӯӣ, меҳрнавозӣ ва рафтори оқилонаи ӯро дида, пурсидаанд:
- Ҳоҷибобо, шумо кай зиёрати Ҳаҷ кардаед?
Ба ин савол низ Ҳоҷимуаллими шодравон чунин лутфомез ҷавоб медод:
- Ман аз он ҳоҷиҳо нестам, ки баъд аз ба камол расидан, ба зиёрати Маккатуллоҳ рафта, сонӣ Ҳоҷӣ шаванд, ман аз кӯдакӣ Ҳоҷӣ ҳастам, яъне Ҳоҷии асливу табиие, ки ин замонаҳо «натуральний» мегӯянд.
Пас маълум мегашт, ки Ҳоҷӣ номи ҳақиқии ӯст. Онҳое ки Ҳоҷимуаллим Наҷмиевро аз наздик мешиносанд, хуб медонанд, ки хислати пок, хидмати босазо ва мавқеаш дар ҷамъият хоси ҳоҷиҳо буд. Бисёриҳо мегуфтанд, ки Ҳоҷимуаллим роҳҳо обод кардаанд. Заминҳои ташналаби саҳроҳоро шодоб гардонидаанд, фарзандони аҳли солеҳ ва шогирдони боҳунар тарбият кардаанд. Худи ҳамин савоби Ҳаҷро қодир аст ва бешак Ҳоҷимуаллим Ҳоҷии диниву дунёӣ буд. Ин нукта дар рӯзи ҷанозаи ӯ аз ҷониби имом низ садо дод.
Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Ҳоҷимуаллим фарзанди хурдии яке аз деҳқонони асили деҳа Наҷмибобо буд. Ҳамроҳи бародараш Баҳриддин, Аслиддин, Фазлиддин (ҳоло Ҳоҷибобо) муттакои падар ва модари деҳқонсиришт шуда, ба камол расид. Пас аз хатми мактабҳои миёна ба омӯзишгоҳи педагогии ба номи Макаренко дохил шуда, чун муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ ташаккул ёфт. Вақте ки омӯзишгоҳро хатм кард, ӯро чун муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар мактаби таҳсилгирифтаи худ – рақами 22 ба кор даъват намуданд. Ӯ дар ин мактаб ба фарзандони мардум дарс мегуфту пайваста дар киштзорони хоҷагӣ кор мекард. Мавсими обёрии сабзавоту меваҷот барои мардуми деҳқону боғбон санҷиши мураккабест. Ҳоҷимуаллим баробари обёрӣ намудани замини кишт роҳҳои зудтар ба сари полез расонидани манбаи ҳаёт – обро меҷуст. Вақте ки фикрҳои арзишманди худро ба сардорони идораи насосҳо ва обёрии ноҳия, шӯъбаи хоҷагии қишлоқи ноҳия пешниҳод намуд, худи ӯро ба кор қабул карда, гуфтанд, ки орзуҳоятро худат амалӣ соз. Ӯ қариб то охирин нафаси умр барои обёрии зироат, кандани ҷӯйборҳои нав, таъмири насосҳои оббарор ҳиссагузор шуд. Аз паси соҳа аз вилоятҳои Бухоро, Фарғона, Андиҷон, Намангон дӯстони ҳамкасбу ҳамдил пайдо кард. Ҳамаи онҳо дар рӯзи видояш ҳозир буданду ашк мерехтанд.
- Ҳоҷимуаллим Наҷмиев, ки зиёда аз бист сол боз дар сафи мо буд, имрӯз дар қатори ҳамроҳони азизамон Сабур Расулов, Ҳоҷӣ Абдурасул Раҳматов ба охират сафар кард. Хислатҳои нек, амалҳои хуби ӯ доимо дар маҳфили мо садо медиҳад. Ёдаш бахайр.- дареғо гуфт сарвари маҳфили маънавӣ ва маърифатии «Ҳафт додарони ҷонӣ», Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Насруллоҳ Убайдӣ.
Ҳоҷимуаллим Наҷмиев ҳамроҳи ҳамсараш Саноат Ҷалолова (руҳаш шод бод!) соҳиби фарзандони нек чун Шӯҳратҷон, Санавбар, Гулӣ, Гулшода, Заррина шуданд. Набераву абераҳо вориси бобову бибианд.
Ёди Ҳоҷӣ Наҷмиев дар қалби мо доимо ҷовидон аст.
Маҳфили маънавиву
маърифатии «Ҳафт додарони ҷонӣ» ва аҳли
маҳаллаи Қавчинони боло
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.