Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДОРУВУ ДОРУХОНАИ БИСЁР ВА БЕМОРИ НОЧОР

МУҚОИСА
Пештар, аниқтараш 25 сол муқаддам дар маркази аввалаи ноҳияамон мавзеи Хоҷа Аҳрори Валӣ (он вақт номи Улуғбекро дошт) танҳо як дорухонаи рақами 25 фаъолият мебурд. Дорушиносон Баҳодуракаву Зоҳирака дар хидмати мардум буданду дар он ҷо аҳён-аҳён корафтодагон медаромаданд...
Ҳоло танҳо дар атрофи Иттиҳодияи тиббии ноҳия, яъне шифохонаи марказӣ 13 то дорухона дари худро ба мизоҷон кушодаасту бо навбатпоии зиёд беморон ва касалбонон соҳиби дармондору мешаванд. Чунин ба назар мерасад, ки навъи дору аз адади бемор зиёд асту касалӣ аз дорувор бисёртар. Боз аксарият дучори ягон беморианду ба дорухона ниёз доранд...

ЗИНАҲОИ БАЛАНДУ
НАРХНОМАҲОИ "ДИЛПИСАНД"
Аксарияти дорухонаҳо шароити хуб доранд. Ба онҳо ба воситаи зинаҳои баланд мебароед, аммо дар масъалаи нарху наво аз ҳам фарқи зиёд доранд. Гӯиё яке доруро аз дасти чанд нафар "нонхӯр" мегираду дигаре ҳамон навъи доруро аз "ҷояш" меоварад. Аз ин рӯ, нарх "бозӣ" мекунад. Мо ин ҷо аз овардани номи дорухонаҳо ва доруфурӯшони онҳо худдорӣ карда, ба корафтодагон ва масъулони соҳа рӯй меоварем...
ТАФОВУТ
- Шифокор ба ман "Утрожестан 200 мг" ном доруро навишта дод. - иброз дошт Набиҷон Аҳтамов ва афзуд - Аз қабули духтур баромада, сӯйи дорухона равона шудам. Нархашро пурсам, 124 ҳазор сӯм. Ба дорухонаи дигар даромадам - 130 ҳазор сӯм. Ба дигараш 116 ҳазор сӯм. Бо хаёли он, ки аз ин ҳам арзонтарашро меёбам, як-як ба дигар дорухонаҳо сар халондам. Доруро ба 115 ҳазору панҷсад сӯм харидам. Нархи аз ҳама боло 140 ҳазор сӯм буд.
- Бо гузашти синну сол инсон зуд-зуд бемор мешудааст. Аз ин рӯ, соле ду-се маротиба ба беморхона мехобам. Фарзандонам дар даст рӯйхати доруҳо ба дорухона мешитобанд. Хурсанд мешавам, ки дар назди бемористон дорухонаҳои зиёд фаъолият доранд. Аммо аксар вақт доруи аз ҳама заруриро дар ягон дорухонаи атроф пайдо карда натавониста, ҳавсалаам пир мешавад.- гуфт Тӯрақул Нурбоев
- Ман аз хизматрасонӣ дар дорухонаҳо қаноатмандам. Бо вуҷуди бисёр будани корафтодагон бо ҳар яки онҳо муомилаи хуш намуда, ба саволҳо самимона ҷавоб мегардонанд. Бе ҳеҷ дудилагӣ тарзи дурусти истеъмоли доруҳоро фаҳмонида медиҳанд. Терминал ҳамеша кор мекунад.- гуфт Ҳамроқулбобо Давронов.
МАЪЛУМОТИ ДАҚИҚ
Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ба депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, дорушиноси номӣ Абдуҷаббор Умаров муроҷиат намудем. Ӯ чунин гуфт:
- Ба ҳуҷҷатҳо назар кунем, бар асоси қарори Президентамон аз 31-уми октябри соли 2016 "Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо воситаҳои доруву дармон ва ашёҳои тиббӣ" аз 1-уми январи соли 2017 фурӯши яклухт ва чаканаи воситаҳои дорую дармон ва ашёҳои тиббии аз хориҷ меоварда, инчунин аз истеҳсолгарони мамлакатамон мехарида, қатъӣ назар шумори иштироки воситачиёни расонидадиҳанда бояд қимат барои савдои яклухт (улгуржи) 15 фоиз, барои савдои чакана бошад, 20 фоиз нишон дода шавад.
Мувофиқи фармони Президентамон аз 20-уми июни соли 2018 "Дар бораи баланд бардоштани самаранокии аз рӯйхати давлат гузаронидани воситаҳои дору ва бо онҳо таъминнамоии аҳолӣ" талаби бо нархи қатъӣ фурӯхтани баъзе доруҳо бекор карда шудааст.
Ин рӯйхат 299 препарати маҳсулоти фарматсевтикаро дар бар мегирад. Аз онҳо 98 тояш маҳаллӣ, 201 тояш доруҳои импортии аз хориҷ овардашуда аст. Ин маънии онро надорад, ки ҳар доруфурӯш бо нархи дилхоҳи худ кор барад. Балки, ҳар як дору мувофиқи истеҳсолоти ватанӣ ва хориҷиаш аз 10 то 20 фоиз (аз ҳама баландаш!) ҳаққи заҳматро дорад. Оне, ки аз ҳад мегузаронад ва бо фурӯши доруҳои манъкардашудаву бе дорухати шифокор (ретсепт) додани маҳсулот шуғл меварзад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад!
ДАР ДОРУХОНА...
- Нархи доруҳои мо ба истиснои чанд номгӯи дору, ки камёфту гаронарзишанд, аз нархи бозори дохилӣ фарқ намекунад. Вале бартарии доруҳои мо дар он аст, ки комилан аз дасти аввал, бидуни миёнаравҳо дастрас карда мешавад! Бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар дорухонаи мо ягон доруи қалбакӣ нест ва дар оянда ҳам роҳ намеёбад! Доруҳои мо дорои сифати аъло мебошанд! Касоне ҳам буданд, ки пас аз тавсияи духтурон аз дигар дорухонаҳо дору харида, таъсири онро эҳсос накарданд ва дубора ба мо муроҷиат карданд. Агар мақсад аз истеъмоли дору сиҳат ёфтан бошад, пас дору бояд истеъмол намуд, на номи дору! Чунонки гуфтам, доруҳои мо пас аз муоинаи нафари муроҷиаткарда, бо тавсияи духтурон фурӯхта мешаванд.
Мо вобаста ба мавсим ва бемориҳое, ки дар ин фасл хурӯҷ мекунанд, низ дору ворид месозем. Ду - се моҳ пешакӣ супориш медиҳем, шартнома мебандем ва шариконамон доруҳоро бароямон мефиристонанд. Доруҳо дар утоқи махсуси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти баландсифати хориҷӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва рухсатномаи давлатӣ доранд. Рӯйхати тамоми доруҳо дар компютер ҷой дода шуда, ҳангоми фурӯхтан ба мизоҷон пурра таркибу хосияти он ва тарзи истеъмоли он шарҳ дода мешавад. Тамоми кӯшиши мо ба он равона шудааст, ки дар таъмини беморону аҳолӣ бо дору камбудие надошта бошем ва хушбахтона, дар ин замина то ҳол муваффақ будаем! - гуфт мудири яке аз дорухонаҳо Акрам Васлиддинови дорушинос.
ХУЛОСА
Дар мавзӯи дору ва дорухона нуктаҳои нонавишта бисёранд. Фикрҳои Шумо барои равшансозии масъала кӯмак мерасонад. Инак, андешаҳои хонандагонро уммедворем ва ба ин мавзӯъ боз бармегардем...

Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 01/02/2019 14:44;   Просмотров: 1014
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку