Зоҳир ҲАСАНЗОДА
Зафар хоҳиши вайро иҷро кард. Амина Самадовна гуфт, ки ҳоло бо кор банд аст, пас аз андаке озод мешавад ва метавонад ҳамроҳ ба табобатхона равад.
Меҳмон итоаткорона сар ҷунбонд. Соҳибхона боз бо кор банд шуд. Вай зане буд ниҳоят зебо, ба мисли пахта сафед, ба абрӯи сип-сиёҳаш ӯсма кашида, мӯйи майдабофаш ҳамчун шаршара аз тахтапушташ ҷорист.
- Ман додари калонии шуморо мешиносам, - бо табассуми малеҳ ниҳоят гуфт ӯ, - вай бо писари ман дӯсти наздик. Гоҳ-гоҳ ба хонаамон меояд. Номи шумо чӣ буд?
- Зафар.
- Зафарҷон, хато накунам, шумо котиби Ҳасан Ирфон. Зане, ки дар хизмати Зебо Ҳасановна аст, рӯзи якшанбе ба ҳавлии моён омада, бо рӯбучин машғул мешавад. Вай аз бемории устодатон хабар дод ва гуфт, ки набераи Дӯмхола шогирди ҳамон нависанда. Фикр кардам ва ба хулоса омадам, ки бо шумо ба аёдати мӯйсафед рафтан беҳтар. Ҳавлиатон болои роҳ буд, ки ба суроғаи шумо рафтам. Модаркалонатон аҷоиб инсон, - Амина Самадовна ба курсӣ китф партофта бо фароғат нишаст, - ана ҳамин биноро он кас бо роҳи ҳашар сохтаанд. Инро ба ман ҳолдонҳо хабар додаанд. Некиашон ба мардум бисёр будааст. Воқеан, шумо чӣ кора ҳастед?- Шабона мехонам, рӯзона дар хоҷагии ҷамоатӣ кор мекунам, сардори звено.
- Ба ман гуфтаанд, ки дар рӯзнома хабарнигор ҳастед.
- Не, мухбири ҷамоатӣ.
- Муҳимаш, хондан. Ҳа, кор гурехта намеравад.
Сӯҳбати онҳо лаҳза ба лаҳза метафсид, ки ногоҳ котиба аз омадани ронанда хабар дод. Ҳар ду ба кӯча баромаданд. Сари роҳ «Жигули»-и нав ва наздаш ронанда гӯш ба қимор рост меистод. Вай судхоларо дида, дари қафои мошинро кушод ва ба нишастан таклиф кард.
- Нон, хӯрок гирифтед, - аз ӯ пурсид Амина Самадовна ва ҷавоби қаноатбахш шунида ба Зафар бо сар амр дод, ки аз пеши мошин ҷой гирад. Пас аз ҳар ду нишастан ба ронанда суроғаи касалхонаи ҷумҳурӣ – шӯъбаи урологияро арз намуд.
Нақлиёт ба роҳ даромаду Амина Самадовна ба Зафар фаҳмонд, ки домоди пирамард сардухтури табобатхонаи ноҳия аст, духтараш Зебо дугона. Ғайр аз он ба наздикӣ ҳамгузар шудаанд. Аз ҳисоби давлат дар гузари Хоҷа Аҳрори Валӣ соҳиби манзил шудааст.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.