Ман мехоҳам, ки ӯ муфтхӯр нашавад, ба роҳи бад наравад, ба курсии сиёҳи судхона нашинад. Фаҳмидӣ?!
- Набераҳои ман меҳнатдӯст, гаправ, худотарс, - якбора шӯрид Тоҷбахшхола, - Аз авбошу коргурез худо нигаҳ дорад. Ана, ҳурматаш будааст, ки раиси суди ноҳия ба хона омад.
Ҳусейн Наҷмӣ лаб фурӯ баст. Вай ҳеҷ гоҳ ба модар эътироз баён намекард. Ҳама якбора хомӯш шуданд. Фақат садои чумча, ки дар натиҷаи соиш хӯрдан ба коса ба вуҷуд меомад, шунида мешуду халос.
Муҳайёхола косаҳои холиро ҷамъ намуда, назди духтари хурдиаш гузошт. Вай онҳоро ба ошхона бурданӣ шуд, ки якбора Ҳусейн Наҷмӣ даст ба омин бардошта, саросема аз ҷояш хест ва аз нигоҳи ҳайратомези модар рамуз гирифта, фаҳмонд, ки дар бинои кумитаи ҳизби ноҳия ба навбатдорӣ таъҷилан рафтанаш лозим.
- Барвақт биё! – амр дод Тоҷбахшхола, - мо хавотир нашавем.
- То соати даҳи шаб нигаҳбонӣ телефонҳо, яъне котиби аввалини кумитаи ҳизб – райком писаратон. Фаҳмо?
- Фаҳмо. Фақат мисли котиб ба зердастон сиёсат, дағалӣ, ҳукмфармоӣ лозим нест.
Аз суханони шӯхиомези модар табъи писар каме болид. Ӯ ҳатто табассумкунон ба дар рафт.
Рӯзи дигар Зафар назди бинои суди ноҳия дар вақти муайяншуда омад. Иншооти қадимасохт аз даҳлез ва ду хона – қабулгоҳ ва толори мурофиаи судӣ иборат буд. Дар даҳлез зани миёнсол паси миз нишаста чизе менавишт.
Зафар салом дод ва гуфт, ки ӯро судхола даъват кардааст.
- Хӯш, чӣ балогӣ кардӣ, - аз осмон тароша шуд котиба, - ҷинояти ту аз чӣ иборат?
- Холаҷон, астағфируллоҳ гӯед, - завқ карда хандид меҳмони ҳайратзада, - мо ҳар ду бояд ба беморбинӣ равем.
- О, мани ҳафтафаҳм набераи дӯмхоларо нашиносам, - зан якбора аз ҷояш хест ва барои вохӯрӣ даст дароз кард, - узр, писарҷон. Аз омаданат хабарам ҳаст, Амина Самадовна гӯшрас карда буданд. Ба фикрам дуруст мефаҳмӣ, охир ба ин ҷо ҳар гуна одамон меоянд.
Зафар дарро ба ангуштонаш кӯфта, ба назди Амина Самадовна даромад. Судхола ӯро аввал нашинохт ва пас аз муаррифӣ кардани худ вай амр дод, ки ба курсии рӯ ба рӯяш истода нишинад.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.