Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДУ-СЕ РӮЗ ТАЪОМ ДОДАН ИСРОФКОРИСТ...

Бе ҳеҷ муболиға тамошои дискҳои фаҳши бадахлоқона, барномаҳои зӯроварӣ дар интернету намоиши алоқаҳои ҷинсии беникоҳ дар телефонҳои мобилӣ ба ҷудошавии оилаҳои ҷавони бе таҷрибаи сода сабаби асосӣ шуда истодаанд. Оила зинаи асосӣ ва пайвандии миёнаи фард ва ҷомеа буда, устувории он устувории ҷомеа аст. Беҳтар мешуд арӯсу домод то оила барпо кардан бомаълумот бошанду касбу кори доимӣ ва ризқрасони онҳо шуданаш шарт аст. Пеш аз тӯйи арӯсӣ хонаи истиқоматӣ аз молу мулк захирае дошта бошанд дар устувории оилаашон ин манбаъҳо ёрии бузург мерасонад.

Пеш аз ақди никоҳи давлатӣ бо розигии тарафайн шартономаи ақди никоҳ банданд, ҳуқуқи зан дар оянда бо пуррагӣ ҳимоя карда мешавад. Хело хуб мешуд дар хонавода ба оилаҳои ҷавон хариду истифодаи телефонҳои мобилӣ кам гардад бо ин роҳам буҷаи оила ва ҳам худи оила мустаҳкам мегардад. Ақди никоҳ дар Шариати ислом паймони дуҷониба аст. Қуръони карим се нуқтаро: "Оромиш", "Муҳаббат", "Дилсӯзӣ"-ро дар зиндагонии зану шаҳвар яке аз муҳимтарин ҳадафҳои барпои оилаҳои ҷавон ҳисобидааст. Дар оятҳои 23-24 сураи "Рад" омадааст: "Ба биҳишти ҷовидон, падарон ҳамсарони оилабунёдкарда ва фарзандони солеҳи солим дар навбати аввал медароянд". Зеро фарзанд дар ин дунё нур ва дар охират сурур аст. Аз ин лиҳоз ҳадафи асосии издивоҷ ҳифзи нигаҳдории иффатии марду зан ва покдомонии волидайни мусулмон асту, таваллуди фарзанди бо никоҳи динию давлатӣ, солим таваллудшударо дар ҷои аввал мегузорад. Дар Ҳадиси Пайғамбарамон (с.а.в.) чунин омадааст: "Издивоҷ намоед, то насли мусалмон зиёд шавад, зеро рӯзи Қиёмат ба бисёрии умматам ифтихор хоҳам кард". Оила такягоҳи асосии давлат, асоси пешрафту тараққиёти давлатамон аст. Мард дар оила вазифаи сарпарастиро ба ӯҳда гирифта, ҳимояи пурраи онро вазифаи ҷонии худ медонад. Дини мубини ислом ниёзи фитрии инсонро ба инобат гирифта, барпо намудани оила ва бинои хонаводагиро шарти асосии зиндагӣ дониста, устувории оилаи мустаҳкам ва солимро дар пешрафти ҷомеа яке аз рукнҳои асосӣ меҳисобад. Аз дидгоҳи ислом маросими издивоҷ ва туй аз суннатҳои хело лозима ва пурарзиши Расули Худо буда, он Ҳазрат фармудаанд: "Издивоҷ аз ҷумлаи суннатҳои ман аст, ҳар кас аз суннати ман баргардонад аз ҷумлаи умматони ман нест". Имом Муҳаммад Ғаззолӣ ҷашни арӯсӣ- никоҳро: "Яке аз усулҳои беҳтарини ислом номидааст". Барои ҳамин дар тӯйгузаронӣ ба харҷи зиёӣ роҳ додан убол аст.
Ислом барои устувории оилаи инсонҳо, мувафақиятҳои ҳаёти зану шавҳарӣ ва таҳкими пояи ҳаёти оилавӣ аз марду зан талаб мекунад, ки онҳо бояд ба якдигар бо робитаҳои дуруст, нек, пок, меҳру муҳаббати доимӣ муносибат карда, оила барпо кунанд, нуран аъло нур мешавад. Бояд дар вақти душвориҳои зиндагӣ, имтиҳони ҳаёт, шикасти рехту он наҳаросида, дар оилаашон таҳаммулпазириро пеша намоянд. Худованд аз ин амалҳои онҳо ризоманд гардида, кушоиш медиҳад ва дарҳои биҳишт дар охират барояшон бо тезӣ боз мегардад. Дар оилаҳое, ки " оромиш", "муҳаббат" ва раҳмати Худованд реша давондааст, ҷое барои хушунат, зӯроварӣ, нафрат, якдигарбадбинӣ намемонад, ва роҳи "Талоқ" баста мегардад. Тӯй яке аз воқеаҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёти инсонҳо буда, саҳифаҳои зиндагии якҷоягӣ бунёд мешавад ва оянда ба ин рӯз сахт вобаста аст. Барои барпо кардани оилаи усувор аз ҳама пеш ба он эътибор диҳем, ки арӯсу домод ба синну соли издивоҷ расида бошанд (18 сола). Арӯсу домод пеш аз тӯй шинос шуда, якдигарро ҳаматарафа санҷида баъд барои оила бунёд кардан розӣ шаванд хуб мешуд. Пеш аз никоҳ арӯсу домод аз муоини тиббӣ гузаранд хуб аст. Чунин фарзҳоро шариати ислом назди издивоҷкунандагон гузоштааст. Аз ҳама пеш соҳиби ақлу тамиз будан, розигии духтару писарро гирифтан, маҳр додан, баёни ду гувоҳ шарт буда, озоду пок қавл доштанро барои навхонадорон фарз гардонидааст. Муҳаммади Мустафо мефармоянд: "Азизтарин халқ дар рӯи замин одамиёнанд ва фатҳи боби офариниши эшон никоҳ аст." Пас ин шодӣ дар маҳали худ бувад ва суруд хондан, шунидан ва даф, мусиқӣ навохтан дар чунин вақт суннат аст. Дар Ҳадиси Расули Акрам омадааст: "Тӯю никоҳро эълону фош кардан суннат аст" ва боз дар ҳадиси дигарашон овардаанд: "Касе, ки зан нахоҳад, бадтарин мард ва бародари шайтон аст". Дар тӯйи никоҳии Алӣ ва духтарашон Фотима Ҳазрати Расули Акрам дар зери садои даф ва сурнай хурсандӣ кардаанд. Дар Ҳадиси Пайғамбар омадааст: "Дар тӯйи арусӣ як рӯз хурсандӣ карда, ош додан суннат ва ду-се рӯз таъом додан риёву исрофкорист".
Бинобар ин, гузаронидани тӯйи камхарҷ ва барпо кардани оилаи устувор аз дидгоҳи ислом барои мардуми мо суннат буда, иҷрои ин суннат барои аҳли ҷомеа қарзи ҷонӣ ва виҷдонист.

Ҳоҷӣ ЛутфУлло
ИБОДУЛЛОЕВ,
имом - хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Абдуи Берун


Последнее редактирование: 26/04/2019 15:46;   Просмотров: 1277
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку