Ҳикоя
Чиллаи тобистон. Рӯз гашт мекард. Даруни автобуси пуродам дам медод. То ба ҳаракат даромадани мошин баъзе ҷавонон дар берун интизор шуданро авло медонистанд. Ҳама аз ронанда хоҳиш мекарданд, ки зудтар ба роҳ барояд. Вале ронанда хаёли ба роҳбароӣ надошт. Бо баҳонаи график бештар одам гирифтан мехост.
Ниҳоят автобус аз одам пур шуда, ронанда мотори мошинро оташ гиронд. Ҷавононе, ки дар берун интизори бароҳдароии мошин буданд, зада ба автобус савор шуданд. Автобуси байнишаҳрӣ ба ҳаракат даромаду мусофирони он оҳи сабуке кашиданд.
Баъзеҳо ғарқи сӯҳбат, як қисм банди хаёлоти худ буданд. Ҷавонон рост истода бошанд, ки бо телефон гап мезаданд, суруду мусиқӣ мешуниданд ва ё саҳифаҳои гуногуни интернетро варақ зада, чашм аз телефонҳои дасташон намеканданд. Ин гуна вазъият, ки як ҳолати табиӣ буд, касе ба касе коре надошт.
- Ӯъ, худатонро доред! - гуфтани зане, ки рост меистод, диққати ҳамаро ба худ ҷалб кард. - Ба ман такя накунед, охир…
Вай ба духтараки ростистодаи паҳлӯяш муроҶиат мекард. Ҳамин вақт сумкаи духтарак аз дасташ афтод. - Эъ, эъ,, ин кас беҳуш шуданд - ку… Ҳозир афтода нараванд, ягон кас ҷой диҳед!
Марди айнакие, ки ба назди тирезаи автобус менишаст, аз ҷой хест.
- Ана, ба ҷойи ман шинонед.
Ду - се нафар барои наафтодани духтарак ёрӣ расонида, ӯро ба ҷойи марди айнакӣ шинониданд.
- Ин даруни автобус буғхонаи ҳаммом барин гарму нафасгардон, - зани фарбеҳи миёнсоле, ки дар курсии паси марди айнакӣ менишаст, лаб ба шикоят кушод. - Аз афт, ҳаво намерасад, тирезаҳои автобусро кушоед.
- Ҳамааш кушодагӣ…
Ранги духтараки беҳуш парида буд. Лабонаш сап - сафед кандагӣ. Бо тахтапушт ба курсиву бо сар ба девори шишагии автобус такя мекард, пешонаву рухсораҳояш арақшор буданд.
- Ин бечора студент бошад даркор, - гуфт конфетеро дароз карда, зани дар пеш нишаста. - Ба студентҳои берӯзӣ душвор. Пули контракт медиҳанд. Боз ҳар рӯз роҳпулӣ даркор. Зачету эгзаминҳояшон ҳам бепул намешавад. Ҳеҷ чиз нахӯрда бошад, одам чӣ мешавад? Беҳолу бемадор-дия!
- Шамол додан даркор! - таклиф кард яке.
Кадоме рӯзномаеро ба дасти ҳампаҳлӯи духтар дод. Зан бо он ба шамолдиҳии духтарак шурӯъ намуд. Вай модарвор ба рӯйи духтараки беҳуш шамол дода истода, мӯйҳои ба пешонаву рӯй часпидаашро а тартиб медаровард.
- Ҳеҷ кас об надорад? - пурсид муйсафеди тарафи дигари автобус. - Бошад, диҳетон. Об чизи аз ҳама нағз. Як қулт хӯрад ба худ меояд.
Ҳеҷ кас ҳамроҳ об надошт. Зани кӯдакдоре шишачаи хӯроки кӯдакашро нишон дода, афсӯс хӯрд, ки ҳамроҳ об нагирифтааст.
- Шофёрҳо ҳама вақт об доранд. Аз шофёр пурсед? - таклиф кард яке.
Пешбудаҳо ба ронанда муроҶиат карданд. Вай ҳам аз ин воқеа ба таҳлука афтод ва бегапу ҳарф аз нишастгоҳи чапаш баклашкаи нимпури обро бароварда дод. Об аз дасти якдигар гузашта, ба ҳампаҳлӯи духтарак расид. Вай даҳони баклашкаро кушода, ба даҳони духтарак дошт:
- Хӯр, хӯр, духтарҷон, ҳозир ҳамааш гузашта меравад.
Духтараки беҳушу беёд як - ду қулт об нӯшид. Оби барзиёд аз ду бари лабҳояш ҷорӣ шуд. Зан бо рӯймолчааш оби шоридаро пок кард.
Автобус ҳамон пеш мерафт.
Беҳушшавии духтарак мисли чӯби ба орухона халонда гардид. Ҳама дилсӯзона нисбати духтарак ғамхории худро баён мекарданд.
- Ҳозир экология вайрон. Таркиби хӯрок пури гербитсидҳо. Барои ҳамин ҳама касал…
- Информатсия аз ҳад зиёд. Даркору нодаркор ба ҷавонон ҳуҷум кунанд, ҳоли одам чӣ мешавад? Беҳуш он тараф истад, девонаи таппа - тайёр мегарданд…
- Мо - ку каму беш умр дидем, вале дар оянда ба ин бачаҳову ҷавонон душвор мешавад. Хондаву маълумот гирифтан, баъди он ягон ҷойи кор ёфтан ҳозир осон аст?!
- Ҳа, шӯр - шӯраки ҷавонҳо… Ҳозир шӯху бало мегӯем, ба кору хондан хушашон намеояд мегӯем, бетартибу гапгардон мегӯем, вале пагоҳ - фардо зиндагӣ ба сарашон афтод, калаашона кор мефармоянд. Ба ҳасту нест, рақобат, ҷангу ҷӯш… ҳамааш тоқат мекунанд.
- Ҳа, ака ҳоли духтараки бечора. Дили одам месӯзад. Имрӯз ягон чиз хӯрдааст ё не, Худо медонад.
- Хӯрокҳои кӯча хӯрок не, фақат барои ишкамфиребдиҳӣ. На калория дораду на бӯю маза. Самбӯсаю блишипазу ҳамаи коргарони ошхонаҳо ба фиребу найранг одат кардагӣ. Инсофу диёнат надоранд…
Аз тирезаҳои автобус шамол дарояд, ки дарунаш ҳамон гарму дим. Мардум ботинан бетоқатӣ мекарданд, ки зудтар ба манзилашон расанду Ҷонашон аз ин вазъияти тоқатфарсо халос шавад.
Зани ҳампаҳлӯи духтараки беҳуш ҳамон шамол медод, чораҳои гуногун меҶуст, ки духтарак ба худ ояд. Вале…
- Гӯед, автобусро нигоҳ доранд, - ба сӯйи ронанда нигариста гуфт зан. - Ин духтарак ба худ наомада истодааст. Ягон кору ҳоле нашавад. Канӣ, ба ҳавои кушод барорем, шояд ба худ ояд…
Ронанда дар назди дарахти хонаҳои қатор, ки курсичаи нишаст дошт, автобусро нигоҳ дошт. Зани ҳампаҳлӯ духтаракро аз автобус фаровард ва ба харак шинонд. Чашми ҳама аз тирезаҳо ба онҳо дӯхта шуд. Ронанда моторро хомӯш накарда, бетоқатона интизорӣ мекашид.
Духтарак беҳолона чашм кушод. Зан об доданӣ шуд. Духтарак рад кард. Лаҳзае ба сару рӯйи духтарак зеҳн монд. Дилбеҷошавии духтаракро ҳис карда, чеҳраашро пардаи хашму ғазаб фаро гирифт. Даст боло кард, ки ба сари духтарак як мушт занад. Дасташ дар ҳаво аз раъяш гашт ва ба таги дари автобус омада гуфт:
- Сумкаашро диҳетон.
Сумкаи духтаракро додданд. Вай сумкаро бо иллат ба паҳлӯи духтарак гузошта, бо шаст ба автобус савор шуд. Ҳама ҳайрон.
- Рафтем. Як ваҷаб духтарча. Мактабхону дар қадаш шудагӣ.
Даруни автобусро сукунат фаро гирифт. Чанде пеш аҳли автобус ба духтарак ғамхору дилсӯзӣ зоҳир кунанд, акнун ҳама бо нафрат менигаристанд. Дар дилашон ким-чи хел як ғазаби тазъиқоваре ҷӯшад, ки лаб намекушоданд.
Ронанда як газ зад, мошин якбора такон хӯрд ва ба роҳ баромад. Дуди ғализу нофораму бадбӯйи он то ба қарибиҳои духтараки танҳои болои харак расид.
Маликаи БАХТИЁР
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.