Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДУНЁИ ГУЛБАСАР...

Эй ошиқ! Ҳамчу моҳи тобон дар шаби торикистони ман хуш омадӣ!

Имшаб дар оташдони дил ишқ меҷӯшаду муҳаббат мерӯяд. Пас аз он вафову садоқат тавлид меёбад.
Решаи дарахти умр пурсамару бобаракот мегардад. Ҳаёти одамӣ гулборон мешавад.
Ин ҳама ба гуфтаҳо осон аст. Агар, агар... ту - ошиқ қадаме ғалат монӣ, агар дар навиштани номи Ишқ дар дилат ба ягон ҳарф саҳве кунӣ, сағир мемонад фарзандонаш - муҳаббату вафову садоқат. Дарахташ хушк мегардаду умраш хазон.
Алҳазар аз чунин саҳву хато! Биё, эй соҳиби ишқ. Ҳамеша ҳамчун моҳи тобон дар шаби торикистонам! Ман ба ту валиаҳди зиндагии ширин - муҳаббату вафову садоқатро ба дунё оварам. Биё, марҳабо!
* * *
Дар ин дунёи гулбасар шефтаи муҳаббат будану хоки пойро гулборон кардан аҷаб зебост.
Ишқи беолоиш марҳами ҷону тан, сарояндаи дили пурэҳсос, гӯянда ва шунавандаи қалби пуртуғён аст.
Ишқ тӯҳфаи илоҳист. Дар ҳаққи вай вафову садоқат зебанда аст. Чунки соҳибони ишқи пок одамони малаксифатанд.
* * *
Аз биҳишту ҷаннат бо бӯи мушки анбар ҳамроҳи ҳуру ғилмон, ҳамчун тӯҳфаи илоҳӣ хуш омадӣ МУҲАББАТ! Ман туро дар қасри қалбам аз тахти тиллоӣ ҷой медиҳам. Дар ҳамон қаср дарахти вафову меҳр, покизагии рӯҳу тан - САДОҚАТро мекорам. Ман туро мепарастам, эй тӯҳфаи илоҳӣ.

Муҳаббат АҲРОРОВА, собиқадори маориф,
маҳаллаи Оқмасҷид


Дата добавления: 18/01/2019 15:33;   Просмотров: 1038
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку