Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДӮЗАНДАГӢ–КАСБИ ОЛӢ

Бояд ҳар як соҳибкасб дар бораи ҳунаре, ки аз пасаш нон мехӯрад, тасаввурот дошта бошад. Ман, ки солҳои зиёд боз бо дӯзандагӣ машғулам, мехостам ба воситаи рӯзнома ба ҳамкасбони хеш аз таърих ва баъзе истилоҳҳои ҳунарамон чанд фикри худро равона созам. Барои ин имконият аз ходимони рӯзнома миннатдор ҳастам.

Дӯзандагӣ аз қадимтарин касбу ҳунарҳои мардумӣ буда, инсонҳои ҷамоаи ибтидоӣ пас аз шикори ҳайвоноти ваҳшӣ аз пӯсти онҳо барои пӯшиши бадани хеш навъе "либос медӯхтанд". Минбаъд ин пеша бо мурури замон вобаста ба пешрафти ҳамаҷонибаи ҷамоаи инсонӣ рушд ёфт ва ба ҳунармандиҳои гуногуни ҳамин соҳа тақсим шуд. Дар хилқати мардумӣ ва бахусус мардуми мо расм шудааст, ки маъмулан духтарбача аз синни 8-9 солагӣ бояд аз бибӣ, модар, апа ё ҳеҷ набошад аз ҳамсояҳояш дӯхтанро ёд гирад. Ҳоло ин масъала бо пайдо шудани мактабҳои тахассусӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ ҳал гардидааст. Дӯзандагӣ пешаи хеле муҳим ва мураккаби мардумӣ буда, иборат аз тарзу усули махсуси дӯхт ва гуногуннавъии ба ҳам пайвастани матоъҳои дӯхташаванда мебошад. Биноан тариқи дӯхт равандест, ки истилоҳҳои фаровонӣ касбӣ дорад. Ҷойи ба ҳам дӯхта шудани ду пораи матоъ дарз ё худ чок ва як ҳаракати ин дӯхт кӯк ном дорад. Кӯкзанӣ анвои гуногун дорад: агар кӯкҳо аз ҳам дар фосилаи як кӯк зада шуда бошад, он пешсӯзан (пешкӯк) ва агар пайиҳам кӯкзанӣ шуда бошанд, пассӯзан (ё паскӯк) ном дорад. Ҳамчунин кӯкҳо якрада ё дурада (мокак) мешаванд. Барои аз ҳам нарехтани тору пуди матоъ дар ҷои буридашуда ва ба хотири мустаҳкамии дарзҳо ҷои буридашударо давродавр кӯк мезананд.

Ҳоҷия Раҷаба
МАМАДҚУЛОВА,
дӯзанда


Дата добавления: 01/02/2019 14:50;   Просмотров: 1019
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку