Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

"ЭРКА"-ҲОИ ЗАМОН... ё худ дара задам, девор кафид

Ба мо хабар доданд, ки сокинони маҳаллаи Чоршанбе Раҳмат Бозоров ва Гулбаҳор Нурова ба қабули сайёри ҳокими ноҳия аз камбизоатии худ муроҷиат намудаанд. Раис ва фаъолони маҳаллаи Чоршанбе ба ин оила ҳар чӣ қадар ёрӣ расонанд, онҳо боз талаби бисёру беохир доранд. Ин оила то ҳол ҳисобкунаки барқӣ, чашмакҳои он, шиноснома, кадастри замин надоштаанд. Мо барои омӯзиши ин ҳолат ба маҳаллаи Чоршанбе рафтем.

БО ИВАЗШАВИИ ҶОИ ДАРВОЗА
Кӯчаҳои ободу манзараҳои зебои маҳаллаи Чоршанбе кайфиятамонро болида сохт. Гулу дарахт, воишҳои назди дарвозаи мардум ҳаворо мусаффою сояафкан намуда, дар ҳавои тасфон ба роҳгузарон ҳаловат мебахшид. Духтару арӯсони чоршанбегӣ назди дарвозаҳояшонро рӯфтаву об мезаданд. Мо назди дарвозае қарор гирифтем, ки на гул дошту на райҳон. Заминаш аз беобӣ хушк шуда буд. Мошини сабукраве меистод. Баробари шунидани садои мошин се нафар писарбача ба кӯча баромада, ба мо салом доданд ва ба дохили мошинҳои мо нигаристанд. Ин ҳаракати онҳо бароямон таҷҷубовар намуд.
- Падару модаратон дар хона? - пурсидем аз онҳо.
- Дадем нестанд, - гуфт яке аз онҳо.
Мо ба ҳавлӣ даромадем. Дар хона устоҳо ҷунбуҷӯл доштанду болои суфа сангу кулӯх, хоку хишт, косаву табақ, чойнику пиёла ва асбобҳои бинокорӣ мехобид. Сокинони ҳавлӣ, ки болои кати оҳанин менишастанд, моро дида, ба пешвозамон аз ҷой хестанд. Соҳибхоназан харакеро барои нишастан овард ва сачоқи рӯйпоккуниро аз дастаи кат гирифта, болои он партофт ва моро ба нишастан таклиф кард. Фаъолони маҳалла Ҳоҷӣ Вафоқул Эшонқулов ва Ҳоҷия Хосият Ҳақмуродова нишастанд.
- Нағз шуд, ки шумо дар ҳамин ҷо будед, - гуфт раиси маҳалла ба яке аз ҷавонзанҳо. - Инҳо аз рӯзномаи ноҳиявӣ барои омӯхтани ҳолат омаданд.
- Бинед, шароити инҳо чӣ қадар вазнин, - гуфт ҷияни Раҳматака Наргиза Шаманова. - Ҳатто ҳаммом надоранд.
- Ҳаммомро ҳам дигарон сохта диҳанд?! - ба шӯр омад Хосиятхола. - Инсоф доред?
- Мехостем, рози дили соҳибхонаҳоро шунавем, барои ҳалли муаммояшон кӯмак расонем, - гуфтем мо.
- Аввал мо сокини маҳаллаи Бӯзӣ будем. - сухан оғоз кард кадбону. - Борҳо ба раиси маҳалла муроҷиат намудем, ки ёрӣ расонад. Гуфт, ки дар фонди маҳалла пул нест. Шумо барин оилаҳои камбизоат дар маҳалла бисёр, ёрӣ дода наметавонем.
- Ба янгамуллом гуфтам, ки рад намуданашро ба тарзи хаттӣ ба қафои аризаатон нависта диҳад, баъд чора мебинем, - сухани соҳибхонаро бурид Наргиза.
- Мехостем, аввал суханони янгаатонро шунавем, баъд дигаронро...
- Ҳавлии мо дар маҳаллаи Бӯзӣ ҷойгир бошад ҳам, дар ҳамсоягиамон чоршанбегиҳо маскан доранд. Аз корҳои хайру ташаббускории раиси нави маҳаллаи Чоршанбе Алишер Ғафуров хабардор шудем. Бо маслиҳати Наргиза ҷои дарвозаи ҳавлиамонро иваз кардем ва мо ҳам чоршанбегӣ шудем. Баъд ба ҳоким муроҷиат кардем. Зуд вакилон омада, аз ҳоламон хабар гирифтанд. Дасти ёрӣ дароз карданд.
- Аввалин шуда худи Алишерака - раиси маҳалла аз хонаашон ду дона гилем ва зарфҳои рӯзгор оварданд, - луқма партофт Наргиза. - Дигарон низ плитаи дучашмаи газ, барои бачаҳо либосворӣ ва гилему дигар чизҳоро оварданд. Бо супориши ҳокими ноҳия бомро аз нав мебардоранд.
КУФРИ НЕЪМАТ...
- Оё шумо аз оғози оиладорӣ ба ҳамин ҳол зиндагӣ мекунед? Чаро ба ин ҳол афтодед? - рӯй овардем ба Гулбаҳор Нурова.
- Соли 1999 аз маҳаллаи Чашма ба маҳаллаи Бӯзӣ арӯс шуда омадам. Ҳамроҳи падаршӯю модаршӯ ва се авсун дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекардем. Шавҳарам бо вуҷуди кенҷаписар буданашон маҷбур шудем, мо аз ҳавлӣ кӯч бандем. Чунки бо авсунҳоям муросо карда натавонистам. Низоъҳоямон бисёр шуд.
- Ин ҳавлиро ба шумо ягон кас тӯҳфа кард?
- Не, бо пули худамон харидем. Ин ҷо замини холӣ буд. Ҳамроҳи шавҳарам ҳамин як хоначаи хурдро сохтем, - ба яке аз хонаҳо ишора кард кадбону. - Духтарам Ситора ду ё сесола буду Нуралӣ саридастӣ. Бо бачаҳо бо азобе зиндагӣ оғоз кардем. Шавҳарам кам-кам пули ҳавлиро медоданд. Баъд Миробиду Асадбек ба дунё омад. Ташвишамон зиёд шуд. Аз сабаби намигарии зиёд ва чакидани бом бачаҳо тез-тез бемор мешуданд.
- Ҳоло ҳам боматон мечакад?
- Ҳа, мечакад. Ҳангоми боришот аҳволамон вазнин аст. Баробари аз дарвоза даромадан пойи бачаҳо ба лой меғӯтад. Барфу борон девори хонаро нам мегиронад. Барои ҳамин ман мехостам баробари пӯшонидани боми хона болои дарвозаро ҳам пӯшанд ва агар илоҷ бошад, заминашро сангпӯш кунанд.
Ин вақт дарвозаро кӯфта, мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия Баҳриддин Мардонов ба ҳавлӣ даромад. Ӯ ду қутӣ рангро бо шёткааш ба замин гузошта, бо мо вохӯрӣ намуд. Ба соҳибхона рӯ оварда гуфт.
- Барои ранг кардани дарвоза ранг оварда будам, агар нарасад, боз меорам. Агар худатон ранг карда натавонед, ягон касро мефиристам.
Сокинони ҳавлӣ хомӯш монданд. Мардонов хайрухуш карда, рафт.
БЕҲУНАРӢ
- Соҳиби ягон касбу ҳунар ҳастед? - пурсидем аз Гулбаҳор Нурова.
- Не, ман ҳеҷ хел ҳунар надорам. Ҳоло дар яке аз ширкатҳо кор мекунам, яъне кӯчаҳои Сартепаро мерӯбам.
- Барои шавҳарашон ошноҳоро ба кор андохта, коре пайдо намудем, ки маошаш ду миллион сӯм. Аммо он кас рад карданд. Қудуқкобӣ намоянд, барои ҳар як метр 45-50 ҳазор сӯм маблағ ба даст меовардаанд, - гуфт Алишерака. - Агар дар кори доимӣ меҳнат кунанд, ҳам дар дафтарчаи меҳнатиаш сабт мегардаду ҳам маошашон таъин аст. Боз ҳангоми пиронсолӣ нафақа мегиранд.
- Лекин Раҳматакаам дардманд, - гуфт Наргиза. - Ба он кас кори вазнин мумкин нест.
- Магар қудуқкобӣ кори осон аст?!
Ҳама хомӯш монданд.
- Мурғҳо тухм мекунанд? - хомӯширо халалдор кард Хосиятхола.
- Ҳа, тухм карда истодаанд. Лекин ҳоло нафурӯхтем. Аз бачаҳо зиёдӣ намекунад.
- Ҳамин ҳам як навъи даромад, - гуфт Хосиятхола. - Ҳамаи 22 адад мурғро бо хонааш ба шумо бепул доданд. Дигарон бар ивази кредит харида, боз кредит медиҳанду фоида мебинанд.
- Бинед, боматон пӯшида мешавад, ба хонаатон полу паталок мешинонанд, муаммои барқу кадастри ҳавлӣ ва шиносномаатон ҳал гардид. Боз чӣ муаммо доред, ки ҳукумат ҳал намояд.
- Ҳамааш нағз, раҳмат. - гуфт Гулбаҳор Нурова ва ба Наргиза ишора намуда гуфт. - Боз он кас медонанд...
Ҳангоми бозгашт боз як ҷияни Раҳматака хоҳиш намуд, ки то истгоҳи Хоҷа Аҳрор ӯро барем. Дар роҳ хоҳиш намуд, ки ба ин оила бештар эътибор дода шавад.
- Худи ман бисёртар дар қабулҳои сайёри ҳокими шаҳру вилоят иштирок кардам, ариза навиштам, шукр соҳиби хона шудам. Бароям хонаи замонавии боимтиёз доданд. Ҳоло дар шароити хуб, дар хонаи замонавӣ зиндагӣ дорам.
ШУКРИ НЕЪМАТ НЕЪМАТАТ АФЗУН КУНАД...
Чанд моҳ пеш дар қабули сайёри ҳокими ноҳия дар деҳаи Миронқул дар қатори дигарон сокинони ин маскан ногироёни гурӯҳи дуюм Гулбаҳор бо шавҳараш муроҷиат намуданд.
- Мо дар ҳавлиамон гармхона ташкил намудем, - гуфтанд онҳо. - Ҳоло сабзавоту кабудиҳо дар он ҷо нашъунамо меёбанд. Танҳо барои гарм кардани он азият мекашем...
Ҳама ба онҳо аҳсант гуфтанд. Ҷавонзан баробари кӯмак ба шавҳар либосҳои зебо медӯхтааст. Шогирдони зиёд доштааст.
- Шукр, мегӯем, ки дасту пой дорем, - шукргузорӣ мекунад Гулбаҳори миронқулӣ. - аз дастамон кор меояд. Одами бемақсад мисли ҳайвон аст. Мо бошем наздамон мақсад гузошта, барои амалинамоии он саъю кӯшиш менамоем.
Хонандаи азиз, ҳарду Гулбаҳор ҳам ҷинси мубораки "Зан"-ро соҳибанд. Яке ногирон асту ҳунар дорад ва аз пайи омӯзиш аст. Дигаре беҳунар, боз умедвори ёрии дигарон. Беҳуда намегӯянд: Сарфагари сари оташдон беҳ аз савдогари Ҳиндустон.
Ҳоло барои ҳунаромӯзии бонувон курсҳои махсус мавҷуд асту барои ривоҷи ҳунармандӣ шароит. Инчунин, барои ба роҳ мондани тадбиркорӣ имконияту имтиёзҳо мавҷуд. Боз шарм накарда, "Ҳунар надорам, маҳалла ёрӣ диҳад!" гуфтани бонуи соҳибақлро чӣ хел фаҳмидан мумкин?!
Шумо ба ин чӣ мегӯед, хонандаи азиз!

Нормурод КАРИМЗОДА
Дилрабо НАСИМӢ
Аксбардор Бекзод ҚОДИРӢ


Последнее редактирование: 29/07/2019 11:51;   Просмотров: 834
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку