Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЭЙ АРӮСИ НОЗАНИН...

Арӯси нозанин! Имрӯз ту ҳамчун рамзи бахту саодат либоси ҳарир бар танат, покдоман бар хонадоне меравӣ. Бар хонадоне, ки ҳама туро мисли ташнагон интизоранд. Аҳли ин хонавода бо ду дасти адаб ба ту пайванди дили хешро, ки то бар камолоташ расидан мисли гавҳараки чашм эҳтиёт карда омаданд, месупоранд. Ва ин волидон ояндаи ҳаёт ва давоми умри хешро ба Шумо бовар мекунанд.

Эй арӯси нозанин! Дон, ки ба боварӣ сазовор шудан ба Худо хуш омадан аст.
Ту аввал ору номуси авлоди падариат, сониян шавҳаратро пос дор, ки ин - тоҷи тиллоӣ бар сарат аст!
Боадаб бош! Одоби ҳамида, шарму ҳаё, суханҳои малеҳ, нигоҳҳои некбин нисбати авлодони шавҳарат - ин пероҳани туст.
Ба ин пероҳан доғе нарасад, ки ин либос ба авлоди модариат мансуб аст.
* * *
Ту гулӣ, гули раъноӣ эй зан! Бо накҳати биҳиштосоят, бо тамоми ҳастиву зебогият ту олиҳаи ҳуснӣ!
Дарёи дил бандаргоҳ надорад. Сӯи ту мешитобад. Туро бо мавҷи хурӯшонаш ба оғӯш мегирад. Баҳре пайдо мешавад аз меҳру муҳаббат, дунёе созмон мегардад аз аҳду вафо!
Барои дохили ин дунё шудан ту бояд калиди дарвозаи садоқатро биёбӣ!

Муҳаббат АҲРОРОВА,
омӯзгори собиқадор, маҳаллаи Оқмасҷид


Дата добавления: 08/02/2019 11:45;   Просмотров: 974
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку