Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲЕҶ НЕЪМАТ БЕҲ ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ

Истиқлолият шарафу номуси ватандорист ва ин неъматро шукр ва эҳтиёт бояд кард.
Соли ҷорӣ мо 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистонро таҷлил менамоем. Истиқлол мафҳумест, ки онро наметавон ба як-ду ҷумла шарҳ дод: он фарогирандаи буду набуди мост, фазо ва муҳитест, ки моро дар бар мегирад, озодӣ ва мустақилияти комили мо чӣ дар дохили ватан ва чӣ дар беруни он аст.

Истиқлолият шарафу номуси ватандорист ва ин неъматро шукр ва эҳтиёт бояд кард.
Соли ҷорӣ мо 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистонро таҷлил менамоем. Истиқлол мафҳумест, ки онро наметавон ба як-ду ҷумла шарҳ дод: он фарогирандаи буду набуди мост, фазо ва муҳитест, ки моро дар бар мегирад, озодӣ ва мустақилияти комили мо чӣ дар дохили ватан ва чӣ дар беруни он аст.
Истиқлолияти давлатӣ, ки Ӯзбекистон онро 29 сол пеш ба даст овард, натиҷаи кӯшишу талоши тӯлонии халқ дар роҳи пуршебу фарози таърих мебошад. Чунки андешаи истиқлолият ва кӯшиши расидан ба давлатдории миллӣ дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд. Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо кардааст. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму технология ва раванди ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои беназири худ инсон ҳанӯз ба ормону орзуҳои деринааш, яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст. Баръакс, имрӯз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рӯ ба рӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад. Бинобар ин, ҳар як нафар бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои рушду нумӯи кишвари азизамон ва истиқлолияти он саҳми воқеии худро бояд гузорад.
Агар истиқлолият ҳастии миллату давлат бошад, пас фарҳангу маънавияти исломӣ дар пайкари ин ҳастӣ мақоми қалбро дорад. Истиқлолият ҳамон неъмати бебаҳоест, ки бо саъю талошҳои тӯлонии фарзандони ҷонфидои миллат дар натиҷаи паси сар кардани чандин имтиҳоноти вазнин дар масири таърих ба мардуми шарифи Ӯзбекистон муяссар шудааст.
Ба қавли Мавлонои Балхӣ:
Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
Ҳеҷ дигар ҷойи қилу қол нест.
Дар тӯли таърих ба ҳайси халқи тамаддунофар шинохта шудааст, яъне мардуми мо тавассути хиради азалии худ тавонистаааст, ки дар таърих дар бунёди кишвардориҳои бузург саҳми арзандае гузорад ва мондагории худро дар саҳифаҳои таърихи башар таъмин намояд. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, дармеёбем, ки чеҳраҳои дурахшоне бо қаҳрамонию диловарӣ, эҷодкорию ҳунармандӣ ва муборизаҳои ватанхоҳонаи худ боиси ифтихор ва намунаи ибрати аҳли башар гардида, дар даврони мухталиф пешвои сиёсию динӣ ва фарҳангию илмии тамаддунҳои гуногун гардидаанд. Корнамоию муборизаҳои Куруши Кабир, Спитамен, ақлу фазилати волои Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Исмоили Сомонӣ, эҷодиёти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, дастовардҳои илмии Ибни Синою Закариёи Розӣ ва ҳазорҳо тани дигар шоёни ибрату пайравист.
Агар ба таҷрибаи таърихӣ бингарем, хоҳем дид, ки таърихи 1400-солаи рушди дини мубини Ислом таърихи инкишофи илму маориф ва саводу дониш будааст. Асос ва дарунмояи Ислом илму дониш асту бас. Муҳаммад Ғаззолӣ барои исботи он ки Ислом бар илму таълим такя дорад, мисоли зеринро меорад: "Ва Расул (с) рӯзе берун омад ва ду маҷлис дид: дар яке Худойро мехонданд ва ба вай рағбат менамуданд. Дар маҷлиси дуввум таълим ва ифодат мекарданд. Фармуд: ҷамоати аввал аз ҳақ таъоло дархост мекунанд, агар хоҳад диҳад ва агар хоҳад манъ кунад ва ҷамоати дувум ба таълим машғуланд ва маро ҷуз барои таълим нафиристодаанд. Пас ба сӯи эшон майл кард ва бо эшон муҷоласат фармуд".
Бояд донист, ки илму дониш дар дини Ислом дорои қурбу манзалати бузург аст ва далелаш нахустин ояти Қуръони карим мебошад, ки ба Пайғамбар (с) нозил шуда: "Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарид". (Сураи "Иқраъ", ояти 1). Суннати набавӣ низ ба ҷойгоҳи волои илму дониш таъкиди фаровон дорад ва саъю талош дар роҳи касби илмро василаи расидан ба биҳишти барин қарор додааст. Расули Худо (с) дар ин маврид фармудаанд: "Шахсе дар роҳе равад, ки дар он илмеро меҷӯяд, Худованд барои ӯ роҳе ба сӯи биҳишт омода мекунад". (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). Саҳобаи гиромиқадр Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мефармояд: "Дониш омӯзед, чун онро фаро гирифтед, пас ба он амал кунед". Ҳамчунин мегӯяд: "Вой бар касе, ки намедонад ва агар Худо бихоҳад, ба ӯ илм медиҳад. Вой бар касе, ки илм дорад, аммо ба он амал намекунад".
Ҳамин тавр, аз ҳама авомили тақвиятдиҳандаи истиқлол барои ҳар давлат ва дар ҳама давру замон дар баробари адолати иҷтимоӣ, худогоҳии шахсӣ ва иҷтимоию миллӣ, рушди иқтисод ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум - ташаккули ҷаҳонбинӣ тавассути аз бар намудани илму дониш ва мусаллаҳ шудан ба дунёфаҳмии муосир аст, ки бидуни он наметавон роҳи тӯлониро дар масири истиқлол тай кард.

Абдуҷаббор УМАРОВ,
депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, соҳибкори хусусӣ


Дата добавления: 19/08/2020 09:35;   Просмотров: 1064
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку