Дар таҷрибаи омӯзгории худ бо падару модарони гуногун рӯ ба рӯ шудаам. Падару модароне ҳастанд, ки бо вуҷуди фарзанди бисёр доштанашон, ҳанӯз нозукиҳои тарбияи дурусти онҳоро пай набурдаанд. Бо баъзе паҳлӯҳои зиндагии оилаи худ шинос нестанд.
Ҳамчунин, падару модарони зиёде ҳастанд, ки ба ҳар як атвори бача дахолат карда, мафкураи мустақили ӯро маҳдуд менамоянд. Бача ба худаш бовар накарда мемонад. Чунин кӯдакон аксаран доно ва боадаб, вале дар айни ҳол тарсу ва дурӯғгӯ ба воя мерасанд. Чаро? Чунки доимо дар назорат будан, беш аз ҳад танбеҳ гирифтан бачаро ба робот табдил медиҳад. Дар ин маврид эҳсосоти онҳо ба сурати табиӣ тараққӣ намекунад, чунки онҳо ҳатто масъалаҳои хурдтаринро бе мадади падару модарашон ҳал карда наметавонанд.
Баъзе падару модарон худро аз муаллимон дур мегиранд ва аз характери фарзандони худ бехабаранд. Бо ин гурехтанҳо муроде ҳосил намешавад, охир. Бисёр хуб медонам, ки фарзанд барои падар ва модар хеле азиз аст. Аксарияти волидон муаллимеро, ки ба фарзандашон баландтар гап задааст, бад мебинанд. Мутаассифона, муҳаббати аз ҳад зиёд баъзан ақли касро кӯр мекунад. Дар натиҷаи навозиши зиёд фарзанд бадхӯ ва мутеъ мешавад. Дар зиндагӣ роҳи муайяни худро наёфта, саргаранг мегардад. Аз падар ва модар мадад ҷустани фарзанди нозпарвар доимӣ нест! Падар ва модарони арҷманд бояд ҳангоми тарбияи фарзанди мактабхони худ ҳушёр бошанд. Ҳангоми тарбия бояд гапашон бо муаллим аз як ҷо барояд. То бача аз муаллим алифрову аз волидайн таёқро нашнавад!. Боз ҳушётар бошем, ки бача ё шогирди мо танҳо азони оила ё мактаб набуда, балки фарзанди халқу Ватан аст. Бояд барои ин ду фаҳмиши воло хидмати босазо намояд!.
Каримбобо ӮРУНОВ, Аълочии таълими
халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон,
собиқадори меҳнат
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.