Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ФИРЕФТАГОН

Дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ноил гардидан ба масъалаи озодии виҷдон ва дину оинҳои шаҳрвандон эътибори алоҳида дода мешавад. Дари масҷидҳо барои эътиқодмандони дини мубини ислом доимо кушода буда, онҳо бемамоният тоату ибодати хӯдро ба ҷой меоранд. Дар мамлакатамон идҳои Рамазон ва Кӯрбон рӯзҳои истироҳат эълон гардидааст. Аммо дар ҷамъият ёфт мешудааст нафароне, ки инҳоро сарфи назар намуда, бар зарари халқу мамлакати худ рафтор кунанд. Сокинони ноҳияи Ӯргут П.Ҳ ва П.Ҷ. аз ҷумлаи ҷунин инсонҳоянд, ки парвандаи ҷиноии онҳо дар Суди вилояти Самарқанд оид ба корҳои ҷиной дида баромада шуд.

Маълум гардид, ки судшаванда Ҳ.П. соли 2007 бо мақсади пулкоркунӣ ба шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Россия сафар карда, дар он 40 бо якчанд нафар ҳамдиёрони худ, ки бо корҳои сохтмонӣ машғул буданд, шинос шуд. Баъди чанде завҷааш Н.Б. ва писараш Ҷ-П.-ро низ ба наздаш ҷег зада гирифт. Онҳо дар он 40 баробари иҷро кардани корҳои сохтмонӣ хондани намозро идома медоданд. Пас аз намоз бошад, ба воситаи компютери навъи ноутбук аз шабакаи интернет маърӯзаҳои динии X.Ҳамидов, Абдувалӣ қорӣ, Ориф қориро, ки доир ба сохтани давлати исломӣ, ҳиҷоб бастани занон, ёрӣ додан ба бародарони исломӣ, вазъияти иҷтимоии давлатҳои хориҷӣ тарғибот мебурд, гӯш мекарданд. Чунин вохӯриҳои онҳо дар давоми 1-1,5 моҳ дар ҳафтае 3-4 рӯз ба вӯқӯъ мепайваст. Ба ҳамаи ин қаноат накарда, онҳо бо аъзоёни гӯрӯҳи диниву экстремистии "Ҷиҳодҷиёни ислом" алоқа пайдо намуданд. Таҳти таъсири аъзоёни равияи диниву экстремистии мазкур даромада, худ низ ба он аъзо шуданд. Онҳо аз соли 2010 то имрӯз ҳамчун аъзоёни равияи диниву экстремистии мазкур ба таври махфӣ фаъолият доштанд. Онҳо дар "вагонҳои сайёр" маҷлисҳо гузаронда, дар он ғояву ақидаҳои равияи диниву экстремистии "Ҷиҳодҷиёни ислом" аз қабили сохтани "давлати халифагӣ" дар ҳудуди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, "ҳиҷрат" намудан бо мақсади ёрӣ ба онҳое, ки дар Сурия меҷанганд, тарғиб намудаанд ва аз интернет истифода бурда, видеороликои ба ақидаҳои диниву экстремистӣ вобастаро тамошо кардаанд.
Ниҳоят, 15-уми феврали соли 2016 Ҳ.П. ва Ҷ.П. аз ҷониби ходимони корҳои дохилӣ дастгир гардида, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Судшавандагон ҳарчанд ба айби худ иқрор гардида, аз сидқи дил пушаймон шуданд, аммо дер шуда буд. Суд мувофиқи моддаи 59-уми Кодекси ҷиноии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба Ҳ.П. 10 сол ва писари ӯ Ҷ.П. 8 сол ҷазои аз озодӣ маҳрум карданро таъин намуд.

Ш.ШАРИПОВ,
судяи Суди вилояти Самарқанд


Дата добавления: 22/06/2018 15:51;   Просмотров: 1145
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку