Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ГАДО

Бо мусофиркашони "Дамас" ба манзил бармегаштам. Се нафар зан ҳам ба мошин савор шуданд. Занги телефони дастии яке аз занҳо садо дод.

Ӯ пас аз салому алейки дурудароз гилагузорӣ кард:
- Дугонамулло, чаро бегоҳ ба вечер наистодед? Ба ресторан меомадед, аҷоиботро медидед. Сериву пурӣ буд. Ҳама таъриф кард, ки ба ин қарибиҳо чунин тӯйи бобадбада нашудааст. Пул мисли хазон рехт. Як хеши хӯҷаинам - муаллими собиқадор доим таъкид мекарданд, ки хоксорона бо одами кам тӯй кунем. Аз баҳри чизмонӣ бароем. Ба ҷои ин хел корҳо фарзандонамонро хононем. Ба тӯйи мо омада, дабдабаву пулчоширо дида, оҳиста гурехта рафтанд. Лаббай-? Ҳа, ба келинмулло гуфтам, ки пеш-пеши падарарӯсатон давед. Чунки, ин кас аз болои саратон пачка-пачка пул рехтанд. Лаббай? Лекин одамҳои келинам "вечерҳо"-и калонба иштирок намекунанд.Қоидаҳои навро намедонанд-дия. Вайҳо кори давлат гуфта мурдагӣ...
Ин вақт ӯ ба манзилаш расиду аз мошин фаромад. Беихтиёр пеши чашмонам симои амалдори сарватманди яке аз ташкилотҳо намудор гардид.Ӯро дар пешгаҳи маърака мешинониданд.Атрофиён тамокуро рӯи коғаз рехта мепечониданд ва дуд мекашиданд. Аммо он амалдор тамокуро дар пул печонида бовиқор дуд мебаровард. Касе ҷуръат намекард, ки убол будани ин рафторашро фаҳмонад. Пас аз чанд сол ӯро дар майдони Регистону бозори деҳқонии Сиёб во мехӯрдам. Ӯ дар тан ҷомаи фарсуда гадоӣ мекард...

Шодмон АМОНУЛЛОЕВ


Дата добавления: 22/02/2019 12:34;   Просмотров: 982
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку