навбата артистба те!” Мақолаи ҷонишини раиси шӯъбаи ноҳиявии Бунёди хайриявии “Маҳалла” Зокирҷон Давроновро аз рӯзномаи “Гулобод тонги” хонда, мутаассир шудам.
Дар ҳақиқат, вақте ки кас нияти тӯй мекунад, баробари нуқлу навои рӯйи дастархон ғами ресторан, санъаткор, баранда ва наворбардор (видеочӣ)-ро низ мехӯрад. Мехоҳад тӯяш хотирмон, аҷиб ва ботартиб гузарад. Ҳиссаву хизмати ин масъулон барои хуб гузаштани ҳар навъи маърака ҳам калон аст.
Ҳоло ки аксарияти маъракаҳо дар базмгоҳҳо мегузарад, гӯё ташвишу бори соҳибтӯй кам мешавад. Баръакс, файзу баракоте ки дар тӯйи ҳавлӣ ҳаст, ба ягон чиз баробар шуда наметавонад. Масалан, дуои фотеҳа ба рӯҳи гузаштагони хонадон равона мешавад, нону намаке, ки аз тӯйхӯрон боқӣ мемонад, ҳафтаҳо барои озуқаи аҳли оилаи тӯйдор хизмат мекунад. Бо баҳонаи тӯй хонаву дар таъмиру обод мегардад. Атрофиён, алалхусус ҷавонон худро ба хизмат кардан масъул дониста, меҳру оқибат, ангезаҳои одамгарӣ зиёд мегардад.
Ҳолати дигаре, ки дили касро хира месозад, рафтори баъзе ҳофизони тӯйгард аст. Баранда ба номаш тӯйро оғоз мебахшаду навбатро ба санъаткорон медиҳад. Бо ҳамин нақши баранда қариб, ки дида намешавад. Асосан дар базми ақди никоҳ баранда дар оғоз, ҳангоми ба саҳна баровардани падару модар ва охири тӯй гап мезанаду халос. Бо ҳамин омин. Омин ҳам ба номаш. Охир, аз овози баланди мусиқии санъаткорон дару девори ресторан ба ларза омада, пас аз хӯроки дуюм қариб, ки ҳеҷ кас аз меҳмонон намемонад.
Рӯзе дар тӯйи яке аз дӯстонам иштирок доштам. Барандаи басо сухандон интихоб шудааст, тӯйро зебо сар кард. Дар дил гуфтам, ки имрӯз шеърҳои аҷиб, суханҳои баланд гӯш мекунам. Навбатро ба санъаткор доду баранда худ гӯшанишин шуд. Ҳофиз аррос мезаду раққоса пул мечид. Баранда борҳо назди ҳофиз омада, навбат мепурсид, натиҷа нест. Пас фаҳмидам, ки худи соҳиби тӯй фақат суруд мехонӣ, гап лозим нест, гуфтааст.
Вақте ки баранда дар бораи ҳурмати падару модар, ахлоқи хамидаи инсонӣ сухан сар кард, додари соҳибтӯй қариб микрафонро аз дасти баранда гирифтанӣ шуда, луқма партофт: “Гапа кам кун диктор, навбата артистба те!”...
Баъд фаҳмидам, ки ҳамон артист тӯёнаи соҳибтӯй будаасту барои хизмати 2-3 соата 500 доллари амрикоӣ медодааст. Ба пулаш дилаш сӯхта, мехостааст, ки ҳофиз бисёртар хонда, пулашро ҳалол карда гирад. Наход надонад, ки он артист ҳам гӯлу гумроҳ нест, диски фонограммаашро баланд карда мемонад, пас “дарад гӯши шунаванда дарад”. Магар ҳамаи ин дабдабаҳо лозим аст?
Пештар барандаро раиси тӯй мегуфтанд. Ҳамаи ҳофизу хизматчии тӯйхона ба вай итоат мекарданд. Тӯй бо нақша ва равиши ӯ хубу дилнишин мегузашт.
Тӯй оинаи маънавияти ҳамон маҳал аст. Рақсу бозӣ, гуфтору рафтор, шину хез он ҳама дар мадди назари атрофиён қарор дорад. Бо ҳамин маънавияти худдорӣ ба аҷдод ва авлоди ӯ баҳо медиҳанд.
Саъдулло МАҲМУДОВ, омӯзгор
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.