Халқи моро навҳае ҳаст, ки ҳангоми ҷудоӣ аз фарзанд, ҷигарбанд ва ё дилбанди худ ба забон меорад: "Гавҳари ноёб, дурри пурбаҳоям, куҷо рафтӣ?..."
Ба қарибӣ ҳамин нола, ҳамин навҳаи ҷигарсӯз ва дилхарош аз забони пиру барно, ҳар як самарқандии асил, гӯиё худи Самарқанди дилпора, ки бо баҳонаи дарде, аламе ягон-ягон фарзандони гиромияш зери хок мешаванд, боз баландтар садо дод.
Аъзам Муртазоевич Муҳаммадиев, он табиби ҳозиқ, инсони дардошнову мушкилписанд, ҷону ҷигари Самарқанд, ки ба дараҷаи гавҳари ноёбу дурри пурбаҳо расида буд, аз олам даргузашт.
Шунидани ин хабар бароям хеле вазнин буд…
Аввали шаб тавассути "оинаи нилгун" аз Токио мусобиқаи муштзании ҳамватанамон Баҳодур Ҷамоловро тамошо карда, аз дастболо шудани ӯ табъам болида гашта хурсандӣ мекардам, ки ногаҳон телефони дастиам мусиқӣ навохт ва баъди пахши тугмачаи он овози маҳзуну изтиробомези дӯсти наздикам Абдуҳафиз Ҳалимови оҳаликӣ ба гӯшам расид:
- Бандагӣ, акаҷон, - бо оҳи бадард иттилоъ дод вай. - табибамон Аъзам Муртазоевичро бой додем…
Рости гап, аз хабари мудҳиш гӯшҳоям қулф зад, пеши чашмонамро сиёҳӣ гирифт, дилам ба таппиш омад.
- О, чӣ хел, - ҳайрон шудам ман. - магар духтур худро эҳтиёт карда натавонистанд?!
- Амри тақдир будааст, - гуфт Абдуҳафиз, - ҷаноза пагоҳ, соати нӯҳ…
Тамоми шаб пеши назарам симои табиби ҳозиқ, инсони хоксору меҳрубон, фидоии касби худ Аъзам Муҳаммадиев бо чеҳраи кушод, табассуми ширинаш ҷилвагар гашт. Гуфтораш, рафтораш аз он гувоҳӣ медод, ки маҳз барои интихоби пешаи шифокорӣ ба дунё омадааст.
Аъзам Муртазоевич соли 1958 дар деҳаи Шӯрбоӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар солҳои таҳсил дар мактаби миёна ба касби шифокорӣ дил баст. Пас аз ба даст гирифтани номаи камол ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи тиббии Самарқанд супурд. Аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашта номи донишҷӯйро гирифт.
Шаш сол хонда аз устодони меҳрубонаш нозукиҳои касби шифокориро омӯхт. Баъди соҳиби диплом шудан бо роҳхати донишкада дар ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд.
Аз соли 1984 то лаҳзаҳои вопасини умр дар шӯъбаи эҳёи (реаниматсия) Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Самарқанд ба беморон кӯмаки саривақтиву таъҷилии тиббӣ расонд. Аз дасти сабуки ӯ садҳо, шояд ҳазорҳо нафар шахсони касбу кор, синну сол ва миллаташон гуногун аз чанголи маргу таъқиби аҷал халос шудаанд. Вай дар шӯъбаи мазкур баъди ба кори дигар гузаштани мудир, профессор Толиб Аҳтамов ҷонишини ӯ таъин гардид. Маҳз бо талошу ташаббуси Аъзам Муҳаммадиев таъминот бо асбобу ускунаҳои замонавии тиббӣ куллан тағйир ёфт, ки беморон тезтар аз маризӣ халос мешаванд.
- Барои раҳматӣ Аъзам Муртазоевич ҷадвали кор вуҷуд надошт, - аз сӯгворӣ навиштанам огоҳӣ ёфта иброз дошт ҷонишини сардухтури шифохонаи марказии ноҳияи Самарқанд Замирахон Маъмурова, - гоҳо то нисфи шаб ё саҳарӣ сари болини бемори мӯҳтоҷи ёрӣ парвона мешуд.
Инчунин, барои маслиҳат ёки аз назар гузаронидани шахси рӯи ҷойгаҳ, ки манзилаш дур аст, албатта мерафт, медид ва барои сиҳат ёфтанаш кӯмаки беғараз медод. Боз як мӯъҷизаи вай бо чеҳраи кушод ба табобат пардохтан, сӯҳбати маҳрамона оростан, дилбардорӣ кардан буд. Хуллас, санъати олиҷаноби табобати ҳамкасбамон ба аксарият мактаби маҳорат гардида, бисёр шогирдонаш хислати ибратбахши устодро ёд гирифтаанд.
Чанде пеш вай дар Тошканд унвони шифокори олиро гирифт. Ва мо умед доштем, ки таҷрибаи бои худро боз бештару хубтар ба ҷавонон ёд медиҳад. Афсӯс, ба дарди худ даво наёфт ва аз сактаи дил ҷон дод.
Вақеан, раҳматӣ Аъзам Муҳаммадиев бо ҳамсари меҳрубонаш Шоиста Қосимова ду нафар фарзанд - гулдухтараш Замирабону ва писараш Темуршоҳро таълиму турбияи хуб доданд. Се нафар набера ба бобоҷону бибиҷон олам-олам хурсандӣ меоварданд.
Рӯзи панҷшанбеи гузашта хешу пайвандон, ёру дӯстон, ҳамкасбу шогирдон барои марҳумро ба роҳи охирин гусел кардан дар назди ҳавлиаш воқеъ дар гузари Шӯрбоӣ ҷамъ омаданд. Имом-хатиб Ҳоҷӣ Бахтиёрҷон дар маросими ҷаноза оиди хислатҳои неки маит ҳарф зада, таъкид кард, ки аз дасти аҷал шоҳу гадо оқибат водии хомӯшонро манзили абадӣ ихтиёр мекунанд. Аммо ба қавли шоир:
Намурд ок касе, к-аз ҷаҳон ном бурд,
Ки марди накӯном ҳаргиз намурд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, деҳаи Шӯрбоӣ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.