Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ГИРЯИ БИНО ВА БОҒИ ХАРОБА

Дар қабати поликлиника ва шифохонаи Даштаки боло корхонае вуҷуд дорад, ки ҳавлиаш зиёда аз 1,5 га.ро ташкил намуда, бинояш дар солҳои ҳукумати шӯравӣ бунёд шудааст. Шиферҳои болои бомаш канда шуда, стропил ва рекаҳо дорад. Намедонед барфу боронҳои баҳору тирамоҳу зимистон ба куҷо меравад? Стропилҳо аз барфу борон ва офтоби тасфони тобистон сиёҳ шуда, аҳволи ночорро гирифтааст. Бино ва атрофи он боғи дарахтони мевадорро дида, гиряи кас меояд. Наход, ки бинои калони зебо, ки солҳои пеш як корхонаи калон буд, тамоми ширҳои хоҷагиҳои фермерии ноҳияро қабул намуда, халқи вилоятро бо маҳсулоти ширӣ таъмин мекард, ба ҳамин аҳвол афтода бошад?!

Боғи ҷавони гелосдор, токҳои ба хавоза бардошта диққати бинандаро ба худ мекашид. Ҳоло боғ ба ҷангалзори бесоҳиб монанд аст. Аз об монда, хушк шуда, хобидаанд. Тарафи кӯчаи калон бо панҷараҳои зебои чӯянӣ печонида шудааст.
Кӯчаи Оқмасчид – Андиҷонӣ бо ташаббуси депутати шӯрои вилоятӣ Ҷамшед Абдуллоев бо маблағи давлат хеле хуб мумфарш карда, дар ду тарафи кӯча роҳравҳо, барои равшаннамоии роҳ дар симчӯбҳо чароғҳо гузаронида шудааст.Ду тарафи кӯчаро гулҳои рангоранг, дарахтони арча ва манзаравӣ зеб медиҳанд.
Аз сероҳаи Оқмасчид то саршавии ҳудуди ҳамин корхона гулҳои гуногуни рангоранг шинонида шудаанд. Аммо ҳудуди корхона аҳволи ночор дорад. Ин корхона ҳоло ба кӣ дахл дорад, намедонам. Лекин ба чунин ҳол афтодани он гуноҳи азим аст! Канӣ инсофу диёнат, ору номус ва ташкилотчигӣ?! Магар шахсони мансабдори идораҳои дахлдор аз ин хабар надоранд?! Чаро касе чорае намеандешад?
Ангури токҳои ба хавоза бардоштаро бо селофан пӯшондаанд. Лекин халтаҳои селофанӣ аз таъсири шуои офтоб дарида, ангурҳо мавиз шудаанд. Магар ангурҳои боқимондаро канда гирифтан кори мушкил аст?!
Агар ин манзил ва боғ ба деҳқон ё боғбон бошад, онро нашъунамо дода, даромади зиёд мегирифт.
Мехостам ба атрофи худ беэътибор набошем...

Раҳматиллои ШАРИФ


Дата добавления: 24/11/2017 11:44;   Просмотров: 1276
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку