Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ГӮИЁ МЕҲР РАФТ, МУҲАББАТ РАФТ…

Марги нобаҳангом зани бомаърифату фарҳангдӯст, сиёсатмадори оқилаву доно, хушгуфтору хушрафтор, модари се нафар фарзанду бибии набераҳои ширин, муаллифи фаъоли рӯзномаҳои вилоятиву ноҳиявӣ ва гурӯҳҳои фейсбукиву телеграмии интернет Ҳоҷияона Муҳаббат Аҳророваро дар синни 60 солагӣ аз байни мо бурд.

Муҳаббат Аҳророва 31-уми октябри соли 1960 ба дунё омадааст. Соли 1979 пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби миёнаи рақами 5-и шаҳри Самарқанд ҳамчун омӯзгор оғоз намуд. Баъдтар дар мактаби миёнаи рақамҳои 21 ва 42-и ноҳияи Самарқанд аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забони форсӣ ба шогирдон дарс гуфтааст.

Азбаски зани босаводу бомаърифат буд, соли 2006 ҳамчун маслиҳатчи раиси маҳалла доир ба масъалаҳои бонувон дар маҳаллаи Оқмасчид интихоб намуданд. Таи чанд сол ба зану духтарони маҳалла маслиҳатҳои муфид дода, ба ғаму шодии ҳамдеҳагон шарик буд.

Бо Абдурафиқ Ғаниев оила бунёд намуда, соҳиби фарзандони пурҳунару накӯхислат чун Шоираву Пӯлод ва Шерзодҷон гардиданд. Домоди хонадон Шӯҳратҷон, келинҳо Мадинаву Ситора ғамхори модар буданд.

Муҳаббат Аҳророва аз наберагони шӯху ташнаи донишаш Абӯбакрҷон, Шаҳризодаву Муяссар, Моҳинуру Абдулло, Фархундаву Ширин ва Мубин­ҷон умеди калон дошт.

Соли 2014 номзадии Муҳаббат Аҳророва ба депутатии Палатаи Қонунофарии Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон гузошта шуд. Ӯ ҳар як вазифаи дар дӯшбударо софдилона ва бомасъулияти беш адо менамуд.

Баъди ба нафақа баромадан ғамшарику шодишарики мардум буд. Бо маслиҳату суханҳои бандомез ба воситаи интернет мардумро ба ҳушёрӣ даъват менамуду рӯҳбаланд мекард. Меҳру муҳаббатро дар дили ҳар кас ҷой медод. Ҳар субҳ бо сухани ибратнок бо рӯзи нав табрик мегуфт. Чанд муддат пеш чунин навишта буд: "Агар худованд ба пирӣ расонад, ба набераю аберагонам мегӯям, ки баъди соли 2019 соли 2021 омада буд. Дар бораи соли 2020 сухане намегӯям…".

Чанд соат пеш аз вафоташ дар ҳамаи гурӯҳҳои интернетӣ чунин мисраъҳои Бедилро сабт карда буд:

Чаро худро асири ғам

зи фикри бешу кам дорӣ,

Ки нагзорад туро мӯҳтоҷ Эзид,

то ки дам дорӣ.

Машав бе дасту по аз муфлисиву

бекасӣ ҳаргиз,

Магар нашнидаӣ, Бедил,

Худо дорӣ чӣ ғам дорӣ?

Илоҳо, хонаи охираташ ободу равонаш шод бод.

Аҳли маҳаллаи Оқмасҷид

ва гурӯҳи дӯстон


Дата добавления: 29/07/2020 09:32;   Просмотров: 703
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку