Имрӯзҳо мардум аз карантине, ки зиёда аз 90 шабонурӯз бо қадамҳои шуми пандемияи коронавирус қариб рӯйи заминро фаро гирифт, азият мекашанд. "Дод аз дасти карантин!", "Нест бод коронавирус" мегӯянд. Ҳамаи ин дуруст аст. Илоҳо ба пои касе хоре нахалад, ки дили инсон ба дард меояд. Боз агар ин қадар харҷеро, ки Президенти мамлакат ба соҳаи тандурустӣ, баҳри пешгирии ин дард сарф намуд, ба ҳисоб гирем, даҳҳо корхона сохта шуда, чанде аз шаҳрҳо боз ҳам ободтар мешуд. Ташаккур ба ҳукумати Ӯзбекистон, ки барои пешгирии ин маризӣ ва беҳдошти сиҳатмандии дардмандон аз буҷаи давлат пул ҷудо мекунад, халқашро ба по хезонида, солиму бардам дар оғӯши оилааш бармегардонад. Гӯиё аз вартаи марг ва даҳони қабр ба коми зиндагӣ меандозад.
Аммо ҳоло сухани мо дар бораи ин бемориву хидмати волои табибону саховати ҳукумат нест, балки дар боби ибрате, ки аз карантин омӯхтем, ҳарф заданием.
Чанде пеш, яниқтараш то моҳи марти соли 2020, ки Самарқанди мо аз ҳудудҳои бехатартарини сироятӣ ба ҳисоб мерафт, тӯю маъракаҳои дигар низ оҳиста-оҳиста ба тартиб медаромад. Аммо на ҳама ҳам ба гуфтаҳои раисони маҳаллаву идораҳои масъул гӯш меандохт. "Тавонгарон" розӣ буданд, ки чанд миллион сӯми ҷаримаро супорида, боз тӯйҳои дакаданг кунанд. Боз ба ҳафт маҳалла ош диҳанд. Ҳатто оши худоии марҳумонро бо ҳамҳамаю дабдабаи худнамоӣ гузаронанд. Ҳамин пандемия сабаб шуду мардум худро аз ҷамоанишиниву гурӯҳбозӣ дур андохт. Ҷанозаи марҳумон бо хешу ҳамсоягони наздиктарин дар як рӯзи муайян мегузаштагӣ шуд. Касе се рӯз таги дарвозаи мурдахона аз кору бор монда намешинад. Дилсӯзиву ҳамдардӣ ҳам ҳудуди худро дорад.
Боз оғӯшкашиву бӯсобӯсҳои бемаъниву бемавриди зану духтарон (ин дард барои мардҳо ҳам бегона нест!) тартиби худро соҳиб шуд. Агар дар таъзия шахси дилсӯзро кобед, аз бист-биступанҷ кас зиёд намешавад. Одатан дӯстони содиқ камшуморанд.
Ва маҳз ҳамин дӯстони ҳамдарду ҳақиқӣ арзандаи дастархони хурсандӣ мебошанд. Ҳамин дӯстони ғамшарик ҳақ доранд, ки шодишарик ҳам шаванд. Шояд ҳаминро ба эътибор гирифта, дар тӯйҳои имрӯзаи карантинӣ то сӣ нафар пешбинӣ шудааст.
Мақсади мо имрӯз ба қавле ҷонибдори ҳукумат шуда, раъйи халқро гардонидан нест, аммо он ҳама сӯмҳое, ки бо заҳмату меҳнати аладдавом ба даст меояд, беҳуда сарфу харҷ накунем.
Бигзор, пандемияи коронавирус бо карантинаш пайгум шавад, вале ибрати он дар ҷодаи тӯю маъракаороӣ боқӣ монад.
Шумо ба ин чӣ мегӯед, хонандаи азиз?
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.