Имрӯзҳо дар саросари мамлакатамон барои беҳбудии рӯзгори мардум, осоиштагии оилаҳо аз ҷониби Президент ва ҳукумати кишвар табаддулоти хайрандешӣ иҷро мегардад.
Эълони авфи умум, сари вақт аз маҳбас озод намудани гурӯҳи ҷинояткороне, ки ба ҷомеа зарари калон наовардаанд ва ғайра аз ҷумлаи онҳост.
Дар тадбире, ки дар идораи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия бо сарварии ҷонишини аввали сардори идора Ф.Аҳмедов гузашт, бо ҳукми суд даҳҳо нафар хатти озодӣ гирифтанд.
Вале, чанд нафари ҷинояткорони ба озодии шартӣ баромада, ки боз ба ҷиноятҳои гуногун даст заданд, ё худ аз беэҳтиётӣ ва фориғболӣ фоизи муайянро аз рӯйи меҳнаташон ба ҳисоб-сурати давлатӣ интиқол накардаанд, боз ба дасташон завлона зада, сӯйи маҳбас равона гардиданд.
Бигзор, мардуми мо ба роҳи рост равона шуда, барои осоиштагии кишвар саҳмгузор бошанд.
Б.ҚОДИРОВ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.