Иди Қурбон яке аз ду иди мусалмонон аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа таҷлил мешавад.
Иди Қурбонро ба сабаби ҳодисаи таърихии қурбонӣ шудани Исмоил дар он айём ва ба хотири қурбоние, ки ҳоҷиён ҳамасола дар он рӯз дар Мино ва мардуми мусалмони тавонгар дар манзилҳояшон анҷом медиҳанд, ба ин ном номидаанд. Иди Қурбон ба забони арабӣ иди Азҳо мебошад. Иди Қурбон маъмулан се рӯз – рӯзи даҳуми зулҳиҷҷа ва ду рӯзи пас аз он аст, ки ба онҳо айёми наҳр – забҳ ва қурбонӣ гӯянд, вале бар асоси таълимоти ислом дар бораи ҳаҷ, айёми иди Қурбон рӯзи пеш аз наҳр, ки рӯзи арафа аст ва рӯзи 13-уми он моҳро низ дар бар мегирад ва дар умум панҷ рӯзро ташкил медиҳад ва ба онҳо рӯзҳои иду арафа ва айёми ташриқ гуфта мешавад.
Маросими ҳаҷ ба рӯзҳои иди Қурбон рост меояд ва қимати таърихии иди Қурбон ба айёми зиндагонии Иброҳими паёмбар (а) ва фарзандаш Исмоил (ъ) рост меояд. Иди Қурбон, қурбонӣ дар он ва умуман маросими ҳаҷ аз ойинҳои ибодатие ҳастанд, ки барои уммати ислом аз хонадони Иброҳим (ъ) ба ёдгор мондаанд.
Яке аз санҷишҳои Худованд аз Иброҳим (ъ) забҳ ва қурбонӣ кардани фар-зан-даш Исмоил дар роҳи Худо буд. Иброҳим пайи ҳам се бор дар хоб дид, ки фар-занди худ Исмоилро забҳ мекунад. Ӯ яқин кард, ки Худованд ӯро ба забҳи фарзандаш амр кардааст ва моҷарои хобашро ба Исмоил дар миён гузошт. Ис-моил ба ӯ гуфт: «Эй падар, ба ҳарчи амр шудаӣ, анҷом бидеҳ, иншоаллоҳ маро аз собирон хоҳӣ ёфт!».
Иброҳим (ъ) дасти фарзандашро гирифт ва аз Макка ба сӯи забҳгоҳ дар сар-замини Мино ҳаракат кард. Дар роҳ вақте ба доманаи кӯҳи Сабир расиданд, Шайтон ба роҳзанӣ ва васвасаи Исмоил пардохт, то ӯро аз ин азимат бозгардонад. Иброҳим (ъ) вақте талошҳои Шайтонро дар бероҳа намудани фарзандаш дид, Ҳафт сангчаеро аз замин бардошт ва ба сӯи Шайтон партофт. Шайтон навмедона ба аҷиб баргашт.
Иброҳим (ъ) ва Исмоил вақте ба забҳгоҳ расиданд, Иброҳим (ъ) барои ризои Худо фарзандашро бо дастони худ ба замин ба рӯй хобонд ва ҳарду таслими амри Ҳақ гаштанд. Ва ҳамин, ки Иброҳим (ъ) корд бар гардани Исмоил ниҳод, аз осмон нидо расид, ки: «Эй Иброҳим, (аз забҳи Исмоил воист) ту хоби худро ба амал баровардӣ!» ва гӯсфандеро барои қурбонӣ ба ҷои Исмоил ба назди вай фиристод ва фармуд: «Мо некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. Ин набуд, магар озмоиши ошкоре … ва ёди ӯро барои ояндагон зинда доштем».
Мусалмонони ҳаҷгузор рӯзи иди Қурбон ба ёди ин рӯйдоди азими таърихӣ ва эҳёи хотираи хонадони Иброҳим (ъ) дар сарзамини Мино, ки забҳгоҳ дар он воқеъ шудааст, чорвоеро забҳ менамоянд ва гӯшти онро ба одамони камбағал ва камбизоат таҳсим мекунанд. Ба таври умум ҳар мусулмоне, ки имконияти молӣ дорад, дар ин рӯз дар хонааш ва аз ҷониби тамоми аҳли хонаводааш чорвое забҳ менамояд ва хотираи қурбонии Иброҳим (ъ) ва Исмоил (ъ)-ро дар худ зинда месозад.
Таҷлил ва шукӯҳи мардумии иди Қурбон дар миёни миллатҳои мусалмон, бахусус мардуми мусалмони кишварамон, аз он азамат ва ҷашнҳои идонае, ки дар иди Рамазон доир ва мушоҳида мегарданд, фарқе намекунад. Раҳмату баракоти илоҳӣ дар чеҳраи мусалмонон бештар эҳсос мешавад. Ҳар шодбош, ибораҳои табрикот, ҷашну хурсандие, ки дар иди Рамазон дар байни мар-дум маъмул буд, дар иди Қурбон низ ба ҷой оварда мешаванд, танҳо ин ки ба ҷои калима ва ибораи иди Рамазон вожаи иди Қурбонро мегузоранд.
Ҳоҷӣ Лутфулло ИБОДУЛЛОЕВ,
Саримом-хатиби масҷиди ҷомеъи Хоҷа Абдуи Берун
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.